ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ДУО ВА ОДОБИ ОН

Дуо (хоҷат хостан ва ниёиш кардан) дар истилоҳи шаръ (масдар) ба маънои хондани ҷумлаҳои маъсур дар вақтҳои муайян барои талаби омурзиш ва бароварда шудани ҳоҷот, (исм) ба маънои дархости ҳоҷат аз Худо ва дар форсӣ бо лафзҳои кардан, гуфтан, расидан ва омадан истеъмол мешавад. Дуо аз талаб ва дархости банда аз Худо ва ё он чи маъбуд ва корсоз мешуморад, иборат ва шомили умури моддӣ ва маънавӣ дар зиндагонии дунявӣ ва ухравӣ мегардад ва дар вазъи одӣ ва изтирорӣ барои расидан ба хостаҳо ё бардавомӣ ва истимрори доштаҳо ва ё барои рафъи нохушиҳо анҷом мегирад ва чун аз ниёзи фитрӣ ва фақри зотии инсон дар баробари маъбуд ва холиқи тавоно нашъат мегирад, аз назари таълимоти шаръ ҷавҳари ибодат, яке аз болотарин анвои зикри Худо, қурбат ҷустан ба пешгоҳи Ӯ ба шумор меравад ва дар қолаби аъмоли ибодатӣ ва ғолибан бо шаклҳои мавзуъбандишудаи ниёишӣ ба ҷой оварда мешавад. Ба фармудаи Расули акрам (с): «Дуо дар зоти худ ибодат аст». Зеро воқеияти дуои банда ин аст, ки мехоҳад бо он раҳмат ва инояти Худоро ба худ ҷалб намояд, худро дар мақоми бандагӣ қарор диҳад ва ибодат низ дар ҳақиқат дуо аст, зеро банда бо изҳори хузуъ ва фурӯтанӣ дар аснои ибодат худро дар мақоми бандагӣ қарор медиҳад ва инояти Худоро аз мақоми рубубият ба худ ҷалб менамояд. Дар таъкиди ин воқеият Қуръон дар ояти 77-уми сураи Фурқон ба тафсире мефармояд: «Агар дуоҳоятон набуд, Парвардгорам ба шумо ҳеҷ иноят ва илтифоте надошт».
Бар пояи аҳодиси боб дуо силоҳи муъмин, дарунмоя ва мағзи ибо¬дат, нури осмонҳо ва замин, калиди дарҳои раҳмат, рамзи растагорӣ, шифои ҳар дарде, муҷиби афзоиши рӯзӣ ва солим мондан аз осебу газанди шайтон ва василае барои рафъи бало ва пешгирӣ аз нузули қазои бад дониста шудааст ва ба гуфтаи Қушайрӣ: «Дуо калиди ҳоҷот, паноҳи дармондагон ва марҳами (ҷони) бечорагон аст», ки бо иксири он дардҳои бедармон дармон, дилҳо ором, ғамҳо барчида ва гуноҳон шуста гарданд. Дуо дар адабиёти орифона ба авсофе, чун нардбони осмон, забони баёни дарди иштиёқ ба маҳбуб ва мукотаба ба дӯст, сухан гуфтан дар баробари ҳазрати Ҳақ ба забони шарм ва хидмате, ки банда ҷавореҳашро ба он меорояд, васф шудааст.
Қушайрӣ назари суфиёнро дар мавриди ин ки оё дуо кардан ва ҳо¬ҷат ба даргоҳи Худо бурдан беҳтар аст ё сукут ва тан ба қазои илоҳӣ додан, ба чаҳор гуна тақсим кардааст: «Миёни мардум хилоф бувад, ки дуо афзал аст ё сукут ва ризо ба қазои рафта!? Баъзе гуфтаанд, ки дуо дар зоти хеш ибодат аст ва қиём ба ибодат аз тарки он авло бошад… ва тоифае гуфта, ки хомӯшӣ ва ба зери ҳукм (-и Ҳақ) фурӯ рафтан ва ризо ба он чи аз ихтиёри Ҳақ аз пеш рафта, тамомтар ва (аз дуо) авлотар аст. Гурӯҳе ин ду назарро бо ҳам ҷамъ карда ва дуо карданро бо ризояти қалбӣ ба муқаддароти Худованд мунофӣ надонистаанд, банда бояд ба забон соҳиби суол бувад ва ба дил соҳиби ризо, то ҳарду ба ҷой оварда бошӣ!».
Аммо назари комилтар дар ин боб қавле бошад, ки бар асоси он дуо ба мафҳуми ирфонии он пайванд хӯрда ва дуо кардан ё хомӯшӣ ихтиёр намудан ба вақти дуогӯй муртабит дониста шудааст. Ба ин маъно ки вақт – ҳолати ғолиб бар инсон таъйин мекунад, ки банда лаб ба дуо бикушояд ва ё сукут пеша намояд. «Ва он авлотар, ки гӯянд, ки вақтҳо мухталифанд, вақт бувад, ки дуо (дар он) фозилтар аз хомӯшӣ (бувад) ва он низ адаб аст ва дар баъзе аҳвол хомӯшӣ фозилтар аз дуо ва он ҳам адаб аст ва он ба вақт битавон донист, зеро илми вақт андар он вақт бувад. Чун андар дил ишорате ёбад ба дуо, дуо авлотар ва чун ишорат ба хомӯшӣ кунанд, хомӯшӣ тамомтар» (Абулқосим Абдулкарим ибни Ҳавозин ал-Қушайрӣ Зайнулислом, ар-Рисолату-л-қушайрия. – Теҳрон, 1391 ш.; Абӯалӣ Ҳасан ибни Аҳмад ал-Усмонӣ, тарҷимаи форсии ар-Рисолату-л-қушайрия. – Теҳрон, 1390 ш; Донишномаи ҷаҳони ислом (17). – Теҳрон, 2012).
Иҷобат ва истиҷобат ҳарду ба маънои посухи мусбат додан ва пазируфтани дуо ва дархости дуогӯ ҳастанд ва муҷиб яке аз асмои ҳусно (номҳои зебо)-и Худованд ба маънои қабул ва ато дар ивази дуо ва суол меояд. Муштаққоти гуногуни ин вожа дар таъбироти қуръонӣ 43 бор ба маънои пазируфтан ва қабул кардани дуо омадааст. Иҷобати дуо дар бисёре аз оятҳо танҳо ба дуо кардан ва хондани Худо марбут шуда ва дар баъзе оятҳо ба машийяти Ӯ муқайяд омадааст (Анъом, 6: 41). Муҳимтарин оят дар ин бора ояти 186-уми сураи Бақара аст, ки дар он ҳафт бор замири аввали шахси танҳо ба кор рафтааст. Қудрат, моликият, ғинои мутлақ ва дар айни ҳол наздикии Худо ба бандагон дар баробари нотавонӣ, вобастагӣ ва фақри зотии инсон вақте ба эътирофи банда, ки дар дуои вай таҷассум меёбад, ҳамроҳ гардад, заминаи иҷобати онро назди Худо фароҳам меоварад, ба ин шарт ки таваҷҷуҳи банда дар дуояш воқеан ҳам ба сӯи Ӯ буда ва бо дилу забон ҳарду аз Вай хоста бошад.
Дуо ва хости ҳақиқӣ аз Худо ҷуз бо шинохти мақоми улуҳият ва моликияти мутлақи илоҳӣ, ки муҷиби дил буридан аз ҳар гуна сабабе моддӣ мешавад, барои кас муҳаққақ намегардад.
Агар дил аз алоиқ канда бошӣ,
Ба манзил бори худ афканда бошӣ!
Фалакҳоро тавонӣ пушти сар дид,
Ба нури ишқ агар дилзинда бошӣ!
(Муҳаммадалӣ Соиби Табрезӣ, Девони ғазалиёт)
Албатта, мурод аз ин сухан бекор донистани низоми иллӣ ва маъ¬лулӣ ва лағв шумурдани таъсир ва васотати асбоби моддӣ нест, балки таваҷҷуҳ ба ин аст, ки асбоби моддӣ ҳарчи буда, иллати мустақил, таъсиргузор биззот ва файёзи вуҷуд нестанд, балки маҷрои файзи вуҷуданд ва ҳақиқати кор ва таъсир дар дасти Худост. Аз сӯи дигар, аз дидгоҳи олами асбоб ва моддият ба низоми иллӣ ва маълулӣ барои таҳаққуқи як чиз – маълул бояд иллат ва асбоби моддии он таҳаққуқ ёбанд ва касе дуо мекунад ва дуояш мустаҷоб мегардад, дар воқеъ яке аз муаллифаҳо (аносири созанда, таркибот, аҷзо)-и иллатро ба вуҷуд овардааст. Ба ибораи дигар, вақте касе, масалан, дар намози истисқо аз Худо борон мехоҳад, вай намоиши қудрати Ҳақ таолоро бо эҷоди ваҳдати комил ва таркиби ба ҳамомехтае аз қонунмандиҳои табиӣ, аносир моддӣ, асбобу илали физикӣ ва ғ. аз Худо мехоҳад, то заминаи пайдоиши рутубат ва бориши борон дар умум фароҳам гардад, на ин ки бе назар¬дошти зуҳури ҳеҷ гуна авомил ва асбоби моддие, масалан, ҳеҷ гуна аб¬ре аз Худо борон ва шодобӣ талаб намояд.
Дар баъзе оятҳо ба нақши имон ва таъсири амалҳои солеҳ дар иҷо¬бати дуо ишора шудааст. Худованд пас аз гузориш аз иҷобати дуои Юнус (ъ) бо ваъдаи: «Ва ҳамчунин муъминонро наҷот медиҳем» (Анбиё, 21: 87-88) ба муъминон башорат медиҳад, ки агар дар ҳолати ғаму гирифторӣ ба монанди Юнус (а) бо иқрор ба тавҳид ва танзеҳи Худо ва эътироф ба зулми хеш ба сӯи Ӯ таъоло даст ба дуо бардоранд, дуояшонро ҳатман мустаҷоб мегардонад. Дар ояти 90-уми сураи Анбиё сабаби иҷобати дуои Закарийё (а) ва ба ислоҳ овардани ҳамсараш барои зоиши фарзанд, шитофтан дар корҳои хайр, ибодати Парвардгор ба умеди подош ва бим аз иқоб ва ё бо шавқи тоат ва парҳез аз маъсият ва тавозуъ (фурӯтанӣ) дар баробари Худо дониста шудааст. Тақорун ва тақобули ваъиди: «Ҳамоно Ӯ азҳадгузарандагонро дӯст намедорад» бо амр ба дуои бо тазарруъ ва дар ниҳон дар сураи Аъроф (7: 55) ва наҳй аз эҷоди фасод дар рӯи замин пас аз ислоҳи он бо амр ба дуо аз сари биму умед ва башорати: «Бахшоиши Худо ба некӯкорон наздик аст!» дар сураи Аъроф (7: 56) ба нақши амали солеҳ ва риояи одоби дуо дар истиҷобати он ишора дорад ва ояти: «Ва истиҷобат менамояд барои онҳое, ки имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом додаанд ва онҳоро аз фазли Худ меафзояд», далели дигаре бар нақши имон ва таъсири амали солеҳ дар иҷобати дуо аст.
Бувад ҳиммат пару бол одамиро,
Мабодо тоири парканда бошӣ!
Дар он олам тавонӣ зист эман,
Дар ин олам агар тарсанда бошӣ!
Тавонӣ кӯси шоҳӣ зад дар офоқ,
Агар Соиб, Худоро банда бошӣ!
(Муҳаммадалӣ Соиби Табрезӣ, Девони ғазалиёт)
Дуо бо ҷумлаҳои амрӣ ва наҳйӣ ва гоҳе бо ҷумлаи хабарӣ, монанди: «Ғафараллоҳу лака» меояд ва фарқи он аз амр ин аст, ки мартабаи мухотаб дар дуо фаротар аз дуокун ва дар амр фурӯтар аз он аст ва нуқтаи муқобили дуо иҷобат ва нуқтаи муқобили амр итоат аст. Калимаи дуо ва муштаққоти он 215 бор дар Қуръон ба маонии фаро хондан, талаб кардан, ниёиш ё ибодат кардан ва истиғоса – мадад хостан ба кор рафта, бо вожаҳои суол ба маънои дархост, лаън – нафрин ба маънои дуои бад бар касе, баҳал ба маънои нафрин ва мубоҳала ба маънои лаънат кардан бар якдигар, истиғоса ба маънои мадад хостан, истиғфор ба маънои омурзиш хостан, тазарруъ ба маънои зора кардан ва зикр ба маънои ёд кардан наздикӣ ва дар маъно ҳампайвандӣ дорад.
Дар Қуръон дуоҳои фаровоне аз паёмоварони илоҳӣ, аз ҷумла Одам, Нуҳ, Иброҳим, Лут, Юсуф, Мусо, Сулаймон, Закарийё ва Исо (а) нақл шудааст. Аз афроди хоссе, ба монанди модари Марям, Осия – ҳамсари Фиръавн, асҳоби Каҳф, соҳирони Фиръавн, ҳаворийёни Исо, соҳибхирадон, бандагони Худойи Раҳмон (ибодурраҳмон), муттақиён, росихон дар илм, биҳиштиён, асҳоби Аъроф ва фариштагони ҳомили Арши Парвардгор низ дуоҳое омадааст. Ин дуоҳо партави васее аз хостаҳоро дар бар мегиранд, ки дар воқеъ ҷомеи тамоми некиҳо ва ҳасаноти дунё ва охират барои дуогӯй ҳастанд, ба монанди талаби афву офият, дархости мағфират ва раҳмату инояти илоҳӣ, пӯшонидани гуноҳон, муохаза накардан бар фаромӯшӣ ва хато, дархости устуворӣ дар имон, талаби ҳидоят ва сабру сабот, пайвастан ба солеҳон, шарҳи садр, осон кардани корҳо, кушодани гиреҳи мушкилот, талаби фарзанд ва ҳамсару насле, ки муҷиби рӯшании чашм гарданд.
Сохтори дуоҳои қуръонӣ маъмулан аз таркиби як мунодо: Рабб, Раббано ва Аллоҳумма Раббано ё як амр ё наҳй ва ба нудрат бидуни мунодо омадаанд.
Дар Қуръон бар аҳаммияти дуо таъкид ва ба порае аз одоб ва шароити истиҷобати он ишора шудааст. Муҳимтарин оят дар баёни арзиши дуо назди Худо ва фазилати буридан аз халқ ояти 60-уми сураи Ғофир аст, ки Худо дар он мардумро ба дуо кардан амр ва ба иҷобати он навид медиҳад ва бо тағйири ибора ва корбурди калимаи ибодат ба ҷои он дар идомаи сиёқ онро ибодат мешуморад ва бо тарки он аз сари такаббур ва худбартарбинӣ ба духули оташи ҷаҳаннам ваъид додааст, он ҷо ки мефармояд: «Ва Парвардигоратон гуфт: «Ба Ман дуо кунед, то дуои шуморо қабул кунам! Ҳамоно онон, ки аз ибодати Ман такаббур мекунанд, хор гардида, ба дӯзах дохил хоҳанд шуд».
Агар шабро чу анҷум зинда дорӣ,
Ҳамеша бо рухи тобанда бошӣ!
Дуои тирарӯзон оби Хизр аст,
Агар чун меҳру маҳ тобанда бошӣ!
(Муҳаммадалӣ Соиби Табрезӣ, Девони ғазалиёт)
Аз назари таълимоти шаръ барои дуо одоб ва шароите вуҷуд до¬рад, ки барои пазируфта шудани он аҳаммияти фоиқе доранд ва инак муҳимтарини онҳоро бо ихтисор зикр менамоем:
а) Аввалин одоби дуо ин аст, ки шахси дуогӯй рӯй ба қибла оварад ва ҳангоми дуо дастони худро бардорад ва пас аз поёни дуо онҳоро ба рӯяш бимолад. Аз Абдуллоҳ ибни Зайд (р) ривоят шуда, ки «Расули Худо (с) барои талаби борон ба намозгоҳ баромад. Он гоҳ рӯй ба қибла оварда дуо намуд ва борон хост». Абумусои Ашъарӣ (р) гӯяд, ки «Расули Худо (с) дуо кард ва дастони худро бардошт то ҷое, ки ман сапедии зери дастон (таги каш)-и ӯро дидам» (Саҳеҳи Бухорӣ, 4323).
б) Яке дигар аз одоби дуо ин аст, ки шахс дуои худро бо санои Худованд – бо зикри номҳои некӯяш ва бо нисори дуруд бар Паёмбари акрам (с) оғоз намояд ва инро дар миёна ва охири дуояш низ такрор кунад.
Ҳазорон дуруду ҳазорон салом,
Зи мо бар Муҳаммад алайҳи-с-салом!
(Шайх Саъдӣ)
Аз Фузола ибни Убайд омадааст: «Расули Худо (с) мардеро шунид, ки дар намозаш дуо мекард, вале дар ҳеҷ гӯшае аз дуояш бар вай (с) ду¬руд нафиристод. Паёмбар (с) гуфт: Ин мард ба шитоб роҳ дод». Он гоҳ он мардро фаро хонд ва (ҳамроҳ бо ҳозирон) иршод намуд: Чун яке аз шумо ба намоз пардохт, онро бо ба ҷой овардани маротиби ситоиш ба¬рои Худованд ва арзи сано бар ӯ оғоз намояд ва сониян бар паёмбар (с) дуруд фиристад, он гоҳ барои худ ҳар чӣ мехоҳад, дуо кунад».
в) Тазарруъ ва хушуъ дар дуо муносибтарин ҳолати банда ба мақоми арзи ниёзҳои худ ба пешгоҳи Худованд мебошад ва Худо аз дуогӯй риояи онро хостааст, онҷо ки мефармояд: “Парвардигори худро ба зорӣ ва пинҳон (аз мардум) бипарастед! Ҳамоно Ӯ азҳадгузарандагонро дӯст намедорад” (сураи Аъроф, ояти 55).
ғ) Бо исрор дуо намудан низ яке дигар аз одоби дуо аст, ба ин маъно ки банда бояд борҳо ва борҳо ва ба сурати пайгирона ниёзи худро ба пешгоҳи Худо арз намояд. Зеро ин худ навъе аз фурӯтанӣ, шикастанафсӣ ва гумони хуб доштан дар ҳаққи Худованд аст. Аз Абузуҳайри Намирӣ ривоят шуда, ки «Шабе ҳамроҳи Паёмбар (с) хориҷ шудем. Гузари мо бар марде афтод, ки дар пурсиши (талаби) худ аз Худованд исрор (пофишорӣ) менамуд. Расули Худо (с) аз роҳ боз истода ва ба вай гӯш дод. Сипас гуфт: «Барои худ (биҳиштро) воҷиб гардонид, агар хатм намояд». Пурсида шуд, ки эй Расули Худо (с), бо чӣ чиз хатм намояд? Фармуд: Ба омин ва худ баргашт. Ба он мард гуфтанд: Эй фалонӣ! Дуоятро бо омин хатм намо ва башорат ёб!».
д) Се бор такрор намудани ниёз ва дархости худ дар дуо низ аз равиши Паёмбар (с) будааст. Аз ибни Масъуд (р) ривоят шуда, ки «Се бор дуо намудан ва се бор истиғфор кардан барои Расули Худо (с) бисёр мақбул ва писандида буд».
е) Яке дигар аз равиши Паёмбар (с) дар дуо он буд, ки онро аввал барои худ шуруъ мекард. Аз Убай ибни Каъб ривоят шуда, ки «Расули Худо (с) вақте касеро ба ёд меовард ва барояш дуо мекард, онро аз худ шуруъ мекард». Худованд низ вақте аз бандагони некӯкори худ сухан гуфта, фармудааст: «Ва (низ) аз они касоне аст, ки баъди муҳоҷирон омаданд; мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мо ва бародаронамонро, ки дар имон овардан бар мо пешӣ гирифтанд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кинае манеҳ! Эй Парвардигори мо, ба дурустӣ ки Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ» (сураи Ҳашр, ояти 10).
ё) Умеди қатъӣ ва содиқ ба пазируфта шудани дуо далели қувва¬ти (устувории) имон ва гумони хуб доштан дар ҳаққи Худованд аст. Бояд дуогӯй ниёзи худро бо ҷиддият ва бе ҳеҷ гуна тараддуд ва дуди¬лагие аз офаридгораш бихоҳад, зеро Ӯ, субҳонаҳу, анҷомдиҳандаи мутлақулихтиёр ва тавоно бар ҳар корест.
Аз Абуҳурайра (р) низ ривоят шуда, ки расули Худо (с) фармуд: «Худоро дар ҳоле бихонед, ки ба пазируфта шудани дуоятон яқин дош¬та бошед. Бидонед, ки Худо ҳаргиз дуои бархоста аз қалби ғофил ва бехудро иҷобат нанамояд». Яъне дар ҳоле бошед, ки шоистагии пазируфта шудани дуоятонро дошта бошед. Ҳамчунин аз ӯ ривоят шуда, ки расули Худо (с) фармуд: «Дуои ҳар яке аз шумо то замоне муста¬ҷоб мегардад, ки аз рӯи шитоб нагӯяд: Парвардигорамро дар ҳақиқат дуо кардам, вале бароям чизеро мустаҷоб нагардонид» (Саҳеҳи Бухорӣ, 6340; Саҳеҳи Муслим, 6869-70 (2735)-90-91). Дар ривояти дигар омадааст: «Ҳамеша дуои банда иҷобат мешавад, модоме ба гуноҳ ва ё қатъи (силаи) раҳм дуо накарда бошад ва то вақте дар он истиъҷол – шитоб накарда бошад. Пур¬сида шуд: Эй расули Худо (с), истиҷол чист? Фармуд: Мегӯяд: Дуо кардам ва дуо кардам, ҳеҷ надидам, ки дуоям мустаҷоб шавад, он гоҳ ҳасратзада мегардад ва дуо¬ро тарк мекунад!» (Саҳеҳи Муслим, 6871 (2735)-92).
Аз ин ҳадиси шариф бармеояд, ки ба шитоб роҳ додан дар пази¬риши дуо аз ҳавзаи одоби дуо берун буда, ба гунае эътироз намудан ба қазову қадари илоҳӣ ба шумор меравад.
ж) Ба вақти дуо забону дил ва зоҳиру ботини худро бо ҳам муво¬фиқ намояд ва ҳавоси худро аз ғафлат берун орад!
Забону дил мувофиқ соз ҳангоми дуо кардан,
Ба як ангушт натвон уқда аз сар ришта вокардан!
(Муҳаммадалии Тоиф)
з) Одоби дигари ин боб бо садои маҳин ва миёна – на баланд ва на паст, дуо кардан аст. Қуръони карим ба беҳтарин сурати дуо, ки бо садои маҳин ва миёна аст, иршод намудааст: «Парвардигори худро ба зорӣ ва пинҳон (аз мардум) бипарастед!» (сураи Аъроф, ояти 55). Дар ҷои дигар мефармояд: «Ва намози худро (ин ҳама) ба овози баланд махон ва онро (ин ҳама) паст махон ва миёни ину он роҳе биҷӯй!» (сураи Исро, ояти 110).
Паёмбари акрам (с) иршод намуда, ки садои пасту маҳин ҳам дар зикр ва ҳам дар дуо зебо ва дӯстдоштанист. Дар хабар аст, ки Абумусои Ашъарӣ (р) гуфт: «Дар сафаре будем. Мардум садои такбири худро баланд намуданд. Паёмбар (с) ба эшон гуфт: Бар худ нармӣ намоед. Шумо ба таъкид, на кар ва на ғоиберо мехонед. Ҳатман шунаво ва биноеро мехонед, ки ҳамроҳи шумост. Он Худоеро, ки мехонед, барои ҳар яки шумо аз гардани уштураш ҳам наздиктар аст».
Аммо агар имом барои таълими зикрҳо ва дуоҳо ва ҷиҳати тазаккури намозгузорон садояшро бо зикру дуо баланд намояд, он боке надорад.
и) Гӯшаи дигаре аз одоби дуо он аст, ки дуогӯй ҳарчи бештар дуоҳои ҷавомеи мавҷуд дар Қуръон ва суннатро мавриди истифода қарор диҳад ва аз саҷъпардозиҳои пуртакаллуф, лафзҳои мубҳам (норавшан) ва маонии дарҳам дурӣ намояд. Зеро дуо мақоми ниёз ва таваҷҷуҳ ба Худост, пас бо каломи худаш ҳам бошад, бояд ба иборае ифо¬да гардад, ки ақл ба фаҳми он бирасад, қалб ҳаловат барад ва виҷдони банда оромиши худро дарёбад.
Ин дуоро инсиён таҳсин кунанд,
Хатм кун то қудсиён омин кунанд!
(Хоқонӣ)
Дар ривоятҳои суннат омадааст, ки расули Худо (с) дар дуои истисқо пушти дастонашро ба тарафи осмон ва каффи онҳоро ба сӯи замин мекард ва дар дигар дуоҳояш каффи онҳоро ба сӯи осмон ме¬кард. Бинобар ин, одоби дигари дуо назди аиммаи дин он аст, ки дар дуоҳое, ки барои рафъи офат ва дафъи бало мешаванд, дуогӯй пуш¬ти дастонашро ба тарафи осмон ва каффи онҳоро ба сӯи замин гардо¬над ва дар дуоҳое, ки барои талаби хайре бошанд, каффи онҳоро ба сӯи осмон кунад.
Возможно, это изображение 1 человек и текст

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top