ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ВОХӮРӢ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 19 -уми октябри соли равон дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии устодону донишҷӯён бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар самти татбиқи “Стратегия муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2021, №187) баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур судяи Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон Ғуломзода Сафарбек, прокурори Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Эраҷ, судяҳои Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Мирзозода Ғиёсиддин Низом, Иброҳимзода Гулчина, намояндаи Маркази тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбаков Саид Аҳтам, намояндаи Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну мавросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷилахонзода Раҷабалӣ ва мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқ Акбарова Зулхумор Мухитдиновна иштирок ва суханронӣ намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top