Тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия дар масҷиди панҷвақтаи Деҳи Сабури шаҳри Норак бо намозгузорандагон вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз вохӯрӣ намуданд.
Дар ин вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи корӣ, мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Раҳимзода Диловар, муовини Сархатиби шаҳр-Бобиев Ҳақназар, вобаста ба иҷрои талаботҳои Қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷиноят, ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, хурофотпарастӣ ва пешгири аз ғарқшавӣ ҳангоми оббози дар ҷойҳои номуайян баромад намуданд.
Инчунин гуфта шуд, ки ҳар як намозгузоранда, ки аҳли дину тақво аст метавонад дар навбати худ ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон ва аҳли ҷомеа мусоидаткунанда бошад.