ВНМО ЧИСТ? РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ СИРОЯТИ ВНМО
ФАКТҲОИ МУҲИМ.
- ВНМО – вирусест, ки ба системаи масуният, муҳофизати одам зарар мерасонад.
- Агар шахси бо ВНМО зиндагикунанда аз табобат даст кашад, системаи масунияти ӯ заиф шуда, дигар бо сироятҳо ва бемориҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда мубориза бурда наметавонад.
Организми шахсе, ки гирифтори ВНМО аст ва табобати зиддиретровирусӣ намегирад, бо сироятҳо ва бемориҳо мубориза бурданаш душвор мешавад.
Ҳамин тавр, агар ВНМО табобат карда нашавад, дар муддати то 10 сол системаи масуният осеб мебинад, дигар худро ҳимоя карда наметавонад, марҳилаи БПНМ ба амал меояд ва шахсро ба марг мерасонад.
Бо вуҷуди ин, суръати пешравии ВНМО вобаста ба синну сол, саломатии умумӣ ва тарзи ҳаёти худи инсон, ки то кадом андоза ҳаёти солим мебарад, вобастагӣ дорад.
Фактҳои асосӣ дар бораи ВНМО
- Шахсони бо ВНМО зиндагикунанда метавонанд табобати зиддиретровирусиро, ки барои ҳама дастрас, ройгон ба рох монда шудааст ва натиҷааш самаранок мебошад, гиранд.
Табобати зиддиретровирусӣ сифати зиндагии шахсро хуб намуда, умрашро дароз менамояд.
- Шахси гирифтори ВНМО ҳар қадар барвақт ташхис карда, ба табобат фаро гирифта шавад, саломатӣ ва сифати зиндагияш хуб мешавад.
- Табобати самаранокии зиддиретровирусӣ сатҳи ВНМО-ро дар бадан паст мекунад, ки санҷиши хун онро муайян карда наметавонад ва сарбории вирусии он дар сатҳи “номуайянӣ” қарор мегирад. Шахси дар ин марҳила қарордошта нисбати атрофиён бехатар аст ва наметавонад вирусро ҳангоми ҳамхобагӣ ба шарики худ ё ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд ба тифли худ гузаронад.
- Санҷиши хун ҷиҳати мавҷуд будани вирус ягона роҳи муайян кардани сирояти ВНМО мебошад.
- ВНМО дар нутфа, хун, моеъҳои маҳбал ва шири модар ошкор шудааст.
- ВНМО ба воситаи арақи бадан, оби даҳон ва пешоб намегузарад.
- Беҳтарин роҳи пешгирӣ ин содиқ будан ба ҳамсари худ мебошад.
- Истифода намудани рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони номаълум беҳтарин роҳи пешгирии ВНМО ва дигар бемориҳое, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, мебошад.
- Агар шахс маводи нашъаоварро ба воситаи сӯзандору истеъмол намояд, ҳамеша аз сӯзандоруи яккарата истифода барад ва ҳеҷ гоҳ таҷҳизотро якҷоя бо дигарон истифода набарад.
- Зани ҳомилаи гирифтори ВНМО, ки аз табобати зиддиретровирусӣ саркашӣ менамояд, бояд дарк намояд, ки бо ин амалаш метавонад ҳаёти тифли худро дар хатар гузорад. Зани ҳомиладор, ки табобати зиддивирусиро намегирад, ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмакконӣ метавонад тифлашро сироят намояд. Барои пешгирии хатари интиқоли ВНМО аз модар ба фарзанд бояд табобати зиддивирусиро оғоз намуда, ба кўдак шири сунъӣ (ивазкунандаи шири модар) дода шавад.
БПНМ ЧИСТ?
Бемории пайдошудаи норасоии масуният маҷмӯи аломатҳо (ё синдром, бар хилофи вирус) ва марҳилаи охирини ВНМО мебошад. Ҳамон вақт шахсро гирифтори БПНМ меҳисобанд, ки системаи масунияти онҳо барои мубориза бо сироят хеле заиф аст ва дар организми ӯ аломатҳои мушаххаси муайянкунанда ва бемориҳои ҳамрадиф инкишоф меёбанд. Ин марҳилаи охирини ВНМО мебошад ва хавфи марг дар ин марҳила хеле зиёд аст.
Фактҳои асосӣ дар бораи БПНМ
- БПНМ – маънои бемории пайдошудаи норасоии масуниятро дорад; Инро сирояти афзояндаи ВНМО ё марҳилаи охирини ВНМО низ меноманд.
- БПНМ маҷмӯи бемориҳое мебошад, ки дар натиҷаи сирояти афзояндаи ВНМО ба вуҷуд омада, системаи масуниятро вайрон мекунад.
- Ҳоло шумораи камтари одамон ба БПНМ гирифтор мешаванд, зеро табобати зиддиретровирусӣ дастрас ва ройгон ба роҳ монда шудааст.
Агарчӣ то ҳол ВНМО бемории табобатнашаванда ҳам бошад, ин бемории музминӣ (хроникӣ)-и идорашаванда мебошад. Роҳи беҳтарин идоракунии ВНМО айни замон ин табобати зиддиретровирусӣ мебошад.
Мавриди табобат ва дастгирии дуруст шахсони бо ВНМО зиндагикунанда метавонанд умри дарозу ҳаёти солим бинанд. Барои ин пайравӣ намудан ба табобати зиддиретровирусӣ муҳим аст[1].
Ин ба кӣ дахл дорад?
ВНМО интихоб намекунад: ҳар кас метавонад ба ВНМО сироят ёбад. Ҳамарӯза дар дунё 12 000 кас ба ВНМО гирифтор мешаванд, зиёди онҳо ҷавонон мебошанд.
Оё шахсеро, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунад аз рӯи намуди зоҳирӣ муайян кардан имконпазир аст?
Бо дидани шахс муайян кардан ғайриимкон аст, ки вай бо ВНМО зиндагӣ мекунад ё на. Шахси бо ВНМО зиндагикунанда метавонад солим ба назар расад ва худро хуб ҳис кунад, аммо вай дар ҳолати нагирифтани табобати зиддиретровирусӣ метавонад ба атрофиён хатарнок бошад ва вирусро ба дигарон гузаронад. Санҷиши хун ҷиҳати мавҷуд будани вирус ягона роҳи муайян кардани сирояти ВНМО мебошад.
Чӣ тавр шумо бо ВНМО сироят ёфта метавонед?
ВНМО дар моеъҳои зерини бадани шахси бо ин вирус зиндагикунанда ошкор шудааст ва хатарнок ба ҳисоб меравад:
- хун
- нутфа
- тараҳушоти маҳбал
- шири сина.
Барои ба ВНМО гирифтор шудан ин моеъҳои бадан бояд ба бадани шумо, ё ба воситаи пӯсти осебдида тавассути сўзандоруи сироятёфта, ё худ маводҳои буранда ва ё халандаи таъмизнашуда, дохил шаванд. Ба воситаи шири модарӣ дар ҳолате, ки ба кўдак додани шири модарии сироятёфта, ки табобати зиддиретровирусиро намегирад. Дар дигар моеъҳои бадан, аз қабили оби даҳон, арақи бадан ё пешоб, миқдори вируси ВНМО кофӣ нест, то ки аз як шахс ба шахси дигар гузарад.
Сарбории вирусии “номуайян” чӣ маъно дорад? Яъне, табобати самаранок миқдори вирусҳоро дар хун кам мекунад ва шахс дар ин давра нисбати атрофиён бехавф буда, вирусро паҳн карда наметавонад.
Шахси бо ВНМО зиндагикунанда, ки сарбории вирусии муайян дорад, метавонад вирусро ба дигарон гузаронад, новобаста аз он ки аломатҳо дошта бошанд ё не.
ВНМО дар чанд ҳафтаи аввали пас аз сироят хатарнок аст. Дар ин давра бисёр одамон мақоми худро намедонанд ва ин давраро давраи номуайянӣ меноманд.
Роҳҳои асосии сирояти ВНМО:
Алоқаи ҷинсӣ бе рифола
- Алоқаи ҷинсии бе ҳифз (яъне, алоқаи ҷинсӣ бе рифола бо шахсе, ки бо ВНМО зиндагикунанда мебошад,
Истифодаи якҷояи таҷҳизоти тазриқӣ
- Истифодаи якҷояи сӯзанҳо, сӯзандоруҳо ё дигар таҷҳизоте, ки барои сӯзандоруи маводи нашъаовар истифода мешаванд, бо шахсе, ки бо ВНМО зиндагикунанда мебошад.
- Модари бо ВНМО зиндагикунанда, ки табобати зиддиретровирусӣ намегирад, хатари сироятшавии кудак ба ВНМО дар давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ меафзояд.
- Хатари сирояти маҳбалӣ дар марҳилаҳои охири ҳомиладорӣ ва ҳангоми таваллуд меафзояд. Дар вақти таваллуд ҷанин бо хуни модар олуда мешавад, ки дар вақти бардоштани осеб метавонад хатари сироятёбии кудак зиёд гардад. Аз ҳамин лиҳоз, барои пешгирии ВНМО аз модар ба кудак бояд ҳама чораҳои пешгирикунандаро риоя намуд.
- Дар шири модар ҳуҷайраҳои зиёди ВНМО вуҷуд доранд, барои паст намудани миқдори вирус дар организми зан ӯро ба табобати зиддиретровирусӣ бояд фаро гирифт, то ин ки хатари сироят аз модар ба кудакро ба сифр расонд.
- Бояд кайд намуд, ки ба модари гирифтори ВНМО маконидани шир катъиян манъ аст.
- Тибқи моддаи 163 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки волидони фарзандони бо ВНМО таваллудшуда ҳуқуқи дастрас намудани маводи ивазкунандаи шири модар аз ҳисоби давлатро доро мебошанд.
Муҳим аст, ки ҳамаи кӯдаконе, ки аз модарони бо ВНМО зиндагикунанда таваллуд шудаанд, шири сунъӣ гиранд.
Агар шумо фикр кунед, ки ба ВНМО дучор шудаед, ягона роҳи муайян кардани он, аз ташхиси ВНМО гузаштан мебошад.
Қолабҳо, бофтаҳо ё худ афсонаҳо оиди ВНМО.
Дар бораи ВНМО афсонаҳои зиёде мавҷуданд. Баъзе касон бархато чунин меҳисобанд, ки ВНМО ба воситаи ҳаво паҳн шуда метавонад (ҳарчанд ВНМО дар ҳаво зинда монда наметавонад). ВНМО ба воситаи оби даҳон, тамоси тасодуфӣ, ламс кардани курсиҳои ҳоҷатхона ё газидани пашшаҳо намегузарад.
Ҳамин тариқ, ВНМО намегузарад:
- ба воситаи ҳаво, ҳангоми сулфа ва атса задан;
- ба воситаи хӯрок;
- дар ҳавзи шиноварӣ;
- ҳангоми дастфишорӣ;
- ҳангоми бӯса;
- зарфҳои хӯрокворӣ;
- ба воситаи либос ва пойафзол;
- ҳангоми шустушӯй дар ҳаммом;
- газидани ҳашаротҳо, ва ҳайвонот.
Чӣ тавр ман худро аз ВНМО муҳофизат карда метавонам?
Якчанд воситаҳои муҳофизат аз ВНМО ҳастанд, аз он ҷумла:
- Содиқ будан ба ҳамсари худ!
- Истифодаи дурусти рифола ҳангоми алоқаи ҷинсии тасодуфӣ.
Дар хотир бояд дошт!
- Рифола бояд сифати баланд дошта бошад, муҳлати истифодааш нагузашта, осебнадида бошад.
- Рифола бояд дар бастаи вакуумӣ бошад.
- Рифола ҳамчунин пешгирикунандаи дигар бемориҳои сироятӣ мебошад.
- Аз истифодаи якҷояи сӯзанҳо, сӯзандоруҳо ва дигар таҷҳизоти сӯзандорукунӣ худдорӣ намоед. Аз таҷҳизотҳои яккарта истифода намоед
- Зани ҳомиладори гирифтори ВНМО ҳатман ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шавад, зеро ин хатари гузаштани ВНМО-ро ба кӯдак ҳангоми ҳомила, таваллуд ва ширмаконӣ ба сифр мерасонад.
- Ҳангоми хунгузаронӣ, трансплантатсияи узв ё бофта аз ҷиҳати ВНМО надоштан санҷида шудааст ё не.
- Кормандони тиб дар рафти кор ҳама қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологиро бояд риоя кунад (пӯшидани таҷҳизоти муҳофизатӣ, дастпӯшак, айнак, шустани дастҳо пас аз тамос бо хун ва дигар моеъҳои биологӣ).
- Тарзи дурусти рафъи партовҳои бурандаю халандаи тиббӣ.
Оё ман ҳангоми машғул шудан ба варзиш аз сирояти ВНМО тарсам?
Не, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки сирояти ВНМО ҳангоми бозӣ (варзиш) гузарад. Агар бадан осеб дида, хун равад, барои боздоштани хунравӣ бояд чораҳои умумӣ андешида шаванд.
Ин тавр нест!
Ҳангоми олудашавӣ бо моеъҳо (хун, нутфа, тараҳушоти маҳбал ва шири модар) миқдори кофии вирус дар он бояд мавҷуд бошад – консентратсияи сирояти ВНМО омили муайянкунандаи сироят аст. Масалан, вирус дар хун консентратсияи баланд дорад.
Аксари фаъолиятҳои ҳаррӯза хатари гузаштани ВНМО-ро надоранд, зеро барои ин шароит нест. Роҳҳои парентералӣ (ба воситаи хун) ё амудии (аз модар ба кўдак) гузаштани сироятро барканор гузошта, мегӯем, ки барои гузаштани сироят одатан алоқаи ҷинсӣ лозим аст. Ҳатто дар ин мавридҳо эҳтимолияти гузаштани сироят дар давоми як амал то дараҷаи паст фарқ мекунад (аз 0 то 1,4% дар давоми як амал ҳисоб карда мешавад).
Чӣ тавр аз алоқаи ҷинсӣ гирифтори ВНМО шуда метавонед?
ВНМО ба воситаи нутфа ё тараҳушоти маҳбал ҳангоми алоқаи ҷинсии беҳимоя мегузарад.
Шумо танҳо аз шахси бо ВНМО зиндагикунанда, ки дорои сарбории муайяншудаи вирусӣ аст ва табобати ВНМО фаро гирифта нашудааст, бо ВНМО сироят ёфта метавонед.
Муоина барои ошкор кардани ВНМО
Ташхиси сирояти ВНМО раванди мураккаб ва масъулиятнок аст. Бояд гуфт, ки мувофиқи моддаи 161-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ барои ошкор намудани сирояти ВНМО» муоина ихтиёрӣ ва бо розигии шахси муоинашаванда буда, бояд пеш аз гузаронидани санҷиш ва баъд аз он машваратҳо гузаронида шаванд (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №171 аз 01.04.2008 сол). Дар аксари мавридҳо шахсони бехабар даъват мекунанд, ки тамоми мардум барои ошкор кардани сирояти ВНМО аз муоина гузаранд. Бояд гуфт, ки аввалан, ин амал ҳуқуқи инсонро поймол мекунад. Сониян, бо назардошти «давраи номуайянӣ» ва як қатор омилҳои дигар, дастгирӣ намудани чунин тадбир дуруст нест.
Сирояти ВНМО метавонад муддати зиёд (то 10 сол) аломатҳои зоҳирӣ надошта бошад. Шахси бо ВНМО зиндагикунанда худро солим ҳис мекунад ва дар назари дигарон солим метобад, аммо дар ин давра худаш надониста, дигаронро ба сироят гирифтор карда метавонад.
Ташхиси сирояти ВНМО танҳо дар асоси ташхиси хун/тадқиқи лабораторӣ барои муайян кардани подтанҳо (антитела) ба ВНМО муқаррар карда мешавад. Аммо, агар санҷиш барои ошкор кардани подтанҳо ба ВНМО фавран пас аз сироят ё дар 3 моҳи аввал пас аз сироят гузаронида шавад, пас натиҷа метавонад манфӣ бошад, чунки дар ин муддат шумораи подтанҳо барои муайян кардани он бо истифодаи тест ба даст оварда нашудааст. Ин давраро «давраи номуайянӣ» меноманд ва ба ҳисоби миёна аз 3 то 6 моҳ давом мекунад. Бинобар ин, пас аз 3 моҳи тамоси хатарнок санҷишро такрор кардан лозим аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис ва машварати ВНМО ба таври ихтиёрӣ, ройгон ва махфӣ дар Маркази мубориза бо ВНМО, марказҳои солимии репродуктивӣ ва ғайра гузаронида мешавад.
Тест барои ошкор кардани ВНМО дар якҷоягӣ бо машварат, дар як вақт ё пайиҳам, яъне ҳам пеш аз тест ва ҳам баъди ба даст овардани натиҷа гузаронида мешавад. Одатан, пеш аз тест, ҳангоми машварат бояд аз бемор пурсида шавад, ки оё ӯ дар бораи ВНМО чизе медонад. Агар медониста бошад, бояд аниқ кард, ки вай чиро медонад, то маълум шавад, ки оё тасаввуроти шахси тестшаванда дар хусуси ВНМО дуруст аст ё не. Агар тасаввуроташ нодуруст бошад, ба вай ҳамаи он чиро, ки дар боло зикр шуд, фаҳмонд.
Барои ташхис одатан намунаи хун гирифта мешавад. Тест имкон медиҳад, ки шахс дар муддати кӯтоҳ ҳақиқатро, яъне ҳолати ВНМО-и худро фаҳмад. Маълумот дар бораи дархост барои тест ва натиҷаҳои он махфӣ ҳисобида мешаванд ва фош кардани онҳо манъ аст.
Натиҷаҳои тест барои ошкор кардани ВНМО
Натиҷаи манфӣ нишон медиҳад, ки дар хуни ин шахс подтан бар зидди сирояти ВНМО ошкор нашудааст. Ин натиҷа он вақт ба даст меояд, ки:
- дар организми шахс ВНМО вуҷуд надорад;
- шахс бо ВНМО зиндагикунанда аст, аммо подтанҳо бар зидди он то ба андозаи зарурӣ («давраи номуайянӣ») ҳосил нашудаанд.
Барои комилан нодида гирифтани аломатҳои сироят (хусусан, ҳангоми рафтори хатарнок), пас аз 3 ва 6 моҳ тести дуюмро барои ошкор кардани ВНМО гузаронидан лозим аст. Натиҷаи мусбати тест барои ошкор кардани ВНМО шаҳодат медиҳад, ки подтанҳо (антитела) бар зидди сирояти ВНМО дар бадани инсон ҳастанд. Ин маънои онро дорад, ки ин шахс гирифтори ВНМО мебошад.
Чаро тест барои ошкор кардани ВНМО зарур аст?
- Барои фаҳмидани мақоми шумо;
- То он ки шумо аз ташвишҳову интизориҳои худ халос шавед;
- Агар натиҷа мусбат бошад, фавран ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шавед, то ки бад шудани саломатиро пешгирӣ намоед ва зиндагии муқаррарӣ дошта бошед. ВНМО-ро ба дигарон, махсусан ба шарики ҷинсӣ/шавҳар/зани худ нагузаронед.
Агар натиҷаи тест манфӣ бошад, маълумотро дар бораи пешгирии ВНМО ва сатҳи сирояти ВНМО ҷустуҷӯ кунед ва усулҳо ва воситаҳои муҳофизат аз ВНМО-ро истифода баред, то ки рафтори хатарнокро бо рафтори хатараш нисбатан кам иваз намоед.
Дар мавриди мусбат будани натиҷаи тест ба шумо дастгирии равонӣ дода мешавад, дар бораи зиндагӣ бо ВНМО маълумоти зарурӣ дода мешавад, оид ба табобат, ёрӣ расондан, дастрасӣ ба ҳама намуди хизматрасониҳо, дастгирии иҷтимоӣ ва алоқаҳои даркорӣ маълумот дода мешавад.
Таъсир ва оқибатҳои ВНМО ба одам:
- Беморӣ, аз даст додани қобилияти корӣ, эҳтимоли кам шудани музди меҳнат аз боиси беморӣ, агар табобати ЗРВ нагиред;
- Маҳдудиятҳо дар самтҳои фаъолияти касбӣ (ихтисосҳои тиббӣ);
- Имконияти тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳо (дискриминатсия) аз сабаби бо ВНМО сироят ёфтан.
Эъломияи сиёсӣ оид ба ВНМО ва БПНМ: Бо суръати бештар пурзӯр кардани мубориза бар зидди ВНМО ва хотима додани эпидемияи БПНМ то соли 2030[2] гуфта шудааст, ки ВНМО ва БПНМ ҳамчунон вазъияти фавқулодаи глобалиро ба вуҷуд меоваранд, ки аз нуқтаи назари инкишоф, пешрафт ва устувории ҷамъиятҳои мо ва умуман ҷаҳон яке аз мушкилоти ҳалнашаванда аст. Паҳншавии ВНМО аксар вақт сабаб ва натиҷаи камбизоатӣ ва нобаробарӣ мебошад.
Камбизоатӣ ва саломатии ғайриқаноатбахш бо ҳам робитаи зич доранд ва камбизоатӣ аз сабаби набудани дастрасӣ ба табобати ҳамаҷониба ва хӯроки мувофиқ ва хизматрасонии тиббӣ ва аз сабаби имконнопазирии пардохти хароҷоти вобаста ба табобат, аз ҷумла хароҷоти сафар, хатари паҳншавии ВНМО ва БПНМ-ро зиёд карда метавонад. Аз ҳамин сабаб, масъалаҳои пешгирии ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Ҳукумати кишвар афзалиятнок мебошанд.
НИШОНДИҲАНДАҲОИ СИРОЯТИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ДАР ҶУМҲУРӢ | |||||
Нишондиҳандаҳо | Аз соли 1991 то 31.12.2023 |
% | Соли 2022 | Соли 2023 | Зиёд ё камшавӣ |
Шумораи умумии шахсони сироятёфтаи ВНМО | 16129 | 100% | 1037 | 1100 | +63 |
аз онҳо мардон | 10271 | 63,7% | 662 | 695 | +33 |
аз онҳо занон | 5858 | 36,3% | 375 | 405 | +30 |
Роҳҳои гузариш | |||||
Алоқаи ҷинсӣ | 10534 | 65,3% | 890 | 973 | +83 |
Тазриқӣ | 4205 | 26,1% | 117 | 103 | -14 |
Аз модар ба кўдак | 610 | 3,8% | 30 | 24 | -6 |
Номаълум | 780 | 4,8% | 0 | 0 | 0 |
Фавт | 4433 | 27,5% | 61 | 66 | +5 |
Шахсони бо ВНМО зиндагикунанда | 11696 | 72,5% | 976 | 1034 | +58 |
Кўдакони то 18 сола бо ВНМО зиндагикунанда | 1058 | 9,0% | 58 | 68 | +10 |
Ҳамагӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд | 10456 | 89,4% | 955 | 1009 | +54 |
Эзоҳ: Дар 12 моҳи соли 2023 ҳамагӣ 1433 нафар ба табобат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 1061 нафар бори аввал (1009 нафар аз шумораи бемороне, ки дар соли 2023 дарёфт шуданд ва 52 нафар аз солҳои пешина) ва 372 такроран ба табобат барқарор карда шудаанд. | |||||
Ҳамагӣ кўдакони то 18 сола ба табобат фаро гирифта шудаанд | 1036 | 97,9% | 58 | 68 | +10 |
Вазъи эпидемиологии Тоҷикистон аз рӯи паҳншавии ВНМО. Шумораи умумии мавридҳои ошкоршудаи сироят ёфтан бо ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2023.
Ҳозир бo ғалат чунин ҳисобида мешавад, ки бемории ВНМО бемории шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ (ШРХШ), нашъамандони тазриқӣ (НТ) ва мардонест, ки бо мардон алоқаи ҷинсӣ мекунанд. Маълумоти расмии Барномаи миллии пешгирии ВНМО/БПНМ дар давраи солҳои 2021–2025 нишон медиҳад, ки паҳншавӣ дар байни шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ 3,2% ва дар байни нашъамандони тазриқӣ 11,9%-и шумораи умумии сироятёфтагонро ташкил медиҳад. Дар солҳои охир, дар маҷмӯъ, тамоюли афзоиши ҳиссаи занон дар байни ҳамаи мавридҳои нав мушоҳида мешавад. Мутаносибан, аксари бо ВНМО зиндагикунандагон мардону занони оддие мебошанд, ки дар ҷамъияти мо зиндагӣ мекунанд ва бисёрии занон аз шавҳарашон сироят меёбанд.
Ҳозир дар ҷаҳон ягон ҷамъият ё давлате нест, ки аз оқибатҳои эпидемияи ВНМО эмин мемонда бошад. Бояд гуфт, ки сол то сол шумораи гирифторони ВНМО дар Тоҷикистон ва дар қаламрави кишварҳои ИДМ меафзояд. Мувофиқи омори ҷаҳонии Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМО/БПНМ (UNAIDS), минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистонро дар бар мегирад, аз рӯи ошкор кардани ҳолатҳои нави сирояти ВНМО дар байни калонсолон ва кӯдакон ва ҳамчунин марги БПНМ дар ҷои 4-ум аст. Ин нишондиҳандаи чандон хуб нест ва боиси ташвиши махсус барои минтақаи мо мегардад[3].
Албатта, барои пешгирӣ ва рафъи ин мушкилии умумиҷаҳонӣ қувва ва маблағҳои зиёд сарф мешавад. Имрӯзҳо бо мақсади аз байн бурдани бемории ВНМО ва БПНМ, паст кардани вазнинии он ва ҳифзи ҷамъият аз зарари нохуши он бо мақсади дарёфти роҳҳои табобат ва пешгирии он омӯзиш ва муҳокима гузаронида мешавад. Илми ҳозиразамон аллакай дар муолиҷаи ВНМО ба пешравиҳои бузург ноил шудааст.
Навовариҳо дар табобат:
- Ҷорӣ кардани тести сарбории вирусӣ фаҳмиши рафти бемориро хеле беҳтар кард
- Акнун самаранокии табобатро ба воситаи муайян кардани сарбории вирусӣ назорат кардан мумкин аст
Нақшаҳои табобат тартиб дода шудаанд, ки метавонанд сарбории вирусиро дар давоми 8-12 ҳафта ба ҳадди камтарин расонанд.
- Маълум шудааст, ки пас аз камшавии назарраси сарбории вирусӣ масуният барқарор шуда метавонад.
Дигар омили муҳим, ки ба афзоиши паҳншавии сирояти ВНМО дар кишвари мо ва дигар кишварҳо таъсир мерасонад, тамғагузорӣ ва табъиз нисбати шахсони гирифтори ВНМО мебошад. Масалан, мувофиқи маърӯзаи Комиссияи Глобалӣ оид ба ВНМО ва қонуни соли 2012 оид ба ВНМО: «ВНМО ва ҳуқуқ: хатарҳо, саломатӣ»[4], муҳити муҳофизати ҳуқуқ ҳаёти бо ВНМО зиндагикунандагонро беҳтар мекунад ва осебпазириро ба сирояти ВНМО кам мекунад.
Онҳо ҳамчунин дар саросари ҷаҳон далелҳое пайдо карданд, ки тамғагузорӣ, табъиз, қонунҳои ҷазодиҳанда, зӯроварии полис ва набудани дастрасӣ ба доварии одилона эпидемияи ВНМО-ро афзоиш медиҳад.
Бо ВНМО зиндагикунандагон ҳуқуқҳои шахсии худро доранд ва ҳуқуқҳои онҳо бояд ба назар гирифта ва эҳтиром карда шаванд. Ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар боби 24-уми «Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст.
Дар зер ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО ва БПНМ зиндагикунанда номбар шудаанд:
- муносибати инсондӯстонаи ҷамъият, бе таҳқири шаъну шарафи инсон;
- талабот оид ба махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи вазъи саломатии онҳо, агар шароит ва хусусиятҳои ҳаёт ва кори онҳо таҳдиде барои сироят ёфтани дигар шахсон бо вируси норасоии масунияти одам надошта бошад;
- ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии вобаста ба фош кардани маълумот дар бораи факти сироят ёфтани ин шахсон ба вируси норасоии масунияти одам;
- фаъолияти касбӣ аз рӯи касби интихобкарда, ба истиснои кор аз рӯи ихтисосҳо ва вазифаҳои бо рӯйхати махсус муқарраргардида;
- ройгон гирифтани ҳама намуди ёрии тиббии тахассусӣ ва махсусгардонидашуда, аз ҷумла доруворӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ;
- ҳимоя аз табъиз, аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобат;
- иштироки фаъолона дар муайян намудани мақсадҳои табобат, аз ҷумла вақт ва усули табобат ва қатъи он;
- ба волидайн ё намояндагони қонунии кӯдаконе, ки аз модарони бо ВНМО зиндагикунанда таваллуд шудаанд, додани ивазкунандаи шири модар аз лаҳзаи таваллуди онҳо то лаҳзаи ташхиси ниҳоии мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам, бо мақсади боз ҳам паст кардани хатари сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам (моддаи 163 Кодекси тандурустии ҶТ).
Зиндагии инсон арзиши хеле зиёд дорад. Ҳозир яке аз назарияҳои илмӣ ин аст, ки пешгирии беморӣ беҳтар аз табобат аст. Худованд ҳаётро ба инсон супоридааст ва одамон бояд барои ҳаёт ғамхорӣ кунанд. Ҷисми солим атои бузург аст. Бинобар ин, одамон бояд аз ҳар амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии онҳо зарар мерасонад, канораҷӯӣ кунанд. Ислом ҳамчунин истифодаи маводеро, ки метавонад эҳсосотро суст кунад, манъ кардааст. Бинобар ин, алоқаҳои ҷинсии берун аз никоҳ, истеъмоли маводи нашъаовар ва нӯшокиҳои спиртӣ қатъиян манъ аст. Мутаассифона, баъзан дар ҳаёт ҳолатҳое ба миён меоянд, ки баъзе одамон, аз ҷумла мусулмонон, машрубот менўшанд, маводи нашъадор истеъмол мекунанд, инчунин пеш аз издивоҷ ва берун аз никоҳ алоқаи ҷинсӣ мекунанд.
Бо таассуф бояд гуфт, ки мо гуфта наметавонем, ки дар ҷамъияти мо бемории ВНМО вуҷуд надорад. Алоқаи ҷинсии берун аз издивоҷ дар воқеият вуҷуд дорад. Аз ҳамин сабаб, имрӯз зарурати воқеӣ вуҷуд дорад, ки мусулмонон мавҷудияти чунин воқеиятро эътироф кунанд ва барои пешгирии сирояти ВНМО барои тамоми ҷамоатҳои мусулмонӣ барномаҳои омӯзишӣ тартиб диҳанд. Дар ин барномаҳо бояд арзишҳои ахлоқии Ислом таъкид карда шавад ва ба воситаи онҳо мардум оид ба роҳҳои ҳифзи худ аз ВНМО маълумот пайдо намоянд.
Баъзе мусулмонон шояд фикр кунанд, ки хатари сироят ёфтан ба ВНМО ба ҷомеаи онҳо дахл надорад. Дар асл, чунон ки омори ҷаҳонӣ дар кишварҳои Шарқи Миёна ва Африқои Шимолӣ барои соли 2021 нишон медиҳад 180 ҳазор нафар калонсолон ва кӯдакон сирояти ВНМО доранд[5]. Инҳо кишварҳое ҳастанд, ки аксари аҳолии онҳо ба дини Ислом эътиқод доранд. Бинобар ин, барои мусулмонон муҳим аст дарк кунанд, ки сирояти ВНМО барои онҳо низ хатарнок аст!
Табобати ВНМО мушкилоти ҷинсӣ ва маҳрамонаро дар бар мегирад. Ислом ҳамеша ҷонибдори таҳлили масъалаҳое мебошад, ки ба ҳифзи саломатӣ ва ҳаёт мусоидат мекунанд. Ҳаё дар Ислом маънои онро надорад, ки мусулмонон дар бораи ҳаёти маҳрамона баҳс карда наметавонанд ва ё онҳоро ҳаром ҳисоб мекунанд.
Мусулмонон набояд ҳангоми дидан ё хондани мавод дар бораи сирояти ВНМО шарм ва нороҳатиро эҳсос кунанд ва ин амалро як амали бемаънӣ ва ҳатто нолозим ҳисобанд.
Аз ҳамин сабаб, донистани роҳу усулҳои пешгирӣ ва гузарондани ин кор хеле муҳим аст. Қадами аввал дар ин роҳ фаҳмидани он аст, ки ВНМО чист ва он чӣ тавр паҳн мешавад.
Пешгирии ВНМО дар марҳалаи ҳозира яке аз воситаҳои муҳим ва асосии мубориза бо он аст. Бинобар ин, пешгирии паҳншавии ВНМО вазифаи ҷамъиятӣ ва хусусии ҳар як шахс аст.
МАНЪИ ТАБЪИЗИ ШАХСОНЕ, КИ БО ВНМО ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД
Тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда
То пайдо шудани сирояти ВНМО дар ҳеҷ як беморӣ чунин тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқ, ки нисбат ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда зоҳир мешавад, мушоҳида нашудааст. Тамғагузорӣ ва поймол кардани ҳуқуқи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда яке аз садҳо монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи пешгирии таъсирбахш мебошад. Тамғагузорӣ ҳуқуқи шахсро дар назари дигарон маҳдуд мекунад. Тамғагузорӣ ба худбаҳодиҳии шахс таъсири бузург мерасонад. Тамғагузорӣ раванди беқурбшавӣ – табдили шахсият мебошад. Дар бештари ҳолатҳои вобаста ба ВНМО тамғагузорӣ бар ақидаҳои манфии мавҷуда асос ёфта, онро тақвият медиҳад. Ақидаи нодуруст вуҷуд дорад, ки ҳамаи бо ВНМО зиндагикунандагон нашъаманд ё касоне мебошанд, ки берун аз никоҳ алоқаи ҷинсӣ мекунанд ва ҳар он чӣ бо онҳо рӯй медиҳад, натиҷаи гуноҳи онҳо аст. Табъиз поймолкунии ҳуқуқи шахс ва маҳдудияти имкониятҳои ӯ нисбат ба дигарон танҳо аз он сабаб аст, ки ин шахс дорои хислату ҳолатҳо, рафтор ва ақидаҳои махсус аст. Табъиз, тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои вобаста ба ВНМО, инчунин нодида гирифтани ин мушкилот дар роҳи амалӣ намудани барномаҳои пешгирӣ, монеаҳо ба миён меоваранд. Дар натиҷа бисёр кишварҳо мушкилоти сирояти ВНМО-ро танҳо вақте дарк мекунанд, ки он аллакай хусусияти фоҷиаи миллиро пайдо кардааст. Поймолкунии ҳуқуқ ба он оварда мерасонад, ки шахс нисбат ба дигар аъзоёни ҷамъият ба имтиёзҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ, манзил ва фаъолияти касбӣ дастрасии камтар дорад. Тамғагузорӣ ва суиистифода вобаста ба ВНМО монеаҳои асосӣ дар роҳи пешгирии сироятҳои нав, таъмини нигоҳубин, дастгирӣ ва табобати зарурӣ ва ба ин восита кам кардани таъсири эпидемия мебошанд. Маълумоти бардурӯғ ва таҳрифшуда дар бораи роҳҳои сирояти ВНМО дар заминаи тарси ҷамъият ба вуҷуд омада, боиси хурофот ва поймол шудани ҳуқуқи беморон мегарданд. Аз ҷумла, дар беморхонаҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ ҷарроҳии шахсони бо ВНМО зиндагикунандаро намегузаронанд, барои дохил шудан ба муассисаи олии таълимӣ иҷозат намедиҳанд ва инчунин ҳуқуқи онҳоро ба меҳнат, дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ ва доруворӣ поймол мекунанд. Дар системаи адолати судӣ шахсони бо ВНМО зиндагикунанда танҳо барои он таъқиб карда мешаванд, ки шарикони ҷинсӣ доранд, гарчанде ки онҳо аз рифола истифода мебаранд, табобат мегиранд. Мутаассифона, натиҷаи чунин рафтору кирдор ба пурзӯр шудани эпидемия мусоидат мекунад.
Эъломия оид ба амалҳои мусоидаткунанда, ки дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба ВНМО ва БПНМ дар моҳи июни соли 2001 қабул шуда буд, консенсуси умумиҷаҳонӣ оид ба аҳамияти аз байн бурдани тамғагузорӣ ва муносибати бераҳмона аз боиси ВНМО ба масъалаи аввалиндараҷа табдил дод. Ва тамғагузорӣ вобаста ба эпидемия баҳси ошкоро дар бораи сабабҳои пайдоиши он ва андешидани чораҳои дахлдорро душвор мегардонад. Ҳамин тариқ, дар бисёре аз кишварҳо ходимони сиёсӣ ва тасмимгирандагон далели мавҷуд будани чунин мушкилот ва зарурати чораҳои фавриро рад мекунанд.
Ҳангоми сирояти ВНМО поймолкунии ҳуқуқ асосан бо сабабҳои зерин рӯй медиҳад:
- тарс аз сироят ба воситаи тамосҳои маишӣ;
- хурофот дар бораи паст будани ахлоқи одамони бо ВНМО зиндагикунанда;
- нажодпарастӣ, ҳомофобия, мансубият ба табақаи муайяни иҷтимоӣ;
- номукаммалии заминаи қонунгузорӣ.
Тамғагузорӣ, нодида гирифтан ва поймол кардани ҳуқуқи инсон бо ҳам робита доранд. Онҳо ба ҳамдигар таъсир мерасонанд, ҳамдигарро мустаҳкам мегардонанд, ҳақиқатро медонанд ва бо ҳамин як вазъияти беилоҷро ба вуҷуд меоваранд. Онҳо инчунин ба қобилияти ҷамъият дар андешидани чораҳои таъсирбахш бар зидди оқибатҳои харобиовари эпидемия таъсир мерасонанд. Дар навбати худ, сарфи назар аз фоҷианокии вазъият, дар ҷамъият хомӯшӣ ҳукмфармост; ва бар зидди офати тамғагузорӣ, рад кардан ва ниҳоят, бар зидди тарси мардум ошкоро чораҳои амалӣ андешидан имконпазир нест.
Кодекси тандурустии ҶТ, боби 24. “Муқовимат ба ВНМО ва БПНМ” “вайрон кардани ҳуқуқҳо”–и ҳамаи шахсони бо ВНМО зиндагикунандаро манъ мекунад. Дар моддаи 165 чунин гуфта мешавад:
- Аз кор озод кардан, ба кор қабул накардан, ба истиснои кор аз рӯи ихтисос ва вазифаҳое, ки бо рӯйхати махсус муқаррар шудааст, инчунин маҳдуд кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори вируси норасоии масунияти одам, инчунин маҳдуд кардани ҳуқуқ ба манзил ва дигар ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии аъзои оилаи гирифтори вируси норасоии масунияти одам роҳ дода намешавад.
- Истифодаи шахсони гирифтори вируси норасоии масунияти одам ҳамчун объекти озмоишҳои воситаҳо ва усулҳои тиббӣ, омӯзиши илмӣ ё раванди таълим манъ аст.
- Табъиз дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.
- Иҷрои ҳама гуна амали оммавӣ бо мақсади барангехтани нафрат ва паҳн намудани муносибати таҳқиромез нисбати шахс ё гурӯҳҳои аҳолӣ вобаста ба вазъияти воқеӣ ё эҳтимолии шахси гирифтори вируси норасоии масуният манъ аст.
Аз соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳо оид ба ВНМО аз нав баррасӣ шуда, қоидаи аз кишвар берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ бо далели сирояти воқеӣ ба ВНМО бекор карда шуд.
Илова бар ин, дар соли 2022 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз» қабул гардид, ки барои манъи табъиз нисбати шахсони бо ВНМО зиндагикунанда заминаи муҳими қонунгузорӣ мебошад. Ин қонун табъизро ҳам бевосита ва ҳам бавосита муайян мекунад ва ҳама гуна табъизро аз рӯи ҳама гуна асос манъ мекунад.
Мувофиқи моддаи 13-и Қонуни мазкур, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва аз байн бурдани ҳама шаклҳои табъиз мебошад. Ва ӯ ҳақ дорад:
- ариза ва шикоятҳои шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ ё гурӯҳҳои шахсони воқеиро оид ба ҳолатҳои табъиз баррасӣ намояд;
- ҳолатҳои табъизро ҳам дар мавриди мавҷуд будани ариза ё шикоят ва ҳам бо ташаббуси худ баррасӣ намуда, тавсияҳои дахлдор пешниҳод намояд;
- барои оштӣ додани тарафҳо байни қурбонии эҳтимолии табъиз ва шахсе, ки гӯё амали табъизро анҷом додааст, чораҳо андешад;
Шахсоне, ки чунин меҳисобанд, ки ба табъиз гирифтор шудаанд, метавонанд барои ҳимоя ва ҷуброни зарар ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё ба суд мувофиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз» муроҷиат намоянд.
Тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда
Ҳозир бо афзудани муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷамъияти мо боз як мушкилӣ ба миён меояд. Мавридҳое ҳастанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа ба бемориҳои сироятӣ, инчунин ба ВНМО гирифтор мешаванд ва ҳангоми бозгашт ба ватан, надониста ҳамсари худро сироят мекунонанд, ки боиси хатар барои таваллуди кӯдакони гирифтори ВНМО мегардад, агар дар вақташ табобати занро сар накунад ва чораҳо дар вақти таваллуд гирифта нашаванд. Ҳамин тариқ, 42,1% ҳамаи кӯдакони бо ВНМО зиндагикунанда аз модаронашон сироят ёфтаанд. 58,9%-и боқимонда модарони гирифтори ВНМО надоранд, роҳи сирояти онҳоро “номаълум” номида шудааст. Аммо ин нодуруст аст. Дар тамоми ҷаҳон чунин роҳи гузаштани сироят нест. Чунон ки дар Барномаи миллии мубориза бо ВНМО/БПНМ барои солҳои 2021-2025 гуфта шудааст, дар ҷумҳурӣ тамоюли афзоиши гирифторони ВНМО дар байни кӯдакони то 14-сола мушоҳида мешавад. Дар панҷ соли охир ҳиссаи кӯдакон дар байни ҳамаи мавридҳои нави сироят ёфтан аз 11,4 фоиз то 14,0 фоизро ташкил дод. Шумораи умумии кӯдакони то 15-солаи расман ба қайд гирифташуда бо ВНМО дар ҷумҳурӣ 1179 нафар ё 9,8% аз шумораи умумии ҳамаи ҳолатҳои сирояти ВНМО-ро ташкил дод. Аз 184 кӯдаки то 14-солаи нав ба қайд гирифташудаи гирифтори ВНМО, дар 139 нафарашон модарон гирифтори ВНМО набуданд. Чунин мавридҳо солҳои пеш низ қайд карда шуда буданд. Умуман, 695 нафар кӯдакон бо роҳи номаълуми сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки 58,9% аз шумораи умумии маврид сирояти ВНМО-ро дар кӯдакони то 14-сола ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он, ки дар 695 маврид сабабҳои сироят ёфтани кӯдакон муайян карда нашудааст, омилҳои сирояти ВНМО дар беморхона пурра истисно карда нашудаанд.
Бинобар ин, ҳангоми муроҷиат ба системаи тандурустӣ, хеле боэҳтиёт будан лозим аст, боварӣ ҳосил кардан даркор аст, ки ба шумо ва фарзандонатон бе ягон нишондиҳандаи махсус (таҳдид ба ҳаёт) бевосита хунгузаронӣ карда нашавад, танҳо асбобҳои яккарата истифода шаванд ва асбобҳои тиббие, ки яккарата нестанд бо маҳлули махсус коркард карда шаванд ва стерилизатсия шаванд ва духтурон уҳдадоранд, ки дар вақти кор бо бемор дастпӯшак пӯшанд ва онро бо ҳар як бемор иваз кунанд.
Занон ва ВНМО.
Занҳо нисбат ба мардон, бо сабаби махсусиятҳои сохти биологӣ хатари сирояти ВНМО бештар осебпазир ҳастанд.
Дигар омили муҳими осебпазирии занон ва духтарон дар баробари ВНМО ва БПНМ нобаробарии гендерӣ аст. Омилҳои зерин хатари бо ВНМО сироят ёфтани занонро зиёд мекунанд:
- зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон, аз ҷумла таҷовуз ба номус ва таҷовуз дар издивоҷ;
- вобастагии иқтисодӣ ва дигар вобастагии занону духтарон ба мардон дар оилаашон;
- издивоҷҳои бармаҳал, ҳомиладории бармаҳал;
- манъи таҳсил кардан, дастрасии маҳдуд ба барномаҳои таълимӣ оид ба тарзи ҳаёти солим, оид ба ВНМО ва гузаштани он ва ғайра;
- занҳо дар алоқаи ҷинсӣ қарор намедиҳанд, ки рифоларо истифода баранд. Ин салоҳияти мардон аст, агар мард дар бораи саломатии худ фикр кунад, бояд дар хусуси саломатии занаш/шарикаш низ фикр кунад.
- занон ва духтарони ҷавон, хусусан дар деҳот, имконияти маҳдуди ба ҷое рафтанро доранд, онҳо наметавонанд бе розигии аъзоёни калонсоли оила аз хона берун раванд ва аз ташхиси ВНМО гузаранд ё дар давраи ҳомиладорӣ номнавис шаванд, чунки бисёри занон аз наздикони худ (шавҳар, хусур, хушдоман) вобастагии молиявӣ дорад. Мутаносибан, дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии ВНМО низ маҳдуд аст.
- набудани касб ва малакаи касбӣ.
Ҳамаи омилҳои зикршуда боиси ба андозаи назаррас афзудани ВНМО дар байни занон мегарданд. Бинобар ин, бар зидди ҳамаи унсурҳои зикршудаи нобаробарии гендерӣ муборизаи ҷиддӣ бурдан лозим аст.
Маҳкум кардани заноне, ки танфурӯшӣ мекунанд, бармаҳал аст. Ҳеҷ кас намедонад, ки чаро зан қарор додааст ин қадамро гузорад. Бисёре аз занони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ як вақтҳо занҳои хушахлоқ буданд ва ба шавҳар, волидон ва хешовандони худ ғамхорӣ мекарданд. Аммо ҳамин, ки шавҳар аз ВНМО фавтид, ё дар ҳолати мурдан аст, ё ба муҳоҷират мераваду, занашро ва кудакашро тарк мекунад ва хешу табори шавҳараш намехоҳанд ӯро аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин кунанд ва худаш бо сабабҳое, ки зикр кардем, пул кор карданро ёд нагирифтааст. Вай бо кӯдакон, бо ду, се ва ҳатто бештар аз он ронда мешавад. Касе фаррош, касе пешхизмат шуданӣ мешавад, аммо ин пул камӣ мекунад. Ва омилҳои зиёде онҳоро водор мекунад, ки бо ин роҳ рафта, пуле ба даст оваранд, ки ба назар осон, вале хеле хатарнок аст.
Ва мо наметавонем онҳоро маҳкум кунем, мо метавонем танҳо раҳоӣ аз ин вазъиятро пешниҳод кунем, зеро Аллоҳ ба ҳар як инсон имкон медиҳад, ки роҳи ҳақро пеш гирад ва ин интихоби ҳар яки мост. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки роҳи дуруст нишон дода шавад ва дасти ёрӣ дароз карда шавад.
Таассуб нисбат ба зани бо ВНМО зиндагикунанда, ки вай расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ аст, низ гуноҳ аст. Чунон, ки дар боло зикр кардем, танҳо 3,2% занони бо ВНМО зиндагикунанда расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ мебошанд, боқимонда занони оддӣ мебошанд. Дар ин ҷо зани бечора гунаҳкор нест, ки ӯ гирифтори ВНМО аст мисли мард, аммо тамоми ҷамъият аз ӯ рӯй мегардонад, ки гӯё вай бесарпаноҳ аст ё алоқаи ҷинсӣ мекунад. Дар натиҷа, зани покдоман, модар-зан метавонад худкушӣ кунад.
Аз ин рӯ, мо набояд нисбати шахсони бо ВНМО зиндагикунанда муносибати манфӣ кунем, зеро онҳо низ мисли ҳамаи мо аъзоёни баробарҳуқуқи ҷамъият ҳастанд. Хусусан, ба занҳое, ки ба воситаи шавҳар ба ВНМО гирифтор шудаанд, тамоми ҷамъият бояд таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ намуда, барои табобати онҳо тадбирҳои мушаххас андешад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ВНМО бар асари алоқаи ҷинсӣ, аз шавҳар ба зан ё баръакс, аз модар ба кӯдак мегузарад.
Пас, шахсони бо ВНМО зиндагикунандаро набояд табъиз кард. Канораҷӯӣ намудан аз шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ё дур доштани онҳо аз ҷамъият, худдорӣ аз даст фишурдан, ба оғӯш кашидан, даъват накардан ба меҳмонӣ ё ба хонаи чунин шахсон нарафтан хилофи таълимоти ислом аст.
Дини ислом мардумро ба раҳму шафқат даъват намуда, таъкид месозад, ки мусулмонон бояд нисбати дигарон дилсӯз бошанд, ба беморон дасти ёрӣ дароз кунанд, онҳоро аёдат намоянд.
Мисоли дигари табъиз чунин аст, ки агар дар синфе кӯдаки бо ВНМО зиндагикунанда таҳсил намояд, баъзе падару модарон кӯшиш мекунанд, ки фарзандони худро аз чунин кӯдак дур нигоҳ доранд.
Мо бояд андеша кунем, ки чунин шахсон гуноҳе надоранд ва муносибати наздик бо онҳо боиси сироятёбӣ намегардад.
Дар ин радиф метавон мисолҳои зиёдеро овард, ки намунаи табъизи шахсони сироятёфта бошад. Аз ин рӯ, ходимони динро зарур аст, ки вобаста ба масъалаи мазкур мардумро ҳидоят намоянд, то ин ки мо, мардум, масъаларо дуруст дарк намуда, ба воситаи ғамхорӣ мушкилоти беморонро осон кунем.
Бояд донист, ки шахсони бо ВНМО зиндагикунанда шахсони комилҳуқуқи ҷамъияти шаҳрвандӣ мебошанд!
Хулоса
Дар ҷамъбасти гуфтаҳои боло хулосаҳои зерин баровардан мумкин аст:
- Бисёр одамон аз роҳҳои сирояти ВНМО хабар надоранд ва ин яке аз сабабҳои тамғагузорӣ ва вайрон кардани ҳуқуқи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда аст;
- Тамғагузорӣ ва поймол кардани ҳуқуқи шахсони бо ВНМО ва БПНМ зиндагикунанда боиси паҳншавии сирояти ВНМО мешавад, чунки чунин шахсон аз таассурот ва муносибати манфии атрофиён, аъзоёни оила ва ҷамъият метарсанд, ба мутахассисон муроҷиат намекунанд ва аз табобат ва пешгирӣ даст мекашанд.
- Худро айбдор кардан боиси паст шудани худбаҳодиҳӣ ва дар навбати худ эҳсоси шаъну шарафи шахсӣ боиси бӯҳрони радшуда будан мегардад (депрессия);
- Шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, ба дастгирии рӯҳонӣ аз ҷониби оила ва дӯстон, инчунин ба маслиҳат ва муолиҷаи махсус эҳтиёҷ доранд;
- Шахсони бо ВНМО зиндагикунанда метавонанд ба чорабиниҳои гуногуни пешгирӣ мусоидат кунанд.
- Тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда яке аз сад монеаи асосӣ дар роҳи пешгирии самаранок мебошад.
- Тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, инчунин нодида гирифтани ин мушкилот дар роҳи амалӣ намудани барномаҳои пешгирӣ монеаҳо ба миён меоранд. Дар натиҷа, бисёр кишварҳо мушкилоти сирояти ВНМО-ро танҳо ҳамон вақт дарк мекунанд, ки он аллакай хусусияти фоҷиаи миллиро пайдо кардааст.
Дар робита ба гуфтаҳои зикршуда, шахсони бо ВНМО зиндагикунандаро табъиз накунед ё рад накунед. Онҳо хатарнок нестанд, балки нодонӣ ва ғурури мо хатарноканд.
Дар ҷамъбасти мулоҳизаҳо бояд гуфт, ки ин масъалаҳо масъалаҳои муҳим, таъхирнопазир ва тезутунди рӯз мебошанд, моҳияти онхоро ба мардум расонда, амалӣ кардан лозим аст. Мо бояд кӯшиш кунем, ки дар тағйир ёфтани афкори ҷамъият оид ба ин масъалаҳо, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти шариат ҳиссагузор бошем, андешаҳои бардурӯғро оид ба мавзӯъҳои ба дастурамал дохил кардашуда истисно намоем. Бинобар ин, зарурат ва аҳамияти онҳо бояд дар мавъизаҳои имомхатибҳо баён карда шаванд.
Ва низ мардум бояд нисбат ба ҳар як шахс бетараф набошанд, эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастиро баланд бардоранд, барои истиқлолияту неъматҳои аз ҷониби Худованд атошуда, барои дастовардҳои ҳозира дар самти озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ шукргузор бошанд. Ва фаъолияти пурсамари ходимони дин дар ҳалли проблемаҳои тезутунди замони мо ва проблемаҳои иҷтимоии ҷамъият ягона роҳи ҳалли мушкилот ва бартараф намудани онҳо мебошад.
Умедворем, ки ин мавод барои хонандагон судманд хоҳад буд ва саҳми ками мо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳалли мушкилоти ҷамъият ва ободии Ватани азизамон хоҳад буд.
Оид ба саволҳое, ки Шуморо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд, метавонед ба телефони боварии ҳуқуқии Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» 933557755 занг занед. Инчунин, оид ба ташхис ва табобати ВНМО бошад ба рақами телефони Ташкилоти ҷамъиятии “СПИН+” 935059111 муроҷиат намоед.
Рӯйхати адабиёти истифодашуда:
- Пешгирии сирояти ВНМО (инфекцияи ВНМО) ва ҷавонон. Душанбе, 2011.
- Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1413, аз 15.03.2017 с.
- Тартиби гузаронидани муоинаи клиникӣ бо мақсади ошкор намудани сирояти вируси норасоии масунияти одам, аз ҷумла муоинаи тиббии сирояти ВНМО ва муоинаи пешгирикунандаи онҳо, ш.Душанбе, № 171 аз 04.01.2008 с.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, № 1890
- Маводҳо аз сомонаҳои интернетӣ.
[1]https://www.avert.org/about-hiv-aids/what-hiv-aids
AIDS.gov (2017) «Что такое ВИЧ / СПИД?» (барои сентябри соли 2018)
Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) (2019) «Дар бораи ВИЧ / СПИД» (барои марти соли 2019)
AIDS.gov (2018) «Фаҳмидани натиҷаҳои тести ВИЧ» (барои сентябри соли 2018)
[2]Бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 8 июни соли 2016 қабул шудааст.
[3]https://www.unaids.org/ru/resources/documents/2022/core-epidemiology-slides. Слайдҳои асосӣ оид ба идемиология. Июль 2022 г.
[4]Global Commission on HIV and the Law, ‘HIV and the Law: Risks, Rights & Health’, Global Commission on HIV and the Law, New York, 2012, available at: http://hivlawcommission.org/index.php/report
[5][5]https://www.unaids.org/ru/resources/documents/2022/core-epidemiology-slides. Слайдҳои асосӣ оид эпидемиология. Июли с. 2022.