Хабар

КОРИ НЕК БЕ ПОДОШ НАМЕМОНАД

  • Posted on: 23 January 2018
  • By: admin

Пас, ин қадр азхудгузаштанҳо ва ғамхориҳои роҳбар набояд бе ҷавоби мусбат боқӣ бимонад. Моро зарур ва воҷиб аст, ки дар паҳлуи чунин мардони ҷасур бо дастгирӣ ва кумаки эшон китф ба китфи ҳамдигар монда, барои ободии давлату миллати хеш қадамҳои устувор бардорем ва барои зиндагии хубу осоиштаи фарзандон ва ояндагони худ саҳмгузор бошем ва ба ҳеҷ кас нагузорем, то бо ҳар баҳонае сафи моро рахна карда, дудилагӣ ва тухми нобовариро миёни мо кишт намояд

ОМИЛҲОИ АСОСИИ УСТУВОРИИ ОИЛА

  • Posted on: 23 January 2018
  • By: admin

Агар дар оила арзишҳои иҷтимоӣ, яъне меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, муносибату муошират бо кӯдакону калонсолон ҷой дошта, падару модар  вазифаҳои худ, яъне тарбияи фарзанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои оилавиро риоя кунанд,  имконият пайдо мекунанд, ки дар ҷомеа мавқеи худро пайдо ва устувории оиларо таъмин намоянд. Зан дар тарбияи фарзанд нақши муҳимро бозида, пеш аз оиладоршавӣ дар хонаи падару модари худ барои модар шудан тайёр шуда, аз мактаби бузурги падару модари худ бисёр чизро омӯхта, онро дар хонаи шавҳар дар амалия татбиқ менамояд.

УЗВИ СОБИҚИ ГУРӮҲИ 24: “БО ХУД ТИФОҚ НЕСТЕД. БОЗ ДАЪВОИ ҲУКУМАТ МЕКУНЕД?”

  • Posted on: 22 January 2018
  • By: admin

Ба Гурӯҳи 24 муроҷиат карда пурсиданиам, ки дар ин муддат шумо чиро иваз кардед? Ба кадом натиҷаи сиёсӣ ноил гардидед? Шумо ки байни худ ҳамагӣ 10-12 нафар муттаҳид нестеду тифоқ шуда наметавонед, магар тақрибан 9 миллион ҳамватанро саришта карда метавонед, модоме ки аз уҳдаи як гурӯҳаки майда намебароед?

ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ ДАР МАВЗЕИ “ЛУЧОБ”

  • Posted on: 20 January 2018
  • By: admin

Бо мақсади мусоидат дар самти ободу хуррамгардонии пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе имрӯз бо ҷалби кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва ходимони дини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавзеи қабристони “Лучоб”-и пойтахт маъракаи шанбегӣ баргузор гардид.

САРФАКОРИИ ОБ – АМАЛИ ИНСОНИВУ ИСЛОМӢ

  • Posted on: 19 January 2018
  • By: admin

   Зарур аст, ки насли ояндаро барои сарфаҷӯӣ намудан дар истифодаи об ва исроф накардани он таълим диҳем. Ончуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон гуфтанд: «Кишвари мо солҳои зиёд дар самти ҳалли яке аз масъалаҳои глобали, яъне об ба сифати ташаббускор ва пешсафу фаъол дар ҷаҳон шинохта шудааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем,ки моҳият ва аҳамияти ин иқдомро ҳамаҷониба тарғиб намоем»

ОРОМИВУ АМНИЯТ ВА СУБОТИ МИЛЛӢ МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

  • Posted on: 18 January 2018
  • By: admin

Санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ироа карданд. Албатта, аз паём то паём вазъи некӯаҳволии мардуми кишварамон беҳтар гашта истодааст ва шукронаи онро мекунем, ки дар фазои кишвар сулҳу оромӣ ва якдилӣ ҳукмфармо аст.

РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ- ИҚДОМИ НЕКБИНОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

  • Posted on: 18 January 2018
  • By: admin

Иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ хеле ба маврид буда, дар ин самт бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пояҳои бунёдии ин соҳаи барои кишвар муҳим гузошта шудаанд. Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ишора намуданд: «Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд»

Страницы