ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

СӮХТОР ДАР ДУ МАСҶИДИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 28 апрели соли равон, тахминан соати 8 дар масҷидҳои панҷвақтаи деҳаҳои Зиёраттут ва Сангқалъаи ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода сӯхтор сар задааст, ки дар натиҷа бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Зиёраттут ба пуррагӣ сӯхта, бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Сангқалъа қисман зарар дидааст.
Таҳқиқи ҳодисаи мазкур собит намуд, ки сокини ш. Турсунзода Ботиров Дилшод Давлатовичи 32-сола бинобар сабаби хуруҷи бемории руҳӣ масҷидҳои мазкурро оташ задааст.
Ба қавли Давлат Ботиров – падари Дилшод Ботиров писари ӯ чанд моҳи охир бинобар хуруҷи бемории руҳӣ дар шароити хона нигаҳдорӣ ва назорат мешуд. “Рӯзҳои охир шароити нигаҳдориашро нисбатан сабуктар намудем, ӯ бо истифода аз ин ҳолат аз хона фирор карда, масҷидҳоро оташ задааст”- мегӯяд падари Дилшод Ботиров.
Айни ҳол Дилшод Ботиров дар беморхонаи касалиҳои руҳии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ нигаҳдориву табобат мешавад ва вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top