Соли 2023 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 13 ҳазор нафар ба ҳаҷи умра рафтаанд. Дар баробари ин 63 ҳолати риоя нагардидани моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», яъне маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ, ҳоҷизиёрат сабт шудааст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, аз зиёд шудани ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт изҳори нигаронӣ намуд.
Ба гуфтаи раиси кумита, маъракаи ҳоҷиталбон ё ҳоҷиошӣ ягон зарурати динӣ надорад, аммо имрӯзҳо аз сабаби нофаҳмӣ ҳолати худнамоӣ байни ҳоҷиён зиёд ба назар мерасад. «Ҳаҷи фарзӣ ё умра фаризае барои ҳар мусалмон аст, ки барои худ иҷро менамояд. Мардуми мо гоҳе номи «ҳоҷӣ»-ро ҳамчун унвони хосса қабул намуда, аз он истифода мебаранд. Ин баёнгари он аст, ки мардум мафҳуми дурусти онро сарфаҳм намераванд. Табиати дилхоҳ ибодат он аст, ки бояд ошкор ва дар зоҳири ом набошад. Аммо маълум нест, ки мардуми мо ин маросимро аз куҷо гирифтаанд, ки баръакс, савобияти ин корро кам менамоянд. Дилхоҳ ибодат агар пинҳон бошад, савобаш бештар аст»,- изҳор дошт Сулаймон Давлатзода.
Таъкид гардид, ки омили риоя нагардидани ин модда ба нафаҳмидани моҳияти қонун ва фаъолияти хуб надоштани комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки дар маҳал мебошанд, вобаста аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 501 комиссияи доимии танзими ҷашну маросим дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияву ҷамоатҳои шаҳру деҳот амал менамоянд. Давоми як моҳи охир зимни гузаронидани санҷиш аз тарафи кормандони Раёсати танзими ҷашну маросим беш аз 30 ҳолати қонуншиканӣ дар самти риоя нагардидани талаботи моддаи 12, яъне ҳоҷиошӣ, ҳоҷиталбон ва ҳоҷизиёрат ошкор гардид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»