ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ДАР ШАРҲИ МАФҲУМИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии чомеаи имрӯза аст. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гурӯҳҳое ниҳонанд, ки ба ҷалби шаҳрвандон ба равияҳои тундрав машғуланд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мақсаду мароми шахсони бегона ва гурӯҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Имрӯзҳо масъалаи «муносибати ислом ба терроризм» масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оид ба он ақидаю гуфтугузорҳои зиёде мавҷуданд. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки «терроризм» эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.
Шуури ҳақиқии исломӣ мусулмононро аз терроризм ва ифротгароӣ ҳифз менамояд. Дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд. Асос ва моҳияти исломро нияти неки муслимин ташкил медиҳад. Уотт Монтгомери, яке аз муҳаққиқони дини ислом ақоиди аврупоиёнро, ки гӯё «ислом дини шамшер ва зӯрӣ аст» рад намуда, ин ақидаро аз ҳақиқат дур меҳисобад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «…Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд».
Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) ҳанӯз дар асри VII ҳуқуқи гуманитариро асос гузоштааст. Ислом куштор дар ҳолати ҷанг, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакону занон, рӯҳониён, асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад. Ҳол он ки чунин стандартҳо танҳо дар қарни XX дар ҳуқуқи байналхалқӣ қабул гардидааст.
Олими машҳури ислом Али Булаҷ симои ҳақиқии террористонро шарҳ дода, исбот кард, ки террористон ва ифротгароён бо дин ягон алоқамандӣ надоранд. Аксари аъзои фаъоли гурӯҳҳои террористӣ хатмкунандагони донишгоҳҳои муҳандисию тиббӣ, ҳуқуқшиносон, омӯзгорон, рӯзноманигорон мебошанд. Масалан, Усома бини Лодан дар оилаи миллиардер таваллуд шудааст. Баъди вафоти падараш ба Усома 250-500 миллион доллар мерос расида буд. Террористи машҳур Карлос (шағол) писари миллионери Венесуэлагӣ аст.
Ифротгароӣ ва терроризм бо номҳои гуногун ва шаклҳои гуногуни зуҳур инсониятро аз давраҳои қадим таъқиб мекарданд.
Ифротгароӣ ва терроризм динӣ буда наметавонад, вале метавонад шиорҳои диниро ҳамчун ниқоб истифода кунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон эътироф намудааст. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо уҳдадориҳои байналмилалӣ, Конститутсия, Кодекси ҷиноӣ, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд илова барин Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шудааст, ки самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас менамояд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест. Онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ҳифз намоем ва обод созем.
Олим СОЛЕҲЗОДА,
мудири бахши дин,
танзими анъана ва ҷашну
маросими МИҲД-и шаҳри Турсунзода
Возможно, это изображение 1 человек

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top