Танзим

НИГАРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ РИОЯ НАГАРДИДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН АЗ ҶОНИБИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

Дар ҷараёни баргузории маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳо ба масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Хатлон: 80 ҳолати қонуншиканӣ дар се моҳ

Гурӯҳи кории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ бо кормандони соҳа ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритӯс, Панҷ ва Қубодиёни вилояти Хатлон сафар намуд.

БА ҚОНУН ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА ШУД

Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 30 тағйирот ворид намуданд.

ИҚДОМИ НЕКИ НАВРӮЗӢ: БАРГУЗОРИИ ТӮЙИ ДАСТАҶАМЪОНА АЗ ҶОНИБИ КУМИТА

Дар партави ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар ташкилоту идораҳо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни аҷдодии Наврӯзи оламафрӯз тӯйи хонадоршавии ду ҷуфти ҷавон ва хатнасури беш аз 30 тифл аз оилаҳои ниёзмандро баргузор намуд.

Исрофкорӣ барои «ризо»-и Худо?

        Дар илми забоншиносӣ харољоти аз меъёр зиёдро бо истилоҳи “исроф” ном мебаранд, ки шариати ислом онро ҳаром медонад. Дар ин асос, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ чунин амалро ќатъиян манъ менамояд.

Страницы