ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Эълон дар бораи озмуни интихоби роҳбаладон дар мавсими Ҳаҷ-2023

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладон барои мавсими Ҳаҷ-2023озмун эълон менамояд.

     Шартҳои озмун:

1. Огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ;
2. Доштани малака ва маҳорати хуби ташкилотчигиву муошират бозоирин;
3. Донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират.

Дар озмуни роҳбаладони мавсими Ҳаҷ-2023 нафарони синнашон то 60-сола иштирок карда метавонанд. Ба нафароне, ки аз 3 маротиба кам ба ҳайси роҳбалад интихоб шуда, ба ҳаҷ сафар кардаанд, бартарӣ дода мешавд.

    Ҳуҷҷатҳои лозима:

1. Ариза ба номи раиси Кумита;
2. Нусхаи шиноснома;
3. Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
4. Маълумотномаи тиббӣ (шакли 086);
5. 2 адад акси 3/4
6. Варақаи шахсӣ

Танҳо нафарони ба меъёрҳо мувофиқбуда, ба суҳбат даъват карда мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то 24 апрели соли 2023 ба Кумита дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кўчаи Лоҳутӣ-14, Телефон: 227.46.84

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top