ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ТАШАККУЛИ ВАҲДАТ ВА ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

  • Posted on: 6 June 2018
  • By: admin

Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини таҳкимбахши афкори тозаи давлатдории миллӣ мебошад ва замона тақозо дорад, ки ҷавонон бояд тафаккури ваҳдатзо дошта бошанд. Имрӯз ҷавонони мо дар қиёс ба ҷавонони як даҳсолаи пеш тафовути зиёд доранд. Ҷавонони имрӯза эҳсоси тааллуқ ва ҳувияти миллии хубе доранд. Бешак, ин эҳсос дар вуҷуди ҷавонони кишвари мо аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Бинобар ин, масъалаи худшиносӣ ҳеҷ гоҳ аз шинохти таъриху тамаддун, шароити имрӯзаи Тоҷикистон ва минтақа ҷудо набуд ва нахоҳад монд. Яъне, ҷавони боҳувият ва худшиноси тоҷик бояд, ки бо дониши зарурӣ, донише, ки шоистаи ҷавони қарни XXI аст, мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз бошад. Дар ин сурат, ин ҳувият манфиатҳои  шахсӣ, иҷтимоӣ ва миллии ҷавононро бедор хоҳад кард.
Пӯшида нест, ки давлати  миллӣ аз  забон, тамаддун, таърих  маншаъ  мегирад. Аз ин бармеояд, ки  давлат бо  такя  ба  унсурҳои  миллӣ  тадриҷан  ташаккул  меёбад, шакл  мегирад ва  рушд  мекунад. Давлати  миллӣ  маҷмӯи  унсурҳои  ба  як  миллати  хос мансуббударо  таҷассум  мекунад ва он  муваззаф  аст  забон, тамаддун, дину  оин, анъана ва  дар маҷмӯъ  фарҳанги миллиро  ташаккул диҳад. Чун ваҳдати миллӣ ҳамаи ин омилҳои ваҳдатсозро ҷамъбаст менамояд, месазад, ки онро чун омили муҳимтарини таҳкимбахши давлатдории нави миллӣ шиносем, ба он эҳтиром гузорем, онро густариш диҳем ва дар зиндагонии ҳаррӯза маҳаки аслии фаъолият қарор диҳем. Чаро ки ваҳдати миллӣ  як самти муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ташкил медиҳад ва саҳми он барои таҳкими рукнҳои давлати миллӣ муассир аст. 
Дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ омили асосии таҳкимбахши давлати  миллӣ маънидод мегарданд ва дар ин самт идеологияи давлати навини мо, ки  барқарории  сулҳ ва таҳкими ваҳдати  миллиро ҳадаф қарор додааст, кори зиёдеро дар амал татбиқ кард. Ба шарофати он тамоми мадраку афкори давлатдории миллӣ  атрофи ҳамин  ғояи  сиёсӣ  мечархад. 
Аз ҷониби  дигар, пешниҳодҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  аз  минбарҳои баланди СММ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намудани онҳо худ гувоҳи онанд, ки идеологияи навини давлатдории тоҷикон ҷанбаи миллӣ  дошта,  на танҳо мафкура ва афкори миллати тоҷик, балки маҷмӯи бузурги ҷаҳонбинии халқҳои ҷаҳонро дар худ таҷассум мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки идеологияи давлати нави миллии мо барои на танҳо мо, балки баҳри башарият фикри нав, андешаи нав, ҷаҳонбинии нав ва сиёсати навро ҳадафи аслӣ  қарор додааст ва ин омилҳо барои рушди афкори башар ба таври ҷовидонӣ хизмат менамоянд. 
Бо фарорасии фазои мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки имрӯз ба шарофати Пешвои муаззами миллат насиби мо гардидааст, вазифаҳои мо – ватандорон, боз ҳам афзун гардид. Тоҷикистон, ки имрӯз ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих гузарад. Инкишофи замони ҳозира ба кашфи техникаи нав, ихтироот, заҳмату талош, робита бо давлатҳои пешрафтаи дунё ниёз дорад.
Тоҷикистонро ҷомеаи  ҷаҳонӣ  чун кишвари озод эътироф  кардааст, мо – шаҳрвандони он бояд мисли шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигузорем.
Ш.КОТИБОВА, 
номзади илмҳои педагогӣ