Андеша

ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ ИМОНИИ МОСТ!

  • Posted on: 1 March 2018
  • By: admin

Ватандӯстиро аз Пайғамбари Худо (с) бояд омӯхт, вақте ки фармон шуд, то Пайғамбари Худо (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунанд, он Ҳазрат (с) барои тарк кардани ватанаш (Макка) ашк мерехтанд ва қадамҳои худро оҳиста-оҳиста ба сӯи Мадина мегузоштанд, то ин ки ба Ҷуҳфа  (мавзеъе миёни Макка ва Мадина) расиданд, чашмони муборакашон пур аз об шуд ва ин ҷумларо аз меҳри ватанаш ба забон овард: «Эй ватани ман, ба зудӣ ба сӯи ту бармегардам».

“ҲОЛО ФАРҚ НАДОРАД БЕН ЛОДАН, МУЛЛО УМАР, БАҒДОДӢ Ё КАБИРӢ ГӮЕМ”

  • Posted on: 27 February 2018
  • By: admin

Дар мамлакатҳои дунё барои ин хел ҷиноятҳои бемислу монанд ягон гурӯҳи террористиро намебахшанд. Масалан, дар Аврупо ҳаштод сол шуда бошад ҳам, то имрӯз ҷиноятҳои миллатгароии фашизми гитлериро набахшидаанд ва намебахшанд. Аммо бузургии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири наҷоти миллат аз маҳвшавӣ, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистони барои ҳамаамон азиз наҳзатиҳои ҷинояткорро ба авфи умум дохил карданд.

ҚИССАИ ХИЁНАТКОРИҲОИ ҲНИТ НОТАМОМ БОҚӢ МЕМОНАД

  • Posted on: 22 February 2018
  • By: admin

Аз миёни чанд нафаре, ки номашон дар поёни он матн чун муассисони «анҷуман» зикр шудааст, мехоҳем дар бораи шахсияти Сайидюнуси Истаравшанӣ каме равшанӣ андозем. Ин шахс, ки солҳои зиёд аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша фаъол асту пайваста таблиғи ақидаҳои мазҳаби ташайуъро дар миёни мардум, алалхусус мардуми мусалмони  Тоҷикистон пиёда кардан мехоҳад, чӣ гуна ба ин кор, «яъне таъсиси давлати нави демукросӣ ва дунявӣ» ризоят дода бошад. Охир аз назари худи ӯ давлатҳои демукросӣ «зидди арзишҳои динӣ» фаъолият мекунанд-ку.

КАСЕ КИН ДОРАД, ДИН НАДОРАД!

  • Posted on: 20 February 2018
  • By: admin

“Касе кин дорад, дин надорад”. Ин гуфтаи Пайғамбар(с) барои ҳамаи аҳли имон мизонест, ки бо он худро баркашем. Кина ва адоват сифатест, ки дар дили муъмину мусулмон набояд ҷой дошта бошад.

“АНҶУМАНИ ДУШМАНОНИ ТОҶИК”

  • Posted on: 13 February 2018
  • By: admin

Бубинед онҳое, ки чанд сол пеш дар бораи “давлати исломӣ” ҷар меандохтанд, имрӯз забони худро дигар карданд ва мардумро бо  найранги иблисона мехоҳанд боз фирефта созанд. Онҳо мисли дурӯяҳо  бо тарзи дигар сухан мегуянд ва “ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ (мардумсолорӣ) дар ҷомеа ва ҳифзи чеҳраи дунявият дар сохтори сиёсии Тоҷикистон”-ро ҳадафҳои созмони худ эълон менамоянд.

СУБЪЕКТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Сарфи назар аз қонуниятҳои раванди воқеоти ҷамъиятӣ, ки ногузир будани онҳо барои рушду такомули муносиботи ҷамъиятӣ таъкид карда мешаванд, таҷрибаи таърихӣ баёнгари он аст, ки субъектҳои сиёсӣ дар шаклгирӣ ва натиҷаи амали  сиёсӣ нақши фавқулода муҳимро мебозанд. Ба назар чунин мерасад, ки омӯзиши субъекти сиёсӣ, ба тарзи "абадӣ ва беохир наздикшавии тафаккур ба ҳадафи таҳқиқро" тақозо мекунад.

МӮСОЗОДА ДАР МАВРИДИ ПЕШНИҲОДИ МИРЗОЗОДА: “БА ҲАЁТ БО ДИДИ НАВ НАЗАР КУНЕМ”

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Азизулло Мирзозода, муовини  раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон дар мавриди масъалаи мазкур ибрози назар намуд, ки дар пайи он дар сомонаи “Озодӣ” матлабе бо номи “Кумак ба мактаб... ба ҷои худоӣ” нашр шуд ва дар атрофи ин матлаб андешаҳои гуногун баён гардид

Страницы