ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
2. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
3. Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.
4. Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросими суннатиашон озод мебошанд.
ТАФСИР: БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Мақсад аз қабули Қонун ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз таассубу хурофот мебошад. То қабули қонун тартиби гузаронидани ҷашну маросими мардумӣ муайян набуда, онҳо пурдабдабаю серхароҷот гузаронида мешуданд, ва на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд. Зиёда аз ин, гузаронидани ин ҷашну маъракаҳо номутобиқатӣ ба арзишҳои башарӣ, аз қабили худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, фарҳангпарварӣ, инсонпарварӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки маҳсули ҷомеаҳои тамаддунпарвар мебошанд, ба миён оварда буданд. Бенизомӣ ва харҷу исрофи зиёдатӣ дар гузаронидани ҷашну маросим, аз як тараф, вазъи молиявии шаҳрвандонро касод, ва ҳолати рӯҳии онҳоро хароб намуда, аз тарафи дигар, ҳисси нотавонию бадбиниро дар байни мардум вусъат медод. Қонуни мазкур бо роҳи ба танзим даровардани баргузории ҷашну маросим ва манъи ҳароҷоти зиёдатӣ дар баргузории онҳо молу сарвати шаҳрвандон ва қисман ҳаёту саломатии шаҳрвандонро ҳимоя мекунад. Барои гузаронидани ҷашну маросим шаҳрвандон маблағҳои зиёд харҷ намуда, худро зери бори гарони масъулияти қарз мегузоранд. Ин ҳолат бошад, дар аксари вақт боиси касодии буҷаи оила, носозию нооромиҳо дар оила ва дар ин замина бад гаштан ва ё канда шудани муносибатҳои оилавӣ мегарданд. Зарурати ба низоми ҳуқуқӣ даровардани баргузории ҷашну маросим, мутобиқ гардонидани онҳо бо эҳтиёҷоти ҷомеа ва мувофиқ намудани онҳо ба арзишҳои башариро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, дар суханрониашон ҳангоми вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа оид ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросими динӣ 24 майи соли 2007 қайд карданд: «То расму ойин ва маросими милливу динии ҳудро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Тибқи моддаи тафсиршаванда, мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонуни тафсиршаванда ҳамзамон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ низ равона карда шудааст.
2. Дар асоси қисми дуюми моддаи тафсиршаванда танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ вазифаи Қонуни мазкур мебошад. Меъёри мазкур ворид намудани тафаккури замони муосирро дар шинохти арзиши олӣ доштани ҳаёти инсон ва фарди алоҳида дар баробари дигар арзишҳои инсонӣ ифода менамояд. То имрӯз мардуми мо бо таъсири урфу одатҳо, аз қабили «ҳамсоя чӣ мегӯяд», «мардум айб мекунанд», «нони мардум пеши мардум қарз» ва ғайраҳо ақидаю манфиати шахсони дигарро аз манфиатҳои шахсӣ ва оилавиашон боло мегузоранд. Ҳангоми таҳия ва қабули Қонуни мазкур талаботи арзишҳои миллӣ ва динӣ васеъ истифода бурда шуда, то ба қадри имкон кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки ба манфиати мардум зарар расонида нашавад. Дастовардҳои фарҳангии мардуми мо, ба монанди ҳурмату эҳтиром, роҳ надодан ба хароҷоти зиёдатӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати якдигар ва ғайра ба назар гирифта шудааст. Дар баробари ин арзишҳои башарие, ки дар кишварҳои мутамаддини дунё оид ба сарфакории молу мулк мавҷуд аст, ба назари эътибор гирифта шудааст. Ҳамин тавр, вазифаи Қонуни мазкур бо такя ба дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва динии мардум, инчунин фарҳанги тамаддуни ҷаҳонӣ ба таъмини пешрафти ҷамъият ва давлат мусоидат намудан мебошад.
3. Қисми сеюми моддаи тафсиршаванда амали Қонуни мазкурро нисбат ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, паҳн намуда, дар сурати риоя накардани он ҷавобгариеро пешбинӣ менамояд, ки дар қонунгузории кишварамон муқаррар карда шудааст.
Қонуни мазкур дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд ва фаъолият мекунанд, татбиқ мегардад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон кору истиқомат доранд, дар баргузории ҷашну маросим талаботи Қонунро бояд риоя намоянд.
4. Тибқи қисми 4 моддаи тафсиршаванда ақаллиятҳои миллии дар Тоҷикистон истиқоматкунанда дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур метавонанд анъана ва ҷашну маросими суннатиашонро баргузор намоянд. Онҳо дар гузаронидани анъана, ҷашн ва маросими динӣ ва миллии худ озод буда, метавонанд онҳоро дар доираи талаботи Қонун гузаронанд. Ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ва маросими дафну азодорӣ тибқи талаботи дину мазҳабашон ва Қонуни мазкур амал менамоянд. Дар ҳолати мавҷудияти маросиме, ки маҳз хусусияти миллии онҳоро ифода менамояд, ақаллиятҳои миллӣ метавонанд ҷашну маросимро бо риояи вақт ва миқдори иштироккунандагоне, ки дар Қонуни мазкур муайян шудааст, баргузор намоянд.
Дар маъракаҳое, ки бо хӯрок додан сурат мегиранд, теъдоди ширкаткунандагон ва вақти баргузории он бояд бо дарназардошти талаботи Қонуни мазкур анҷом дода шаванд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top