ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023

Фаъолияти Кумита дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳо ва нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

           Кор бо иттиҳодияҳои динӣ.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ ва 3 ҷамоатхона, дар маҷмуъ 4058 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Кумита бо мақсади амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2017, №33 “Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” ҷиҳати ба тартиб даровардани қабристонҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти даватии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста ҳамкорӣ менамояд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда маълум гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 3982 қабристони амалкунанда мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, дар ВМКБ – 528 адад, вилояти Хатлон – 1277 адад, вилояти Суғд – 906 адад, шаҳри Душанбе – 5 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1266 адад.

Дар ин давра аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи беш аз 7 млн. 500 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.

Аз ҷониби ходимони дини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади иштирок дар раванди корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ 39413 адад гулҳои ороишӣ, 9555 бех дарахтони мевадиҳанда ва 31306 бех дарахтони сояафкан, дар маҷмуъ 80274 бех дарахт ва гулу гулбутаҳо шинонида шуд.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа айни ҳол 113 воҳиди кории омӯзгорону кормандон (78 омӯзгорон ва 35 кормандони техникӣ) тасдиқ шудааст. Дар маҷмуъ, дар Донишкадаи мазкур ҳудуди 731 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ

Кумита тибқи тартиб корҳои омодагиро ба мавсими ҳаҷ оғоз намуда, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавими ҳаҷи соли 2023- ро 59 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Маросими ҳаҷ дар соли 2023 дар сатҳи баланди ташкили баргузор гашт. Мутаассифона, дар ин сафар 4 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо марги табиӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот карданд ва тибқи тартиб онҳо дар ҳамон ҷо дафн шуданд.

 

Ташхиси давлатии диншиносӣ

Кумита дар соли 2023 дар асоси 340 дархост 1927 номгӯй адабиёти динӣ ва 11500 адад варақаро ҳамагӣ дар ҳаҷми 435101 саҳифа, баробар ба 27193,81 ҷузъи чопӣ, инчунин 50587 адад сабтҳои видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дод.

Аз ин теъдод ба 205 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ хулосаи манфӣ ва ба 135 дархост хулосаи мусбат дода шуд.

 

Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар давраи ҳисоботӣ хатнасури хайриявии 1233 тифл ва тӯйи домодию арӯсии 175 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона гузаронида шуд.

Дар ин давра тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 26204 рейд (аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 6918, ВМКБ 299, вилояти Суғд 5483, вилояти Хатлон 5546, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7958) гузаронида шудааст.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 аз ҷониби судҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя нагардидани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 826 парванда баррасӣ гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 56 ҳолат зиёд мебошад. Аз теъдоди умумӣ 8 парванда қатъ карда шуда, вобаста ба 818 ҳолати боқимона қарори дахлдор бароварда шудааст. Маблағи умумии ҷаримаҳо 4 миллиону 689 ҳазору 502 сомониро ташкил медиҳад.

 Муроҷиати шаҳрвандон

Аз ҷониби Раиси кумита ва муовинони ӯ рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон мунтазам ба роҳ монда шуда, муроҷиати онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top