ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ҲАМОИШИ МУФИД

Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамоиш ҷиҳати омӯзиши суханронии пурмӯҳтавои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимон дин ташкилу баргузор гардид.
Дар кории ҳамоиш роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Федератсия ва кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқҳои касаба, иштирок намуданд.
Дар назди ҳозирин ҳамчунин корманди масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Аминов баромад карда, бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро мавриди тавзеҳ қарор дод.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top