Хабар

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КУМИТА

  • Posted on: 15 November 2018
  • By: admin

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

“СПУТНИК”: “ХАТО КАРДЕМ, ИСЛОҲАШ КАРДЕМ, РАДДИЯРО НАШР НАМЕКУНЕМ”

  • Posted on: 14 November 2018
  • By: admin

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасӣ ба моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ба унвонии расонаи хабарии “Спутник” дар робита ба матлаби “Кумитаи дин аз ҳодисаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд тавзеҳот дод” вокуниш ирсол намуд. Аммо бо гузашти қариб як рӯз аз ин расона посух расид, ки “хатогии худро фаҳмидем ва матнро ислоҳ кардем, аммо раддияи шуморо нашр намекунем”. Аз ин хотир, Кумита тасмим гирифт, ки раддияи мазкурро дар зер интишор намояд:

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

  • Posted on: 5 November 2018
  • By: admin

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳайати кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

БАРАКАТИ ТАНЗИМ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

  • Posted on: 1 November 2018
  • By: admin

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин, дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону барҷомондагон равона шудааст. 

ОҒОЗИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОИР БА ФАРҲАНГИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

  • Posted on: 24 October 2018
  • By: admin

Имрӯз, 24-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ зери унвони “Фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа” ба кори худ оғоз намуд.

ОЗМУНИ ИШҒОЛИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР КУМИТА

  • Posted on: 24 October 2018
  • By: admin

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи таъминоти ҳуқуқи ва кадрҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21-рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

ОБРАЩЕНИЕ Комитета развития собраний исмаилитской имамской общины жителям Горно-Бадахшанской автономной области

  • Posted on: 23 October 2018
  • By: admin

Также, каждый дорожащий честью исмаилит в своей созидательной деятельности должен всегда помнить наставления Шаха Карима аль-Хусайни Ага-Хана IV. В частности, историческое наставление Его Величества для своих мюридов (последователей духовного лидера) о том, что «там, где вы живёте, должны строго соблюдать и поддерживать законы и порядки», должно быть помещено в разум, сердце и повседневные поступки каждого сына духовного лица.    

Страницы