Имрӯзҳо дар қатори дигар зуҳуроти хавфноку номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, инчунин масъалаҳои дигари ташвишовар барои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҳар давлату миллат фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия, ҳамчун падидаи ношоиста ва хатарнок, барои рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, некуаҳволии мардум ва суботу оромӣ монеа эҷод карда, нобовариро дар ҳама давру замон нисбат ба ҳукумат ва мақомоту сохторҳои давлатӣ зиёд месозад.
Коррупсия, дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, бахусус мафкураи инсоният, таъсири манфӣ мерасонад. Дар шароити имрӯза пайдо кардани кишварҳои озод аз амалҳои коррупсионӣ қариб ғайриимкон гашта, ин падидаи номатлуб хусусияти умумибашариро касб кардааст.
Коррупсия яке аз намудҳои нави таҳдиди ҷаҳонӣ ба амнияти сиёсии кишварҳо буда, ба рушди тамоми самтҳои давлатдорӣ халал ворид месозад. Фаромӯш набояд кард, ки фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок бояд мо дар якҷоягӣ саҳмгузор бошему барои бартараф кардани амалҳои коррупсионӣ талош намоем. Чунон ки 26-уми январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд карданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мамлакати мо муҳиму саривақтӣ ва мубрам будани мубориза бо коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии худ дониста, баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани он як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, №143 Политсияи андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ин замон ҳамчун мақомотҳои муборизабаранда бо коррупсия амал менамуданд, барҳам дода шуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри аз байн бурдани ин раванди мураккаб ва амалҳои ношоистаи коррупсионӣ чораҳои саривақтиву лозимиро роҳандозӣ карда, барои пешгирии он як қатор қонуну санадҳои танзимкунандаро қабул кардааст. Аз ҷумла, оид ба масъалаи мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25-уми июли соли 2005, № 100 қабул шуд.
Бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20-уми марти соли 2008, № 374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз 7-уми августи соли 2020, № 1714 заминаҳо барои коҳиш додани кирдорҳои коррупсионӣ мустаҳкам карда шуд.
Қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ, аз ҷумла: «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, № 34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-уми августи соли 2013, № 1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-уми августи соли 2021, № 222 барои муборизаи оштинопазир бо он ва коҳиш додани сатҳи амалҳои номатлуби коррупсионӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.
Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои дахлдори соҳа нест, балки ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки барои мубориза бар зидди ин падидаи ношоиста дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ваколатдори соҳа ҳиссагузор бошад.
(бознашр аз сомонаи расмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)