3 сентябри соли равон бо дархости Кумита ва бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ҷалби судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Суди сайёр баргузор карда шуд. Дар рафти Суди сайёр парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандон Абдуазиз Ҳафизов ва Ахмаджон Джамалудинов мавриди муҳокима қарор дода шуда, нисбат ба ҳар кадоми онҳо барои вайрон намудани талаботи моддаи 12-уми Қонун 120 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин гардид.
Зимнан, дар натиҷаи рейди Кумита дар ҳамкорӣ бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Сино муайян карда шуд, ки шахсони номбурда бар хилофи талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъракаи манъшудаи “Арӯсбинон”-ро баргузор намудаанд.