ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД – ҚАРЗИ ҶОНИЮ ИМОНИИ ВОЛИДАЙН

Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони љомеа ва ходимони дин бо мисолҳои возеҳу равшан ва суханони дилсӯзона таваҷҷуҳи мардуми кишварро ба масъалаҳои муҳиму бунёдӣ ҷалб намуда, моро ба роҳи зиндагии осудаву шоиста ва саҳм гузоштан дар пешрафти давлату мамлакат ҳидоят намуданд, то дар ин даврони ҳассос ба доми фиреби иғвогарону дасисабозон афтида, ҳаёти худу наздиконамонро дар хатар нагузорем ва доғи модару нанги Ватан нагардем.
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон дар оила ҳамчун яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз хурофоту ифротгароӣ ва терроризм таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Аз ҷумла, Сарвари давлат чунин таъкид намуданд:
“Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд”.
Таваллуд, тарбия ва ба воя расонидани фарзанди неку қарзи муҳим, вазифа ва ҳам масъулияти волидайн дар назди Худованд, Ватан, миллату ҷомеа ва умуман башарият аст. Мутаассифона, бархе аз падару модарон масъулияти худро танҳо дар ба дунё овардани тифл мебинанду таълиму тарбияи онро ба дӯши боғча ва мактабу донишгоҳ мегузоранд. Дар асл, набояд ин тавр бошад. Баръакс, фарзанд нахустин дарси ахлоқро дар оила мегирад ва ҳам танҳо муҳити солими оила боис мегардад, ки ба омӯхтани илму дониш рӯй биёрад. Агар волидайн ба таълиму тарбияи фарзандон аз хурсдолӣ эътибор надиҳанд, дигар дер мешавад ва ҷигарбандашон дар роҳи зиндагӣ ноком мемонаду мояи маломату сарзаниши атрофиён мегардад. Абушукури Балхӣ бо мисоли зебое аҳаммияти тарбияи фарзанд аз айёми туфулиятро ба мо чунин гӯшзад мекунад:
Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон
Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.
Чу гардад калон, боз натвонадаш,
Ки аз кажжию хам бигардонадаш.
Муносибати дурусти падару модар дар оила василаи самаровартарини тарбияи кӯдак, махсусан дар даврони то чаҳор-панҷсолагӣ мебошад. Зеро тифлон одатан зираку мушоҳидакор мешаванд ва ба рафтору гуфтори волидайн нағз диққат дода, тарзи муносибати онҳоро ба худ мепазиранд. Ё баръакс, агар дар оила зану шавҳар байни ҳам ҳамеша низоъву хархаша дошта бошанду муҳити солим дар хонавода барқарор набошад, аз оғози ҳаёт зеҳну асаби кӯдакон осеб дидаву халал ёфта, дигар онҳоро ҳеҷ мактаб ва ё доиншгоҳе тарбияи дуруст дода наметавонад.
Воқеан, муҳити хонаводагӣ ва фазои ҳукмрон дар оила ба ташаккули минбаъдаи шахсияти кӯдак ва ҷавҳару шахсияти ӯ таъсири бевосита мегузорад. Аз ин рӯ, Худованд дар Қуръони карим ба мардони мусалмон такъид мекунад, ки бо ҳамсарони хеш муносибати хуб дошта бошанд:
“Ва бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагонӣ кунед…”(сураи Нисо”, ояти 19).
Ҳамчунин волидонро зарур аст, ки барои фарзанд, вобаста ба тавону имконияташон, шароити лозимаи тафреҳу омӯзиш муҳайё созанд. Ба ҷои сарфу хароҷоти беҳуда ва маъракороиву худнишондиҳӣ ба тифли худ хӯрокҳои серғизо, ки ба солимии ҷисмонии вай боис мегардад, китобчаҳои шавқовари кӯдакона ва бочизаҳои гуногун харидорӣ намоянд. Пешвои муаззами миллат дар чандин суханрониҳои худ ба ин масъалаҳои ба назари бархе хурду беаҳаммият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид дошта буданд, ки яке аз ҳадафҳои қабули “Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикстон” ҳам дар он аст, ки шаҳрвандон аз исрофкорӣ канораҷӯӣ карда, ба ҷои хароҷоти беҳуда шароити таълиму зисти фарзандонашонро беҳтар намоянд.
Дини мубини ислом ҳам ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд аҳаммияти махсус додааст. Масалан, Пайғамбари акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Беҳтарин чизе, ки падар ба фарзандонаш дода метавонад, дониш ва тарбияи некуст”.
Тамоми донишмандону мутафаккирон таъкид намудаанд, ки кӯдак ҳар қадар зудтар ба илмомӯзӣ оғоз намояд, ҳамон қадар беҳтар аст. Пеш аз ҳама, бояд, ки муҳити хона барои донишдӯст шудани кӯдак мувофиқ бошад. Дар хона дар баробари дигар ҷиҳозу таҷҳизот рафи китоб бошад, кӯдак аз хурдсолӣ бинад, ки падару модараш ба даст китоб ҳам мегиранд, ба он таваҷҷуҳ намояд, аз волидон дар бораи китобу китобхонӣ пурсон шавад.
Падару модар дар баробари пеш бурдани фаъолияти ҷамъиятӣ, тиҷорӣ, давлатӣ ва ё меҳнатӣ тарбияи фарзандонро низ яке аз маъсулиятҳои асосии хеш донанд. Тарбияи фарзанд барои ҳар фарди мусалмон ҳатмӣ ва зарурист, зеро мутобиқи дини мубини ислом, мо фардо дар рӯзи қиёмат барои тарбияи нодурусти фарзанд пурсида мешавем.
Истеъдоди кӯдакон, ки аз тарзи фикрронии онҳо бармеояд, ба интизому одоб ва фаҳму дарки даврони кӯдакӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ падару модар бояд тарбияи ахлоқии фарзандашонро нахустин ва муҳимтарин вазифаи инсонӣ ва инсонии хеш донанд.
Набояд фаромӯш кард, ки оила мактаби аввалин ва асоситарини тарбия ва ташаккули фарзанд мебошад. Агар дар ин зина нуқсоне ба амал ояд, дар оянда ислоҳи он бисёр душвор мешавад, чун дигар пойдевор каҷ аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Донишманд ва адиби машҳури классик Унсурулмаолии Кайковус хитоб ба падарон гуфтааст:
“Пас, бояд ҳар чӣ ки омӯхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар, фарзандонро биомӯзӣ, то ҳаққи падариву шавкати падарон ба ҷой оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси амал эмин натавон буд ва натавон донист, ки барои мардумон чӣ гузарад. Ҳар ҳунареву фасле рӯзе ба кор ояд”.
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадисе дар ин бобат гуфтаанд:
“… ҳуқуқи кӯдак он аст, ки падару модараш ба ӯ навиштан, шиноварӣ ва камонандозиро омӯзонида, ба роҳи дуруст ҳидояташ кунанд” (ривояти Байҳақӣ).
Тарбияи фарзанд чист? Ба назари ман, омӯзонидани кирдору рафтори нек, хулқу атвори ҳамида, дӯст доштани атрофиёну муҳити зист, бедор кардани ҳисси меҳнатдӯстӣ, дилсӯзӣ ва мадад расонидан ба наздикон, муҳаббати Ватан ва шавқи донишомӯзӣ дар дили кӯдак унсурҳои асосии тарбияи дуруст аст.
Баъди мактабхон шудани тифл низ масъулияти падару модар кам намегардад. Баръакс, онҳо бояд талош намоянд, ки ба фарзандашон тамоми шароити лозимаро муҳайё намоянд, ӯро аз нигоҳи руҳиву маънавӣ тарбият намоянд, чун ба муҳити наву давраи нави камолот ворид гаштааст. Ҳамчунин ҳамеша дар хона ӯро ба илмомӯзиву эҳтироми омӯзгорон ва калонсолон, эҳтиёткору беозор будан ташвиқу талқин намоянд.
Охир, ҳамаи мо медонем, ки тамоми зиндагии мо, ҳамаи умеду орзуямон, зиндадорандаи ном ва меросбарамон ҳамин фарзандон ҳастанд. Тамоми талошу даводави мо ҳам барои он аст, ки фарзандони неку тарбия намоем, то баъди марг ҳам аз мо ба некӣ ном баранд. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Ҷовид аз фарзанд гардад номи мард.
Аммо мутаассифона, баъзе аз падару модарон дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ мекунанд ва чун фарзанди тарбиятнадидаашон оянда доғи дилашон мегардад, ангушти надомат мегазанду оби дида мерезанд, дар ҳоле ки пушаймонӣ суде надорад ва оби рехтаро ҷамъ карда намешавад.
Навори ҳасрати падару модаронеро, ки фарзандонашон ба ҷиноятҳои мудҳиши террористиву экстремистӣ муртакиб шуда, оромиши қарори волидайнро барҳам задаву обрӯи хонаводаро резонидаанд, аз телевизион мебинаму дилам реш-реш мешавад. Модаре, ки нуҳ моҳ фарзандро дар батн парвариш кардаву ба дунё оварда ва худ нахӯрдаву ба даҳони ӯ гузоштааст, акнун мегиряд, ки “кош, чунин фарзанд намедоштам…” Аламовар нест? Ё падаре, ки ҳама умр барои рифоҳи фарзандон ҷон кандаву умедвор буда, ки писараш номбардори вай мегардад, кунун оҳи сард аз ҷигари пурдард мекашаду мегӯяд, ки “дар тарбияташ хато кардем…”
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони љомеа ва ходимони дин беҳуда ба масъалаи тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода нашуд. Аз рӯи мушоҳидаҳо, бештари ҷавононе, ки ба таълимоти ғайрирасмии динӣ рӯй овардаанд, онҳое мебошанд, ки дар мактаби миёна дуруст таҳсил накардаанд. Ва ҳам бештари онҳое, ки даст ба ҷиноятҳои мудҳиши террористиву экстремистӣ мезананд, на донишу саводи кофӣ доранд ва на ягон касбу ҳунар. Зеро бесаводӣ ва беҳунарӣ одамро ба торикӣ – ба ҷаҳлу хурофоту ифрот мекашад.
Сарвари давлатбори дигар ба мо ёдрас карданд:
“Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобӣ надидаанд ва ба онҳо обу нон надодаанд. Аз аҳмин хотир фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзише надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос”.
Бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо фарзанди донишманду ҳунарманд аст, ки номбардори падару модар ва деҳаву маҳал мешавад, танҳо фарзанди соҳибкасбу бохирад асои волидон дар пирӣ мегардад. Фарзанди бесавод ҳам ояндаи худро месӯзонад ва ҳам боиси сархамии волидайн мешавад.
Аз ин рӯ, тамоми талоши кӯшиши худро ба он равона созем, ки фарзанди худро дуруст тарбият намуда, дар назди Худованд, мардум ва Ватан қарзи хешро адо созем. Нашавад, ки оянда фарзанди мо аз бесаводиву ҷоҳилӣ доғи дили волидайн ва нанги Ватану ҳаммиллатон гардад.
Муслиҳиддин Хоҷамирзода,
Корманди Кумита,
номзади илмҳои филологӣ
Нет описания фото.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top