ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР КУМИТА

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда” ва “Барномаи барқарорсозӣ ва реинтергатсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинарро муовини раиси Кумита Салим Давлатзода ифтитоҳ намуда, нақши амалишавии босамари “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , “Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда” ва “Барномаи барқарорсозӣ ва реинтергатсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”-ро дар нигаҳдошти ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдату ҳамгироӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи кори семинари омӯзишӣ Бахтовар Наҷмуддинзода, прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи бандҳои алоҳидаи санадҳои болозикрро батафсил шарҳу тавзеҳ дода, ҳамзамон перомуни вазъи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва фаъолиятҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ изҳори назар намуд.
Дар рафти семинар ҳамчунин Далер Ҷабборов, сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ вобаста ба вазъи амалишавии бандҳои дахлдори Стратегия дар Кумита иттилоъ дод.
Дар охири кори семинар миёни иштирокдорон табодули назар сурат гирифт.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *