Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Ирами ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо иштироки масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинону фаъолони ҷамоати деҳоти номбурда суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ мазмуну муҳтавои дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон ЭмомалӣРаҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баён доштанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аҳли ҷамъомад фикру андешаҳои худро дар мавриди мулоқоти доиргашта баён намуда, онро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.