дар бораи озмуни интихоби роҳбаладон дар мавсими Ҳаҷ-2024
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладон барои мавсими Ҳаҷ-2024 озмун эълон менамояд.
Шартҳои озмун:
- Огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ;
- Доштани малака ва маҳорати хуби ташкилотчигиву муошират бо зоирин;
- Донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират.
Дар озмуни роҳбаладони мавсими Ҳаҷ-2024 нафарони синнашон то 60 -сола иштирок карда метавонанд. Бартарият ба нафароне дода мешавад, ки камтар аз 3 маротиба ба ҳайси роҳбалад ва ё зоир ба ҳаҷ сафар кардаанд.
Ҳуҷҷатҳои лозима:
- Ариза ба номи раиси Кумита;
- Нусхаи шиноснома;
- Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
- 2 адад акси 3/4;
- Варақаи шахсӣ.
Танҳо нафарони ба меъёрҳо мувофиқбуда, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то 29-уми марти соли 2024 ба Кумита дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420.
Телефон: 2336962