ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Вохӯрӣ бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар

12 декабри соли 2023 дар шаҳри Давҳа мулоқоти раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар ҷаноби Ғоним бин Шоҳин бин Ғоним ал-Ғоним баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самти корҳои исломӣ ва авқоф, ҳифзи мероси исломӣ, табодули сафарҳои коршиносон ва донишҷӯён ва танзими муштараки конфронсу семинарҳо ба мақсади пешгирӣ аз паҳншавии зуҳуроти ифротгароии динӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар мавзӯҳои мубрами ҳамкории дуҷониба табодули назари судманд анҷом доданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top