Ҷомеа

ЗӮРОВАРӢ АЛАЙҲИ ФАРЗАНД ЯК ШАКЛИ ТАРБИЯ?

  • Posted on: 6 April 2018
  • By: admin

Муҳимтарин вазифаи волидон таълим ва тарбияи фарзандон аст. Ба ҷиҳати назофату покӣ, иффат ва истиқомати ҷомеа, нақши модар дар боби тарбияи фарзандон ва ба воя расонидани насли неруманду солим муассир ва салоҳу истиқомати ҷомеа ва саодати афрод ба он вобаста мебошад, ки гувоҳи нақши меҳварӣ доштани мавқеи зан дар маркази доираи иҷтимоъ аст. Аз сӯи дигар, тарбияи дурусти фарзандон дар ҳаёти минбаъдаи хонадон аҳамияти махсус дорад, ки бисёре аз изтироботи фикрӣ, парешонии аҳли хонадон ба иллати хуб ба роҳ намондани тарбияи онон мебошад. Ҳамчунин фарзандон бар падару модар ҳуқуқ доранд.

ҒАЙБАТ ВА БАДГУМОНӢ – АМАЛИ ҒАЙРИИНСОНӢ

  • Posted on: 3 April 2018
  • By: admin

Дини мубини ислом динест, ки тамоми робитаҳои иҷтимоии инсонҳоро мадди назар дошта, барои ҳар кадоми онҳо меъёрҳо ва дастурамалҳои муфиде дорад. Аз ҷумла, масъалаи эҳтироми обрӯ ва шахсияти инсон аз масъалаҳоест, ки дар дини ислом аҳамияти бисёр калон дорад. Эҳтироми обрӯву шахсияти инсон аз воҷибот ба ҳисоб рафта, беэҳтиромӣ нисбат ба он, аз гуноҳони кабира маҳсуб мегардад.

ОҒОЗИ БОТАНТАНАИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»

  • Posted on: 29 March 2018
  • By: admin

Шакке нест, ки пешвоёнро дар ҷаҳон бо ташаббусҳои фарогир ва нақшгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мешиносанд. Дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.

ШУКРИ ОСОИШИ НАВРӮЗӢ

  • Posted on: 23 March 2018
  • By: admin

Мувофиқи ривоятҳои таъ­рихӣ дар замони ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ин идро мардум ҷашн мегириф­танд. Бобои Имоми Аъзам Зуто писарашон Собитро дар иди Наврӯз ба назди ҳазрати Алӣ бурда, аз эшон дуо талабидаанд. Мегӯянд, ки бо баракати дуои ҳазрати Алӣ писари Собит - Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ ба мартабаи муҷтаҳидӣ расидаанд

МАҚОЛАИ “АЛ-АҲРОМ” - МУАРРИФИИ ВОҚЕИИ ХАТАРИ ҲНИТ

  • Posted on: 22 March 2018
  • By: admin

Ба фаъолияти ҳизби мамнӯи ҲНИТ рӯ овардани рӯзномаи давлатии Миср боз исботгари он аст, ки онҳо низ аз хатароти террористони наҳзатӣ эмин будан мехоҳанд. Ҷумҳурии Миср чанд сол пеш бо хавфу хатари «Ихвон-ул-муслимин» дучор омада буд. Ин ташкилоти террористӣ низ нақшаи тағйир додани сохти ҳозираи давлатдории Мисрро дошт.

ҲУМОЮН БОД, ПАЙКИ ХУҶАСТАИ НАВРӮЗ!

  • Posted on: 13 March 2018
  • By: admin

Наврӯз аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, барои мардуми сарзамини мо ҷашни басо азизу мукаррам аст. Зеро, вай рамзи оғози нек, айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи дубораи табиат ва фарорасии мавсими кишту кор аст. Омад-омади Наврӯз ташвишу тараддуди деҳқону мардуми наҷиби кишвари моро дучанд мегардонад.

ҶОЙГОҲИ ЗАН - МОДАР ДАР ҶОМЕА АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

  • Posted on: 5 March 2018
  • By: admin

Дар олам дини дигареро ба ҷуз дини мубини ислом ёфтан муҳол аст, ки ба масъалаи ҳуқуқи зан дар хонавода ва ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқӣ ва имконоти баробарии ӯ бо мардон дар зиндагии иҷтимоӣ меъёрҳои хеле инсонпарварона ва айни замон мушаххас дошта бошад.

Страницы