ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ МАВСИМИ ҲАҶ-2024 МУАЙЯН ШУД

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷи соли равон 57 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд. Маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо (рафту баргашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо истифода мешавад.
Довталабони сафари ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд.
Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст.
Зимнан, Кумита ба иттилои ҳамватанон мерасонад, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар намудани довталабон барои адои маносики ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳо амалӣ карда мешавад.
Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки ширкатҳои сайёҳӣ ва афроди алоҳидае аз кишварҳои дигар бо таблиғоти густурда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро барои адои маросими ҳаҷ дар соли равон даъват намуда истодаанд. Ҳамватанони мо бояд донанд, ки ҳеч шахс ва ҳеч ширкати сайёҳие салоҳият ва имконияти сафарбарнамоӣ ва таъмини шароити будубоши ҳаҷравандагонро надорад. Таблиғоти чунин афрод танҳо бо ҳадафи тақаллуб ва фиреби сокинон ба роҳ монда шудааст.
Гузашта аз ин, тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13300 доллари амрикоӣ), ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Бо дарназардошти нуктаҳои боло аз ҳамватанон хоҳиш карда мешавад, ки ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода нашаванд, то ба доми фиреби онҳо науфтанд.
Возможно, это изображение 4 человека

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top