ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

СУҲБАТУ МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Санаи 12-уми апрел дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст ва дар доираи чорабиниҳои соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон дар мавзуи “Ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ” суҳбату мулоқоти судманд баргузор шуд.
Мулоқот дар толори Қасри фарҳанги ноҳия сурат гирифта, дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Олимзода Фаррухулло, Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Завқизода Солеҳ, узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ – Раҳимзода Маҳмад Забир ва раиси ноҳияи Дӯстӣ – Нишонзода Даврон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳия – Нишонзода Даврон шуруъ шуд. Раиси ноҳия, сараввал, меҳмононро муаррифӣ карда, мавзуи матраҳшавандаро ба ҳозирин шарҳ дод. Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабинӣ баҳри баланд бардоштани донишу маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии сокинони ноҳия амри зарурӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро вазифаи ҷонии хеш донад.
Дар идомаи мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам суханронӣ карда, оид ба арзишҳои миллӣ, ҳувияту худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба хотираи неки таърихи миллат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, ҷаҳолат, рӯй овардан ба илму дониш, хираду маърифат ва дар хусуси дигар мавзуъҳои мавриди назар изҳори андеша намуд. Қайд гардид, ки айни замон инсоният бо чолишҳои нав ба нав ва тағйиру таҳаввули рӯзафзун рӯ ба рӯ шуда, зери таъсири падидаи бошитоби ҷаҳонишавӣ қарор гирифтааст. Чунин равандҳо ба кишвари соҳибистиқлоли мо низ бетаъсир буда наметавонанд. Бо таваҷҷуҳ ба вазъи ногувор ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон ҳар яки моро мебояд, ки бо омӯзиш, парвариш ва таълиму тарбияи насли нав диққати ҷиддӣ дода, бо рӯ овардан ба донишу ҷаҳонбинӣ дар ташаккули ҷомеа ва таҳкиму устувории пояҳои давлатдории миллӣ саҳм гузорем.
Муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фаррухулло Олимзода дар оғози суханронии хеш масъалаи риояи ҳатмии қонунҳои миллии мамлакат – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Таъкид гардид, ки риояи ин қонунҳо ва дигар талаботи қонунгузории кишвар, ки ҳама барои танзим ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд, вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳамчунин, мавсуф аз мавридҳои ошкор гардидани хурофотпарастӣ, таассубгароӣ ва падидаҳои дигари хатарбор барои ҷомеа ёдовар шуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дастуру ҳидоятҳои созадаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ба мардум ироа шуданд, сармашқи кору фаъолият ва зиндагии хеш қарор диҳанд.
Дар идомаи мулоқот баромади Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Завқизода Солеҳ шунида шуд. Ӯ дар суханронии хеш дар хусуси зарурат ва аҳаммияти эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, инчунин, натиҷа ва дурнамои муайянкардаи давлат дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар ҷомеа изҳори назар кард. Зикр шуд, ки бо баланд гардидани шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон сатҳи қонуншиканӣ ва ҷинояту ҷинояткорӣ паст гардида, барои бунёди ҷомеаи қонунсолор ва ҳуқуқмеҳвар шароит фароҳам меояд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо такмилу тақвияти дониши ҳуқуқии хеш дар самти расидан ба ҳадафу ормонҳои неки давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ – Раҳимзода Маҳмад Забир зимни суханронии хеш аз ҳуқуқу озодӣ, манфиат ва масъулияти шаҳрванд дар назди давлат ва уҳдадории давлат дар назди шаҳрванд бо мисолҳои мушаххас аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ёдоварӣ кард. Гуфта шуд, ки дар боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа саҳми ҳар як шаҳрванд хеле муассир мебошад. Дар айни замон дар таълиму тарбияи насли нав низ саҳми муштараки оила, мактаб ва ҷомеа амри муҳим аст. Тарбияи фарзанд дар руҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, садоқат ба рукнҳои давлатдорӣ ва ҷой додани меҳри Ватан дар қалби онҳо вазифаи ҷонии волидон буда, кафили саодати хонавода ва осоиши ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар мо хоҳем, ки дастовардҳои гаронарзиши замони соҳибистиқлолӣ ҳифз ва ҳимоя шаванд, бояд сараввал худ дар ин амр талош кунем ва атрофиён, наздикон ва ҷомеаро низ ба ин роҳ ҳидоят намоем. Бояд бо падидаҳои зараррасон ва хатарнок, аз ҷумла, таассубгароӣ, хурофотпарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мавридҳои саркашии ҷавонон аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шадидан ва бо қатъият дар ҳамбастагӣ ва дастаҷамъона мубориза барем.
Пас аз анҷоми суханронии меҳмонон намояндагони касбу кори гуногуни ноҳияи Дӯстӣ ба сухан баромада, таассурот ва андешаҳои хешро нисбат ба мавзуи матраҳшавандаи мулоқот баён карданд.
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи ноҳияи Дӯстӣ ҷилдҳои китоби “Ваҳдат, Давлат, Президент” туҳфа карда шуд. Ҳамчунин, барои тақвияти ҳамкориҳо бо Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон раиси ноҳияи Дӯстӣ – Даврон Нишонзода бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top