БУБИН, КИ АЗ КӢ БУРИДИВУ БО КӢ ПАЙВАСТӢ...

  • Posted on: 19 June 2018
  • By: admin

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт, ки ҳатто он нақшаҳои ниҳонии худро ба аъзоён ва пайравони худ ошкор намекард. Аз ин рафтори онҳо маълум мешавад, ки онҳо дар ҳеҷ давру замон мустақил набуда, балки муттаҳами кишварҳои ба ном дӯст буданд, чуноне ки имрӯз ҳам дар хориҷ аз кишвар бозичаи дасти ҳамон кишварҳо шуда, кӯрнамакона  аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  санги маломат ба миллат ва Ватани худ мепартоянд. Бузурге фармуда.                                     

Ба қавли душмане паймони дӯст бишкастӣ.

Бубин, ки  аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ.

 Онҳо гурӯҳ ва нафароне ҳастанд ки бо вуҷуди ҳамин қадар хиёнатҳое, ки карданд, боз ҳам Пешвои миллат бо онҳо созиш намуданд, бо онҳо аҳду паймони сулҳ бастанд, вале онҳо ба хотири ваъдаҳои дурӯғини хоҷагони худ ин аҳду паймонро шикастанд ва аз дӯсте, ки онҳоро бахшида буд, мансаб дода буд, расман шинохта эътироф карда буд ва имкониятҳои васеъ дода буд, буриданд ва ба душманони ин миллат ва ин давлат пайвастанд, чунки онҳо ба ихтиёри худ нестанд, балки бозичаи дасти душманон ва бадхоҳони ин миллат ва ин давлат ҳастанд ва намехоҳанд, ки ин миллат ва ин давлат рушд кунад ва тинҷу ором бошад.

Қиёмиддин Шаропов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Эшони Алломаи шаҳри Турсунзода