ДАСТИ ЯТИМОНРО БИГИР...

  • Posted on: 5 June 2018
  • By: admin

Рисолати инсони хокӣ қабл аз ҳама некӣ кардан аст. Дар партави  ин вожа як қатор амалҳоеро чун хайру саховат, садақот, ёрӣ додан бар афтодагон  метавон ном бурд,  ки дар маҷмӯъ метавонанд инсонро дар ҷомеа соҳиби обрӯву иззат созанд. Аз ҷониби дигар  дар зиндагии  инсон ин рисолат дар мадди аввал меистад. Ҳамчуноне ки дар   ояи каримаи 70 аз сураи “Исро” мебинем,  дар назди Парвардигор ҳар як нафар қатъи назар аз миллату дину мазҳабаш  азизу мукаррам аст ва ӯ ҳаққи зиндагонии осоиштаро  дорад .

Зиндагӣ бо амри Худованд ба одамон рӯзгори гуногунро ато мекунад ва он ҳаргиз ба ҳамдигар монанд нест. Инсонҳо зиндагии мухталифро аз сар мегузаронанд ва зиндгии онҳо гуногун  ҷараён мегирад. Аз ҷумла,  яке танаш сиҳату яке бемор, яке дорову яке  нодор, яке тамоми сарватҳо ба ӯ муҳайё асту яке  чашмаш  ба даре  зор. 

Аз ин рӯ, ислом ёдрас мекунад,ки инсон набояд аз муҳити атроф бехабар бошад. Хар як нафар бояд ба ҳаёти атрофиёнаш ба назари ибрат нигарад  ва дар хаёт хайрхох бошад. Ба қавли устод Рӯдакӣ :                                                  

                                 Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ ,

                                 Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ

                                 Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

                                 Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Парвардигори олам инсонро офарид ва барои ислоҳи ҳаёти вай ибодатро бар дӯши ӯ вогузор намуд, дар ҳар ибодат манфаати ҷомеаро дар мадди аввал гузошт, хусусан ибодатҳои молӣ, монанди ҳар сол додани закоти мол ва дар мохи шарифи Рамазон, адо намудани садақаи фитр ин як мизони адолат байни инсонҳо мебошад.
         Имрӯз мо шукр мекунем , ки дар Тоҷикистон барои зиндагонии осоишта тамоми шароит муҳайё,  рӯзгори  мардум рӯз то рӯз  обод мешавад, дар моҳи Шарифи Рамазон  мардум аз  ахволи   якдигар  бохабар мешаванд.  Аҳли хайр  ба атрофиёни худ,  ба ятимону камбизоатон ва  оилаҳои  эҳтиёҷманд  закот ва садақоти худро бе восита ба дасти худ мерасонанд, ки ин амали хайр мувофиқи аҳкоми шариат ва фатовои мазҳаби Имоми Аьзам мебошад.
        Дар ин айёми муборак масьулияти  ходимони дин зиёд аст, ҳар як ходими дин бояд худаш дар корҳои хайру савоб  намунаи ибрат бошад, ба мардум фаҳмонад, ки бо дасти худ ба оилаҳои  эҳтиёҷманд,  ятимону камбизоатон расонидани садақаву  хайру эҳсон аз беҳтарин  амалҳои  солеҳ  ҳисоб мешавад. Махсусан, дасти ятимеро гирифтан, сари ӯро сила кардан дар ин моҳ беҳтарин амал аст:
 

Фармони ислом омада, дасти ятимонро бигир,

Ҳам аҷри инъом омада, дасти ятимонро бигир.

Дорӣ агар раҳме ба дил бар ҳоли зори он ятим,

Икром бар ту омада, дасти ятимонро бигир.

Ҳукми пулу моли ятим бошад ҳаром бар дигарон,

Он баҳри итъом омада, дасти ятимонро бигир.

Ранҷи ятимонро диҳӣ, бошад сифоти бадтарин,

Он рамзи дашном омада, дасти ятимонро бигир.

Дасти ятимонро бигир мӯҷиби ҷаннат мешавад,

Бар мо зи пайғом омада, дасти ятимонро бигир.

Гар кори хайре мекунӣ, баҳри Худо бошад Ҳусайн,

Мақбули Раҳмон омада, дасти ятимонро бигир.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода