ТАҲДИДРО БИШНОСЕМ...

  • Posted on: 18 June 2018
  • By: admin

Дар мулоқоти рӯзи 12-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муҳокимаву таҳлили ҳамаҷонибаи бахшҳои мухталифи ҳаёти мардум инчунин ба масъалаи вазъи кунунии ҷаҳони муосир. таҳдидҳои зуҳуроти даҳшатафкани ифротгароиву терроризм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Воқеан, терроризму экстремизм аз бузургтарин хатарҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳоло барои аҳли башар ба хатари рақами як мубаддал гардидаанд. Гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади даст ёфтан ба ҳадафҳои муғризонаи худ аз ҳамаи роҳҳои мавҷуда кор мегиранд. Ҳарчанд зуҳуроти терроризму экстремизм дар дарозои таърих ҳамеша мавҷуд будаву инсоният аз оқибатҳои бади он огоҳ, аммо дар чанд соли охир ифротгароиву терроризм бо намудҳои наве зуҳур карда, мушкилоти сайёраро дар самти мубориза бо он беш аз пеш мушкилтар мегардонад. Дар асл ҳеҷ як давлатеро наметавон пайдо намуд, ки ин зуҳуротро маҳкум накунад ва ё бо ҳар роҳ бар муқобили он мубориза набарад. Аммо коршиносон бар он боваранд, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди қудратҳо ва дар маҷмӯъ кишварҳои олам терроризму ифротгароӣ ҳамоно чун доғи сиёҳе дар пешонии асри 21 боқист.

Тибқи таҳқиқоти коршиносон агар дар гузашта унсурҳое ба мисли қабилагароӣ, таассуби нажодӣ ва амсоли он боиси анҷом ёфтани чунин зуҳурот мегашт, дар чанд даҳсолаи ахир ин раванд то андозае хусусияти динӣ касб намуда истодааст. Гурӯҳҳои тундгаро бо истифода аз дин, махсусан дини мубини ислом, ки таълимоташ аслан чунин кирдорро маҳкум намудаву бар муқобили ҳама гуна зулму истибдод аст, таблиғоти густардаи худро ба роҳ монда, дар ниқоби дин ғояҳо ва ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи худро пиёда месозанд.

Ҳоло дунё хатари бузурги терроризму ифротгароиро ба хубӣ дарк ва эътироф намудаву тадбирҳои шадиди амниятиро дар ин самт ба роҳ мондааст. Аммо чунончи таҷриба собит месозад, танҳо бо роҳи низомиву ба истилоҳ “силоҳ” наметавон дар мубориза бо ин зуҳурот муваффақ гашт.  Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар ин бора зикр намуданд: “Таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард”.
Дарвоқеъ, ҳузури чандинсолаи неруҳои низомии НАТО ва Амрико дар Афғонистон, нишон дод, ки ҳоло таваҷҷуҳ бояд ҳарчи бештар ба масоили идеологӣ равона карда шавад. Бо назардошти нуктаҳои мазкур метавон ба хулоса расид, ки терроризму даҳшатафканиро бояд ҳамаи кишварҳои сайёра ҳамчун бӯҳрони идеологии ҷаҳонӣ шиносанд ва тадбирҳои заруриро дар самти мубориза бо он ба роҳ монанд.

Муҳиддин Алиев,

мутахассиси пешбари Кумита