ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ФАРҲАНГИ РОНАНДАГӢ

Мегӯянд, ки ҳар як асбобу абзор дар ҳаёти одамӣ бо вуҷуди манфиат овардан боиси мазаррат низ шуда метавонад. Яъне, ҳар як шайъ дар баробари манфиатовар буданаш, ҷиҳати манфӣ низ дорад, агар он дуруст истифода нашавад. Вақте мо ба ягон дастовард ноил мегардем, албатта, шоду хурсанд мешавем, вале баъзан дар натиҷаи нодуруст истифода шудани он, ки боиси зиёну зарари дигарон мегардад, афсус мехӯрем. Ба исботи ин гуфта мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Масалан, ихтироъкунандаи автомати “Калашников” пас аз солҳои тулонӣ афсусу надомат кардааст, ки ҳарчанд яроқи истеҳсолкардаи ӯ барои ҳимояти одамон, молу ашёи онҳо, ҳифзи сарҳадот ва ғайра сохта шуда буд, аммо сабаби марги ҳазорон одамон гашт. Агар ӯ оқибати нохуши ин корҳоро медонист, аз истеҳсоли он даст мекашид.
Ҳамин тариқ, замоне ки мошину тракторҳо ба тадриҷ сохта мешуданду ҷойи аспу хар, астару уштур ва аробаҳоро мегирифтанд, кори одамон осон мешуд, аммо касе фикр намекард, ки онҳо метавонанд сабаби маргу ҳалокати одамон шаванд. Ҳоло ҳам чунин аст, бахусус ҷавононе, ки хеле ба зудӣ орзуи соҳиби мошин шуданро мекунанд. Мутаассифона, аксари онҳо аз оқибати мошиндорӣ, риояи қонуну қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, одоби иззату эҳтироми ҳампешагон бохабар бошанд ҳам, вале аз рӯйи он амал намекунанд. Ҳарчанд ҳангоми курсҳои омӯзишӣ ба ронандашавандагон иҷрои қоидаҳои бехатарӣ таъкид мегардад, вале дар вақти амал аксарашон қоидаҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ меафкананд.
Зоҳиран дар рух додани амалҳои фориғболона чанд омил сабаб шуда метавонад:
1. Суръати баланд. Бештари одамон омили асосии садамаро дар суръати аз меъёр баланд кардани ҳаракат дар роҳ медонанд, чунки ҳангоми суръати аз ҳад баланди ҳаракат мумкин аст, идораи нақлиёт аз ихтиёр берун равад, ба дигар воситаҳо халал пайдо шавад, нуқсони техникӣ ба вуҷуд ояд ва нохост монеае пеш ояд. Дар вуқуи чунин ҳолатҳо, агар суръат паст бошад, метавон аз садамаву фалокат эмин монд ва агар Худо накарда садамае рӯй диҳад ҳам, дар ин сурат зиёну ҷуброни он камтар хоҳад шуд. Мутаассифона, бо саҳлангорию бепарвоии баъзе ронандагон ин талаби қоидаи бехатарии ронандагӣ кам риоя мегардад, бахусус аз тарафи ҷавонон. Ин аст, ки баъзе мусофирон ин кирдори нохубро дарк намуда, ба нақлиёте, ки ронандааш ҷавон аст, савор намешаванд. Боре дар мошине нишастам. Суръати ҳаракати мошин бо садои мусиқияш он қадар баланд буд, ки гӯё ҳарду бо ҳам мувофиқ насб шудаву вобастаи якдигар бошанд. Ронанда инро ҳис намекард ва ҳангоми садди роҳаш шудани нақлиёти пеш аз ӯ буда, ронандаашро бо лафзи қабеҳ дашном дода, кӯшиш мекард, ки аз ӯ пеш гузарад. Касе аз мусофирони дар мошинбуда ба ӯ чизе намегуфт. Ман бо худ андешидам, ки инҳо ҷавонанд ва ба насиҳат ниёз доранд. Чаро падару модар ё ҳампешагони калонсол бетарафиро ихтиёр кардаанд. Охир мо мардуми куҳанбунёди бофарҳангем. Аз қадим панду андарз гуфтему шунидем ва ба ҷаҳониён омӯхтем. Имрӯз чи шудааст, ки касе ба касе кор надорад. Панд намедиҳад, ислоҳ намекунад. Охир ин гуноҳ аст. Шайх Саъдӣ фармудааст:
Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Гузашта бар ин, мо мусулмонем. Худованд дар Каломи шарифаш фармудааст, ки зиёнкор нестанд, касоне имон оварданд, амали нек, карданд, якдигарро ба кори ҳақ ва сабр васият карданд. (Қуръони карим, Сураи Аср, ояти 3). Дар ҷои дигар чунин фармудааст: “Шумо беҳтарин уммат ҳастед, ки барои мардумон берун оварда шудед: ба кори писандида мефармоед ва аз нописандида манъ мекунед…”. (Қуръони карим, Сураи Оли Имрон, ояти 110).
Чун аз гардиши фурудгоҳ гузашта, ба мақсад наздик шудем, ҷиҳати адои ҳаққи инсонии худ бо лафзи нарм каме барои ронанда насиҳат кардам ва хоҳиш намудам, ки ба ҷавонии худ мағрур нашуда, рафторашро ислоҳ кунад, чунки ислоҳ шудан дар навбати аввал ба фоидаи худи ӯ меанҷомад. Барояш ёдовар шудам, ки дар чанд кишвари мусулмоннишин муфтиёнашон фатво додаанд, ки агар ронандае ба сабаби суръати аз ҳадди муайяншуда баланд ба садама гирифтор шаваду ҳалок гардад, гӯё худкушӣ намудааст. Ҷои пӯшида нест, ки амали худкушӣ ҳаром буда, ҳукми он бо қавли Худо: “Ва хештанро макушед…”, «Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маяфканед ва накӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо накӯкоронро дӯст медорад». (Қуръони карим, Сураҳои Нисо, ояти 29 ва Бақара, ояти 195) ва қавли Паёмбар (с) собит шудааст: «Ҳар кас худашро бо корде ё оҳане бикушад фардои қиёмат дар дӯзах доимо бо ҳамон олат шикамашро мебурад, ҳар касе бо воситаи заҳр худкушӣ кунад, дар дӯзах доимо аз он ҷуръа-ҷуръа менӯшад, ҳар касе худро аз кӯҳ ё баландие ба поён афканад дар дӯзах доимо фурӯ афканда мешавад… ҳар касе ба ҳар воситае худро бикӯшад дар қиёмат ба воситаи ҳамон чиз азоб карда мешавад». (Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ. ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ машҳур ба Саҳеҳи Бухорӣ. ‒ Бейрут, 2001. – С. 246, ҳадиси 1050). Ронанда суръати ҳаракат дар дасти туст. Суръати пастро ҳар лаҳза метавон баланд кард, аммо суръати баландро дар як лаҳзаи дилхоҳ натвон паст кард!
2. Нуқсони техникӣ. Ин омили садама бисёр ҷиҳатро дар бар мегирад, аз ҷумла вайрон будани системаи ист (тормоз), хароб шудани чанбарак, ногаҳон баромадани чарх, кафидани чарх ҳангоми суръати баланди ронандагӣ, кор накардани чароғаки ист (стоп), чароғаки гардиш, чароғаки қафо рафтан ва ғайра. Албатта, барои рафъи ин нуқсонҳо ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ, бояд аз ташхиси техникӣ гузашт. Бо вуҷуди ин дар баъзе ҳолатҳо имкони пайдоиши нуқсоне аз эҳтимол дур нест.
1. Ронандае нақл кард, ки бинобар равшан набудани чароғаки гардиш як мошин дар роҳ ба он бархӯрдааст. Ронандаи гуноҳ карда, пеш аз пиёда шудан, чароғакашро равшан кардаасту худро беайб вонамуд сохта, ҳатто савганди дурӯғ хӯрдааст. Ҳамин тариқ, таъмири ҳарду мошин ба ронандаи беайб вогузор шудааст. Воқеан, чароғакҳои мошин ва ойинаи он дар ҳамаи воситаҳои нақлиёт нақши муҳим доранд, ки набудани онҳо ронандаро ба мисли “куру нобино” месозад. “Пеш аз оғози ҳаракат, аз як хат ба хати дигар гузаштан (тоб хӯрдан) ва бозистодан ронанда вазифадор аст, ки ба воситаи чароғакҳои нурии гардиш ба самти дахлдор ва агар чунин чароғакҳо мавҷуд набошанд ё вайрон бошанд, – ба воситаи даст ишора намояд”. (Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Правила движения Республики Таджикистан). – Душанбе, 2007. – С. 13).
Банда низ шоҳиди ҳолати ногуворе гаштаам. Зимистон буд. Ба автомобили бародарам нишастаму барои иҷрои коре қасди шаҳр кардем. Дар поёни деҳа ду нафари дигар ба мошин нишастанд. Чун ба шоҳроҳ даромадем, ронандаи мо суръатро паст кард, зеро бориши барф зиёд мешуду роҳ кам-кам ях мебаст. Мо ҷониби Душанбе мерафтем. Ногоҳ мошини мо яку якбора дар миёни шоҳроҳ гирди худ се бор давр заду канори роҳ манъ шуд. Одатан мардум дар чунин ҳолат “ло ҳавла…” ё ибораи дигареро ба забон меронанду Зоти поки Худоро ёд мекунанд. Мо Худоро шукр гуфтем, ки саломат ҳастему нақлиёти дигар масофаро риоя карда, аз мо дуртар будаанд, вагарна ба садама рӯ ба рӯ мешудем. Яке аз ҳамроҳон ба ронанда гуфт, ки эй бародар фасли зимистон аст, бояд чархҳои зимистонӣ насб мекардӣ, агар имконияташ нест, пас чаро бо чунин чархҳо ба роҳ мебароӣ?! Ронанда андаке хиҷолманд шуда, баъд ба гуноҳаш иқрор шудагӣ барин, табассуми малеҳ кард.
3. Кибру ғурури ҷавонӣ. Ҳама медонанд, ки синну соли ҷавонӣ пурэҳсостарини марҳилаи ҳаёти одамӣ аст. Беҳуда Паёмбари мо Муҳаммад (с) ҷавониро “шохае аз девонагӣ” унвон накардааст. (Орифбек Муҳаммад. Ҳазору як ҳадис. – Қазон,1916. – С .26). Қувваю тавоноии тан ва солимию бардамӣ бештари ҷавононро ба кибру ғурур ва ғафлату бепарвоӣ водор месозад. Бинобар ин, аксари ҷавонон орзуи дорою сарватманд буданро мекунанд. Дар замони ҳозир аксари одамон яке аз нишонаҳои сарватмандиро дар соҳиби мошин будану ронандагӣ медонанд, ки дуруст нест. Яке аз пирамардони деҳа – бобои Абдуҷалил ҳангоми табрику таҳният ба як шахси мошиндор чунин гуфта буд: “Мошин харидӣ, муборак бошад! Мошини ҳозира, маркаби пешина. Дар замонҳои гузашта ҳар як мард, асп ва ё харе дошт, акнун дар ин айём ҳамин мошинҳо нақши ҳамон маркабҳоро адо мекунанд”. Дар воқеъ, сухани ӯ ҷон дошт. Мошиндорию ронандагӣ аз рӯйи ҳирсу ҳавас, кибру ғурур ва ман-манию риёкорӣ ба ҷуз зиён чизе намебахшад, зеро бештари чунин нафарон бо “шарофати” мошинҳояшон ба марги оҷилу нобаҳангом гирифтор шуданд. Ду ҷавони сарватманди бо ҳам хеш, ки дар як ресторан кор мекарданд, шабона пас аз анҷоми кор дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе “мусобиқа”-и мошинтозӣ ташкил намуданд. Онҳо ҳеҷ бовар надоштанд, ки худро ба коми марг мебаранд. Ҷӯшу шӯри ҷавонӣ ҳар якеро зӯру тавоно ҷилвагар месохт. Бо хандаю қаҳ-қаҳа суръати мошинҳояшонро баландтар мекарданд. Яке роҳи дигарро танг мекард ва он дигар мехост роҳи ӯро бибандад. Ба ногоҳ дар рӯ ба рӯйи гардиш идораи мошин аз ихтиёри яке аз онҳо берун мешавад. Суръати ҳаракати мошин чунон баланд, ки имкони якбора паст кардан надорад. Мошин ба девори битонии канори роҳ сахт бармехӯрад. Дар он ҳол ҷавон чи мегуфт, чи дарку эҳсос дошт, ғайр аз Худо касе намедонад. Шояд ӯ пушаймон буду тавба дошт, шояд пеши рӯяш падару модари ғамхор ва ё ҳамсари ҷавону тифли дӯстрӯякаш намудор буд ва ё мехост ба дигар ҷавонон бигӯяд, ки мисли ӯ рафтори нодурусти маргбор накунанд ва ё танҳо дарду ранҷ мекашид, кӣ медонад?
Ҳамин аст ғурури ҷавонӣ, ҳамин аст пой аз ҳад берун гузоштан, ҳамин аст аз ёд бурдани насиҳати бузургон, ки гуфтанд: “Писар! мошиндор шудӣ, шукр куну аз худ марав, мошин ақлу гӯш надорад, оҳан аст, техника гуфтаанд, эҳтиёт бош. Эҳтиёт шарти ҳаёт аст!” Ин амали ноҷо дарахти умри ҷавонро канду ҳамчун кӯҳи сангин болои падару модари ҷавон бори гаронашро афканд. Мутаассифона, баъзе ашхос беибо мегӯянд, ки ҳеҷ гап не, садама шуд, шудан гирад, мошин зад, задан гирад, ҷони одам не, оҳан аст, боз ёфт мешавад, таъмир мешавад. Ба фикри ман ин гуна назарбаёнӣ судманд нест, балки ба қавле “ба оташ ҳезум андохтан” аст. Дуруст аст, чунин суханҳо баъзан барои тасаллӣ ва таҳаммул ба кор мераванд, вале истифодаи зиёди он ба руҳияи баъзе ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Беандеша аз ин, ки ҳар як садама дар пай зиёни ҷонӣ, молӣ ва ҳеҷ набошад зоеъ шудани вақтро дорад. Хуб буд, агар суханҳои барҳазардорандаву эҳтиёткорона гуфта мешуд. Ба монанди ин, ки бархе ронандагон ҷиҳати бехатарии худу дигарон, дар нақлиётҳояшон ҳар гуна шиорҳои эҳтиёткорию бехатариро китобат кардаанд, монанди “Эй сорбон оҳиста рон!”, “Ронанда! Туро дар хона интизоранд”, “Суръатро риоя кун!”, “Фосиларо фаромӯш макун!”, “Шитоб макун!”, “Шитоб-боиси фалокат” “Дар фикри худ ва дигарон бош!” ва ғайра.
4. Мастию сархӯшӣ. Оқибатҳои нохӯши мастию сархӯшӣ ба ҳама равшан аст, ҳатто худи истифодабарандагони машруботи спиртӣ ва дигар маводи масткунанда бо вуҷуди пойбандии худ ба машрубот, дигаронро аз истифодаи он барҳазар медоранд, чунки зарари онро хуб эҳсос кардаанд, аммо чи илоҷ, ки бозгашт аз онҳо басо мушкил аст. Дар омади сухан ёдовар мешавем, ки ҳама гуна навъҳои нушокиҳои масткунандаро “хамр” меноманд. Ин калима аз Қуръони карим баргирифта, ҳамроҳи дигар афъоли зишт, аз қабили қимору фолбинӣ зикр гардидааст: “Эй муъминон, ҷуз ин нест, ки хамр ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори Шайтон аст, пас аз вай дурӣ кунед”. (Қуръони карим, Сураи Моида, ояти 90). Муфассирон гуфтаанд, ки хамр ба маънои пӯшидан меояд, яъне машруботи масткунанда нури ақлро, ки василаи аслии ҷудокунандаи ҳақ аз ботил, нек аз бад, ҳаром аз ҳалол, рост аз каҷ ва ҷавҳари фарқкунандаи башар аз дигар махлуқот аст, мепӯшонад. Оқил онро гӯянд, ки ақлашро дуруст кор фармуда, бо зиёдати нури ақл, ки маншаи он илму маърифат аст, аз зарару фалокатҳо худро эмин нигоҳ дошта метавонад. Агар нури ақли ронанда бо ягон навъи маводи масткунанда – нушокӣ ва ё нашъаву маводҳои дигар маҳв гардад ва тирагиву торикӣ ақлро фаро гирад, пас ҳоли ронанда, воситаҳои дигари нақлиёт, мусофирон, пиёдагардон ва ғайр аз инҳо чӣ хоҳад шуд? Мусаллам аст, ки садама, фалокат ва ё ҷанҷолу хархаша. Аз ин рӯ, “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳолати мастӣ ронандагиро иҷозат намедиҳад. “Ба ронанда манъ карда мешавад: ронандаи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ (мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва монанди инҳо), таҳти таъсири доруҳое, ки таассур ва диққатро суст мекунад, дар ҳолати беморӣ ё хастагӣ, ки ин ҳол ба бехатарии ҳаракат таҳдид мекунад…” (С. 10).
5. Суруду мусиқии номуносиб. Мусаллам аст, ки ҳангоми рондани нақлиёт бояд ёду ҳуши ронанда дар мадди аввал ба роҳ ва риояи қоидаҳои он бошад. Истифодаи суруду мусиқии аз меъёр зиёд, яъне тулонӣ ва бо садои аз ҳад баланд ба ҳушу гӯш ва руҳи ронанда таъсир расонда, фикру хаёли ӯро ба дигар тараф мебарад. Дар натиҷа ронанда аз аломату нишонаҳои роҳ, чароғак ва ё садову ҳаракати дигар нақлиётҳои ҳампаҳлу ноогоҳ монда, ба қоидавайронкунӣ ё садама дучор мешавад. Ҷавоне аз ҳамсоядеҳаи мо ҳангоми убур аз роҳи оҳан зери ҳаракати қатора монду ба ҳалокат расид. Баъдҳо маълум шуд, ки дар гӯши ронанда гӯшак будааст. Аслан агар дуруст рафтор кунем, бояд меъёри истифодаи садоро риоя намоем. Садои аз ҳад зиёд ҳеҷ нафъе намерасонад, хусусан дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ, зеро одамон аҳволи гуногун доранд. Баъзе солхӯрда, баъзе ҷавон, баъзе шод, баъзе ғамдор, хулоса ҳолу аҳволи одамон мухталиф аст. Ёдам меояд, ки дар микроавтобусе бо садои баланд мусиқиву суруд садо медод, як зан бо қаҳру ғазаб гуфт: ронанда радиоро хомӯш ва ё пасттар кун, ҳеҷ намехоҳам, мо ба туй намеравем, мо ба мусибат рафта истодаем…! Дар чунин ҳолат баъзан миёни мусофирон ихтилоф сар мезанад, баъзеҳо хоҳиши шунидани мусиқӣ доранд, баъзеи дигарҳо чунин хоҳишро надоранд. Чунончи, дар як нақлиёт шоҳиди он шудам, ки зане хомӯш кардани садои мусиқиро талаб мекарду зани дигар шунавонидани онро. Ту намехоҳӣ, аммо дигарон, ҷавонон мехоҳанд, эй зан, ту ҷавониатро гузарондӣ, акнун бигзор, ки дигар ҷавонон гӯш кунанд, даъво дошт он зан. Ханда дохили нақлиётро пахш кард. Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳолатҳои баҳсу мунозира миёни мусофирон, имкон дорад, фикри ронанда мушавваш гардаду ҳодисае рӯй диҳад.
6. Телефони ҳамроҳ. Воситаи дигаре, ки боиси садама, ҷанҷол, ҳатто марги ронандагон шудааст, истифодаи нодуруст ва бемавриди телефони ҳамроҳ аст. Яке аз нозукиҳои ронандагӣ дар он аст, ки як лаҳза ё як сония амали нодуруст метавонад сабаби фалокату ҳалокат гардад, бахусус ҳангоми бо суръати баланд рондани нақлиёт. Мирзо Абдулқодири Бедил фармудааст:
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Мумкин аст ба воситаи телефони ҳамроҳ ба шахсе, ки сари чанбараки мошин нишастааст, сухан ё хабари ногуворе бирасад. Ин ҳангом ҳолати руҳии ӯ тағйир ёфта, хотираш мушавваш мегардад. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос рӯй додани ҳодисае аз эҳтимол дур намебошад. Чанд сол пеш ба мошини сабукрави ҳамдеҳаамон савор шудам. Баъди аҳволпурсӣ ронанда гуфт: Худо хоҳад то шаҳр мерасонад, вале дар гардиши деҳаи поёнӣ қариб буд, ки ба мошини муқобил бархӯрад. Хушбахтона, танҳо ойинаҳо зарар дида, афтоданд. Ронандаи мошини муқобил ба қаҳру шаст давида омаду ба ронандаи мо дӯғу пӯписа кард. Чун маро дида, ғазабаш андаке паст шуду гуфт:
– Хайр шумо гӯед, ҳамин сари чанбарак вақти бо телфон суҳбат кардан аст? Қариб рӯ ба рӯ зада, моро мекуштӣ… Ана шоҳидон. Ӯ ба рафиқи худ ва ман ишора карда, бо дили пур, айби ронандаи моро шарҳ дод. Ронандаи мошини мо чизе нагуфту ба маслиҳат ва ҷуброн розӣ шуд. Пас аз чанд рӯз ҳамдеҳаамонро дида, паёмади он моҷароро пурсидам. Ӯ бо таассуф гуфт, ки ойинаи вай мисли нархи мошинаш хеле гарон будааст ва онро ба осонӣ не, балки бо дархост аз хориҷ мефиристодаанд.
7. Афсурдагию хоб. Айёми хурдсолиям борҳо шунида будам, ки фалон шахс бо сабаби хобравӣ ба садама дучор шуда ё фавтидааст. Ё аз марги ягон ронанда сабаб пурсида мешуд, аксар вақт чунин мегуфтанд: Аз хоб, хастагӣ. Охир бузургон хобро марги сабук гуфтаанд-ку.
Он солҳо фаъолияти ронандагӣ, кори автобазаҳои автомобилу дигар воситаҳои техникӣ хуб ҷараён дошт. Ҷумҳурии мо, ки сарзамини кӯҳсор асту бештари роҳҳояш аз таллу теппа мегузаранд, барои интиқоли молу ашёи рӯзгор автомобилҳо хеле муносибу фаъолияти ронандагон дар авҷ буд. Аз ин хотир, ронандагон ҷиҳати оромию камҳаракатии нақлиёт дар роҳ бештар шабона ба роҳ мебаромаданд. Ҳарчанд ронанда мехоҳад, ки то сафар андаке хоб рафта, ба қавле “сари хобашро гирад”, вале одати деринаи ғанабравӣ баъзан ғолиб меояду дар як лаҳзаи кӯтоҳ корашро мекунад. Нақлест, ки гӯё гармо, сармо, бод ва хоб миёни худ баҳс карда, ҳар яке худро аз дигаре зуру қавӣ мехонад. Ниҳоят, онҳо ба хулоса меоянд, ки ҳар як бояд ба воситаи инсон қобилияти худро нишон диҳад, зеро инсон дар миёни махлуқоти олам донотару ботадбир аст. Онҳо дар дасти як одами хеле гурусна тиккаи нонеро дида, мегӯянд, ки ҳар ки қавитар аст, бояд нонро аз дасти ӯ ситонад. Ба ин минвол, бо навбат гармо гармии худ, сармо сардии худро равона месозанд, баъд аз он бод сахту тунд мевазад, вале бе натиҷа, шахси гурусна аз хӯрдани нон боз намеистад. Навбати хоб мерасад. Хоб бо оромӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ ба вуҷуди ӯ медарояду нонро аз дасташ афтонда мегирад. Ҳозирин ба қобилият ва таъсиррасонии ӯ таҳсин мегӯянд. Офаридагори олам дар Қуръон хобро сабаби осоишу роҳати бандагон гуфтааст: “Ва хобро осоишатон гардонидем”. (Қуръони карим, Сураи Набаъ, ояти 9).
Баъзан аз кори зиёди бетанаффус одам чунон хаставу беҳол мешавад, ки мехоҳад корро қатъ кунад. Дар ин ҳолат, агар ӯ хобаду роҳат ёбад, боз ба идомаи фаъолияташ рағбат пайдо мекунад. Дар воқеъ, пас аз хобидан хастагию афсурдагӣ рафъ шуда, дар вуҷуди одам қувваи тоза пайдо мегардад. Аз ин хотир, одамони ботаҷриба таъкид мекунанд, ки ҳангоми хастагӣ, афсурдагӣ, бахусус хоболудӣ рондани нақлиёро боз доранд. Дар ин ҳолат мебояд воситаи нақлиётро аз роҳ канор гузошта, каме хобида, майнаро ором кард. Мутаассифона, баъзе ронандагон ин тавсияро риоя намекунанд.
Ронандагон барои саломатию эминии худ, ҳар гуна чораҷӯиҳо мекунанд, аз ҷумла дархости сухан аз ҳамроҳон, то хоб дур шавад.
Соле, ки ба зиёрат ва сафари ҳаҷ равон шудам, ду шабонарӯз роҳро бо автобус тай кардем. Шаби аввали ҳаракат дар роҳ баъзе одамон нимхобу нимбедор буданд. Намедонам аз чи буд, ки як-ду бор дигаргун шудани ҳаракати автобусро зоирон ҳис карданд. Автобус ҳаракат дошт, бештари одамонро хоб зер карда буд. Ногоҳ садои гӯшкархароши нафаре аз нишастгоҳи охири автобус ҳамаро бедор ва ба даҳшат афканд. Ӯ ба ин маъно мегӯфт: Эй бачаҳо, ҳами ронандара хоб бурдестай, ҳоли дар куҷое ба садама дучор мешавад, кӣ арабира медона, кӣ ӯра ба гап гира? Миёни зоирон гуфтугӯе бархосту роҳбалади гурӯҳ маро вазифадор кард, ки рафта ронандаро ба гап андармон кунаму нагузорам, ки хобаш барад. Ман ноилоҷ тарки хоби ширинам карда, назди ронанда рафтам. Ба мақсади ӯро аз хоб боз доштан, аз ӯ савол мекардам. Ӯ бошад ба пурсишҳои ман хеле кӯтоҳ бо лафзи “ҳа” ё “не”, баъзан бо ишораи сараш посух медод. Чанд фарсах роҳро тай намудем, ниҳоят ӯ аз пурсишҳои ман ба танг омаду хашмгинона, гуфт, ки беҳтараш хомӯш бошам. Ман шарм дошта, лоилоҷ сабаби пурсишҳоямро ба ӯ гуфтам. Ронанда, ки то ин дам ба ман нигоҳ накарда буд, пас аз шунидани асли матлаб рӯяшро ба тарафи ман гардонду бо табассум нигоҳи бодиққате кард. Баъд гуфт: Чи ном дорӣ? Бори аввал нияти ҳаҷ кардаӣ? Аз кадом кишвар ҳастед? Номамро гуфтаму ба саволҳои дигараш ҷавоб додам. Ӯ гуфт, ки солҳои тулонист дар ин масир шабона ба мусофиркашӣ машғул аст ва Худоро шукр сари чанбарак боре ҳам хоб накардааст. Ба ҳар ҳол боэҳтётии ҳамсафарони мо ба фикру хаёли ронанда таконе бахшиду ӯро ҳушёртар сохт.
8. Шитобу саросемагӣ. Аз қадим мардум дар ҳар кор шитобу саросемагиро мазаммат карда, онро феъли шайтонӣ гуфтаанд. Чунин ривояте аз Паёмбар (с) омадааст: “Ат-т-аани мина-р-раҳмон ва-л-ъаҷалату мина-ш-шайтон”, яъне оромию тамкин аз Худованди раҳмон ва шитобкорӣ аз шайтон аст”. (Байҳақӣ Абубакр ибни Ҳусайн ибни Алӣ. Ас-сунану-л-кубро. Ҷ. 10. – Бейрут, 1355 ҳ.қ. – С.104). Ҳатто дар рафтан ба сӯйи намоз, ки фарзи Худо аст, Паёмбар (с) саросемагию шитобро написандида, ба оромию виқор дастур додааст. (Табрезӣ Валиюддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳ. Мишкоту-л-масобеҳ. ‒ Деҳлӣ, 1350 ҳ. қ. ¬‒ С. 67).
Аз бузургон борҳо чунин шунидаам: Бигзор дақиқаҳо, ҳатто соатҳо кор ба таъхир афтаду ҳаргиз шитобкорӣ макун, зеро одамон дар тули зиндагӣ зарари саросемагию шитобкориро дида, пушаймон шудаанд, вале чи чора, ки кор аз кор гузаштааст, “илоҷи воқеа пеш аз вуҷуъ” гуфтаанд. Шитобкорӣ натиҷаи хуб намеорад. Ба ин далел андарзи “Дер ояду шер ояд” пайдо шудааст. Таъҷил хилофи таъхир буда, маънои корро аз вақташ нагузаронида, зудтар ба ҷой оварданро ифода мекунад. Агар он ба маънои шитоб истеъмол шавад ҳам, Паёмбар (с) танҳо дар чанд амал ба он дастур додаанд, ки иҷрои он ба нафъи мардум аст: Ба таъхир наандохтани тоъат, ба таъхир нагузоштани издивоҷ ва дафни майит… (Табрезӣ Валиюддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳ. Мишкоту-л-масобеҳ. ‒ Деҳлӣ, 1350 ҳ. қ. ¬‒ С. 61).
Бузургон шитобкориро дар ҳама гуна кору фаъолият нописанд шумурда, оромию тамкин ва сабру таҳаммулро мояи расидан ба мақсад донистаанд. Аз ҷумла, Хоҷа Ҳофиз роҳи ишқро душвору пурошӯб талаққӣ карда, ба солики он шитоб накарданро тавсия додааст:
Тариқи ишқ, пурошӯбу фитна аст, эй дил,
Бияфтад он ки дар ин роҳ бо шитоб равад.
Ё дар ғазали дигар:
Мабин ба себи занахдон, ки чоҳ дар роҳ аст,
Куҷо ҳамеравӣ, эй дил, бад-ин шитоб куҷо?
Ҳарчанд қалб ба маъшуқу мақсуди худ пойбанду гирифтор буда, васли оҷилиро мехоҳад, вале соҳиби он ба шитоб накардан амр менамояд. Пас эй ронанда ту низ қалби худро ба оромишу субот ва саросема нашудан фармон деҳ, то охири корат неку судманд гардад.
Мақсади мо аз баёни ин мавзуъ он аст, ки шояд пас аз мутолиаи он хонанда сабақ гирад. Албатта, мақомоти дахлдор, ба хусус кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ҳама гуна пешгирӣ ва чораҷӯиҳоро ҷиҳати бехатарии ҳаракати роҳ, нақлиёт, ронандагон, пиёдагардон ва тамоми шаҳрвандон ба роҳ монда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолияти назаррас менамоянд ва иҷрои талаботи қонуну қоидаҳо аз тарафи онҳо ба суди истифодабарандагони тамоми навъи воситаҳои нақлиёт (ҳатто аробаву дучарха) мебошад. Бо вуҷуди ин дуруст мегӯянд, ки ҳар чиз одобу низом ва фарҳангу маданияти истифода дорад. Ба пиндошти мо, омилҳои баёнгашта, риоя намудани қоидаву тавсияҳои зикршуда, ҷузъи низом ва фарҳанги ронандагӣ буда, маърифати дурусти онҳо ба манфиати ронандагон ва мусофирон хоҳад шуд.
Пирзода Сироҷиддин,
корманди Муассисаи давлати
Хонаи китоби Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top