ОДАМӢ АНДАР ҶАҲОНИ ХАЙРУ ШАР

  • Posted on: 5 June 2018
  • By: admin

Одамӣ андар ҷаҳони хайру шар,

Кам шиносад нафъи худро аз зарар.

Тоҷикон аз қадимтарин мардумони соҳибдавлату соҳибтамаддуни ҷаҳон буда, ба зумраи халқҳoе дохиланд, ки нахустин давлатҳои мутамаддинро ба миён овардаанд. Мутаассифона, борҳо бо таъсири душманони дохилию берунӣ давлатҳои тоҷикон аз байн рафтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолияти комили сиёсиро ба даст овард, ки дар ин замина ҷиҳати пешрафти давлат ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ташкил карда шуданд. Яке аз он ташкилотҳо Ҳизби наҳзати илосмии Тоҷикистон буд.

Баъди гузашти чандин сол ва рушди ҳамаҷонибаи бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ парда аз рӯи фаъолиятҳои разилонаи ин ҳизб бардошта шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки он на ҳизби динӣ, балки яке аз ҳибҳои ихтилофангез дар ҷомеа мебошад, ки соли 2015 аз тарафи Суди Олӣ ҳамчун  ташкилоти экстремистию террористӣ эълон шуда, фаъолияташ мамнуъ гардид.

Баъди оне ки ҳизб мақоми расмиашро аз даст дод,  мубаллиғони он бо роҳҳои гуногун аз паи ноормкунии Тоҷикистон шуданд, ки хушбахтона ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд. Зеро имрӯз аллакай мардуми тоҷик хело хуб дарк карданд, ки дӯст кисту душман кӣ.

Агарчанде аз баста шудани фаъолияти ин ҳизб се сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз ҳам баъзан ба назар мерасад, ки пайравонашон аз хориҷ бо кумаки хоҷагони хориҷии худ ҳар гуна туҳматҳо нисбати Ҳукумати кишвар мезананд. Ин амали онҳо халқи тоҷикро чандин баробар масъулиятшинос мекунад, ки бояд ин ҳама пешрафти ҷомеа ва сулҳу суботи сартосариро қадршиносӣ кард ва фиреби гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИТ нахӯрд.

Н.Акрамов,

устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон