дар бораи фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2024
Фаъолияти Кумита дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳо ва нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Кор бо иттиҳодияҳои динӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ ва 3 ҷамоатхона, дар маҷмуъ 4058 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Кумита бо мақсади амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2017, №33 “Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” ҷиҳати ба тартиб даровардани қабристонҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти даватии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста ҳамкорӣ менамояд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда маълум гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 3830 адад қабристонҳои амалкунанда мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 527 – адад, вилояти Хатлон – 1165 адад, вилояти Суғд – 854 адад, шаҳри Душанбе – 38 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1246 адад.
Дар ин давра аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи қариб 4 млн сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа айни ҳол 118 воҳиди кории омӯзгорону кормандон тасдиқ шудааст. Ҳоло дар гурӯҳҳои таълимии таҳсили рӯзона ва ғоибона 676 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 5 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ
Кумита тибқи тартиб корҳои омодагиро ба мавсими ҳаҷ оғоз намуда, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавими ҳаҷи соли равонро 57 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Маросими ҳаҷ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашт. Мутаассифона, дар ин сафар 4 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо марги табиӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот карданд ва тибқи тартиб онҳо дар ҳамон ҷо дафн шуданд.
Сафарбаркунии шаҳрвандон ба умра тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси шартномаи ҳамкорӣ аз ҷониби ҶДММ “Мунзал” ва ҶДММ “Ормон” ба роҳ монда шудааст. Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби ҶДММ “Мунзал” 711 нафар ва аз сӯи ҶДММ “Ормон” 822 нафар шаҳрвандон барои адои умра ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар карда шудаанд.
Ташхиси давлатии диншиносӣ
Кумита дар дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар асоси 343 дархост 665 номгӯй адабиёти динӣ (525 чопӣ ва 140 электронӣ) ва 13570 адад варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон, ҳамагӣ дар ҳаҷми 189178 саҳифа, баробар ба 11823,62 ҷузъи чопӣ, инчунин 163 адад фита, 22 адад телефони мобилии дар умум фарогири 5454 адад сабтҳои видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дод.
Аз ин теъдод ба 184 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ хулосаи манфӣ ва ба 159 дархост хулосаи мусбат дода шуд.
Аз маводи мазкур ба 638 номгӯй адабиёти динӣ (503 чопӣ ва 135 электронӣ), 13061 адад варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон, сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохили 69 адад фита, 8 адад телефони мобилӣ хулосаи мусбат ва ба 27 номгӯй адабиёти динӣ (22 чопӣ ва 5 электронӣ), 509 адад варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон, баъзе аз сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохили 94 фитта ва 14 телефони мобилӣ хулосаи манфӣ дода шуд.
Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нимаи аввали соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 40661 маърака барпо гашт, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3176 маърака камтар мебошад.
Дар шаш моҳи аввали соли 2024 тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 12230 рейд аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 2324, ВМКБ 36, вилояти Суғд 1699, вилояти Хатлон 4605, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3566 рейд гузаронида шуд.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи моддаи 481 КҲМҶТ 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки аз ин теъдод вобаста ба 877 ҳолат ҷазо таъин гардида, 8 парванда қатъ карда шудааст. Тибқи маълумоти мазкур маблағи умумии ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти судӣ таъингардида 6 миллиону 79 ҳазору 473 сомонро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 3 миллиону 156 ҳазору 799 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Муроҷиати шаҳрвандон
Аз ҷониби Раиси Кумита ва муовинони ӯ рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон мунтазам ба роҳ монда шуда, муроҷиати онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ роҳбарияти кумита дар рӯзҳои қабул 250 нафар шаҳрвандро қабул намуда, арзу дархостҳои онҳоро дар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти кумита дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ мавриди баррасӣ қарор доданд.