Дар арафаи 33-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ имрӯз дар Кумита маросими супоридани мукофоти давлатӣ баргузор гардид.
Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумита Назариён Мансур Ниёзӣ бо мукофоти давлатии “Медали хизмати шоиста” қадрдонӣ шуд.
Мукофоти давлатиро мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода ва роҳбарияти Кумита тақдим намуданд.