Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ҷамоату деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи Марказ суҳбату вохӯриҳо доир гашта истодааст.
Санаи 1 – уми марти соли равон, аз ҷониби кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва Турсун Туйчиеви шаҳри Турсунзода вобаста ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани донишу маънавиёти ҷавонон ва талқини таҳаммулпазирӣ, омӯзиши муқаррароти Консепсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, қонунҳо ва санадҳои дигари муъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои озодии виҷдон ва баланд бардоштани сатҳи хештаншиносиву ватандӯстии сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.