Мақолаҳо

“ФАРИШТАҲО”-И ТОҶИККУШ

  • Posted on: 12 December 2017
  • By: admin

Магар фариштаҳо дигар коре надоранд, ки ба фармони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гӯш мекунанд ва гӯё тирҳои хатопартофтаи тарафдорони ӯро ба ҳадаф мерасонанд? Бале, он “фариштаҳо”-и тоҷиккуш маҳсули хаёл ва андешаҳои ботили Нурӣ буд, ки нияти нопоки онро ифода мекард. Ин ҳамоқат  ва хандаовар аст ва бубинед, ки замоне гурӯҳи мардум фирефтаи ин ҳарфҳо гардиданд ва кишвар ба доми бало гирифтор шуд.

Заволи “Хилофати исломӣ” ва паёмадҳои он

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Дар натиҷаи қатлу куштори ин террористони исломбехабари салафии зархарид аз моҳи марти 2011 то ба имрӯз зиёда аз 350 ҳазор нафар аҳолии осоиштаи  Сурия  ба қатл расида, зиёда аз  4 миллиони он тарки ватан намуданд. Дар асоси наворҳои ба дастомада ҷангҷӯёни «Давлати исломӣ» 5000 нафарро сар буридаанд. Ҳазорҳо биноҳои маишию маданӣ, осорҳои таърихӣ, масҷидҳо хароб гаштаанд.

ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ДИНИ ХУНРЕЗӢ НЕСТ!

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Имрӯз ки дар атрофу акнофи олам,бахусус дар давлатҳои мусулмоннишин таркиш ва ҳодисаҳои нангини ҳалокатбор пайи ҳам рух медиҳад оё тибқи соҳиби шариат, баҳодиҳандаи уммат Ҳазрати Муҳаммад (с) инсони беҳтарин ё мусулмони воқеӣ гуфта мешавад??? Ҳаргиз не, зеро ин тоифа бадтарини халқи Худо ҳастанд.

Мақсади нопоки ин гурӯҳи ба ном исломӣ бадном кардани дини мубини ислом аст, ғарази инҳо сиёҳ кардани чеҳраи нуронии оини поки муҳаммадӣ аст.

ИҶЛОСИЯИ XVI - САРОҒОЗИ ТАЪРИХИ НАВИН ВА ПОЯИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

  • Posted on: 23 November 2017
  • By: admin

Ӯ ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб медонист, ки дар он рӯзгори фоҷиабору вазнин чи масъулиятеро ба зима гирифтааст.                            

Як анҷуман орост, дами теғи бало баст,

Бархост хирад, пеши раҳи макру риё баст.

Марде, ки назаркарда буду ёри  Худо буд,

Дасту даҳани марг ба як амри Худо баст.

ПАРЧАМРО ГИРОМИЮ БЕГАЗАНД НИГОҲ ДОРЕМ!

  • Posted on: 23 November 2017
  • By: admin

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, барои таҳкими шохаҳои ҳокимият ва фаъол гардидани муқаддасоти миллӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар иҷлосия дар баробари Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ барои қабули Парчами давлатӣ санадҳои дахлдор қабул карда шуданд. Парчам чун муқаддасоти миллӣ аз нав эҳё шуд.

МО БО ПРЕЗИДЕНТИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ!

  • Posted on: 22 November 2017
  • By: admin

Мисраъҳои шеърии шоир ва муфассири машҳур Ҳусайн Воизи Кошифиро мисол меорам, ки бояд сармашқи кору фаъолияти ҳар як қишри ҷомеа, махсусан ходимони дин бошад:

Пайваста ду гӯш сӯи шаҳ бояд  дошт,

Фармони варо чашмбараҳ бояд дошт.

Аз некӯӣ забон равон бояд кард,

В-аз бад дилу дидаро нигаҳ бояд дошт.

ДАСТУРИ СЕРСОҲАИ КОРУ АМАЛ

  • Posted on: 22 November 2017
  • By: admin

Сарвари давлат дуруст қайд намуданд, ки ҳатто дар рӯзҳои баргузории иҷлосия «баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд. Андешаву мафкураи халқ амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони бетаҷрибаву гирифтори эҳсосот бо дастури хоҷагони дохиливу хориҷии хеш ба майдонҳо баромада, вазъиятро боз ҳам мураккаб месохтанд».

Страницы