Хабар

ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ БАЛАНД БОШАД, ОИЛА УСТУВОР МЕГАРДАД

Дар рафти интихоби ҳамсар бояд баробар бо ҷанбаҳои ахлоқии ҳамсари оянда ба солимӣ ва сифатҳои ирсии ӯ аҳамият дод. Дар аксари ҳолатҳо мардум аз никоҳи хешутаборӣ меҳру оқибати бештар умедвор мешаванд, вале дар натиҷаи ба дунё омадани фарзандони носолим оилаи ҷавон ба мушкилиҳо, руҳафтодагиҳо, дилсардиҳо аз зиндагӣ гирифтор шуда ва ниҳоят моҷароҳои миёни ду хонавода ба миён меоянд. Дар ҳолатҳои дигар зану шавҳари ҷавон ба хотири канда нагардидани риштаи хешутаборӣ бо тақдир «созиш» мекунанд ва дар натиҷаи ин «созиш» пайи ҳам ду-се нафар фарзандони носолими дигар ба дунё меоянд, ки нигоҳубини онҳо ин оилаҳоро ба қашшоқӣ кашида, назди давлат низ ҳалли масъалҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳои фарзандони маъюби онҳоро вогузор мекунад.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ТАРҒИБГАРИ СУБОТУ ОРОМӢ

          Мо ҳамеша аз  мулоқоту суханрониҳои Ҷаноби Олӣ бархӯрдор мегардем. Дар раванди дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳамеша онро эҳсос мекардем ва мекунем, ки мағз андар мағзи сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон  буду ҳаст. Ин нуктаро Пешвои миллат бори дигар дар Паёми навбатиашон исбот намуданд.  

ҚАТЪИ РАВОБИТИ “ГУРӮҲИ 24” БО “ҲНИТ” ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Бо мутолиаи хабари қатъи равобити гурӯҳи 24 бо ҲНИТ, ки дар сомонаи “Ахбор” ба нашр расид, маълум гардид, ки ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнуи «Гурӯҳи-24» бо нашри як баёния эълон кадааст, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳои сиёсиашро бо ташкилоти экстремистӣ-террористии «ҲНИТ» комилан қатъ мекунад.

САЙЁҲӢ - СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

Дарвоқеъ, чи хеле ки мебинем, Пешвои миллат нуктаҳои пурмазмунеро дар мавриди аҳамияти сайёҳӣ баён намудаанд. Аввалин нукта ин аст, ки ин амр боиси кам шудани сатҳи бекорӣ дар кишвар мешавад, ки натиҷатан сатҳи зиндагии мардумро баланд мебарад. Нуктаи баъдии хело муҳим - ин муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ аз тариқи инкишофи сайёҳӣ аст.

САЛАФИЯ ВА ИДЕОЛОГҲОИ ОНҲО

Чанд сол қабл пайравони Салафия, ки аз асли мазҳаб огоҳ набуда, ба гуфтаҳои пешвоёни худ кӯркӯрона тақлид мекарданд, дар масҷиду маҳфилҳо, худро аз ҷомеа ҷудо карда, ихтилоф эҷод намуданд ва ходимони дин ва китобҳои муътабари мазҳаби моро мавриди интиқод қарор дода, худро аз дигарон авлотар медонистанд. Аз ин рӯ ба ҳалномаи суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти равияи «Салафия» ва дар ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон гардид.

ИЗҲОРОТИ САРХАТИБОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Раванди рузгор ва табодули шабу рӯз ҳамарӯза мо мардуми саодатманди Тоҷикистонро бо ҳидоят ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад. Муттассифона, агар мо ба атроф, ба ташаккули воқеоту ҳаводиси ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушоҳада назар афканем, маълум мешавад, ки чӣ тавр ин ё он ҳодисаҳои нобаҳангоми ҷаҳон аз дасти як гурӯҳи ғаразнок ба вуҷуд омада, ба сари мардум мусибатҳои зиёд ба бор меорад.

КОРИ НЕК БЕ ПОДОШ НАМЕМОНАД

Пас, ин қадр азхудгузаштанҳо ва ғамхориҳои роҳбар набояд бе ҷавоби мусбат боқӣ бимонад. Моро зарур ва воҷиб аст, ки дар паҳлуи чунин мардони ҷасур бо дастгирӣ ва кумаки эшон китф ба китфи ҳамдигар монда, барои ободии давлату миллати хеш қадамҳои устувор бардорем ва барои зиндагии хубу осоиштаи фарзандон ва ояндагони худ саҳмгузор бошем ва ба ҳеҷ кас нагузорем, то бо ҳар баҳонае сафи моро рахна карда, дудилагӣ ва тухми нобовариро миёни мо кишт намояд

Страницы