ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ИЗҲОРОТ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванд Мирзоев Абдуқаҳҳор Гурезович дар ягон масҷиди ҷомеъ ё панҷвақтаи кишвар ба сифати имомхатиб ё имом фаъолият намекунад.
Тибқи иттилои бадастомада, рӯзи 17 октябр номбурда дар деҳаи Турдибобои шаҳри Ҳисор намози ҷанозаро имоматӣ кардааст. Дар ҳоле ки тибқи қарори Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳиятро имоми масҷиди панҷвақтаи деҳа дорад. Имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи мазкур Аминов Неъматулло мебошад.
Эҳтимолияти паст задани шаъну шарафи соҳибони майит аз сӯйи Мирзоев Абдуқаҳҳор аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷида мешавад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top