Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» имзо гузоштанд.
Тибқи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ҳамаи хонандагон ба таълими миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд. Онҳо таълими миёнаи умумиро метавонанд дар муассисаҳои миёнаи умумӣ ё дар муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гиранд. Тағйироти мазкур имкон медиҳад, ки хонандагон дар як вақт ҳам соҳиби маълумоти умумӣ ва ҳам соҳибкасб гарданд. Тағйироти воридгардида ба тайёр кардани кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» барои такмили низоми ташкилоти суғуртавӣ, назорати фаъолияти иштирокдорони бозори суғурта ва танзими низоми иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ равона гардидааст.
Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.