ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

25 июли соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин дар доираи хонишҳои идоравӣ ҳамоиш доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар он кормандони дастгоҳи марказии вазорат, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҳозирин мазмуну муҳтавои қонуни нав, ки 20 июли соли равон қабул гардидааст, фаҳмонида шуд.
Қайд гардид, ки қонуни нав аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, боби як 3 моддаро дар бар мегирад, ки оид ба мафҳумҳои асосӣ, доираи амали Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим мебошад.
Боби ду аз моддаҳо 4 то 8 иборат буда, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим, ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт, комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросимро муайян мекунад.
Боби се танзими ҷашну маросим ном дошта, 7 моддаро дар бар мегирад. Дар ин боб тартиби баргузории ҷашнҳои расмӣ, зодрӯз, хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, туйи домодию арӯсӣ, маросими ҳаҷ ва умра, маросими дафну азодорӣ, ҷойи баргузории ҷашну маросим, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим муайян шудааст.
Бобҳои 4 ва 5 мутаносибан аз як ва ду модда иборат буда, тартиби хизматрасонӣ дар ҷашну маросим, уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин аҳли ҷомеа ҳангоми гузаронидани ҷашну маросимро фаро мегирад.
Муҳтавои ҳар як боб ва модда ба иштирокчиён шарҳ дода шуда, ҷазоҳои пешбинишуда барои вайрон намудани муқаррароти қонуни мазкур мушаххас баён карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top