Экстремизм ва терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди онҳо қарзи ҳар як инсони соҳибақлу соҳибандеша мебошад. Зеро ин зуҳуроти ғайриинсонӣ дар умум ба оромию амнияти сайёра ва пойдориву бақои давлатҳо таҳдид карда, осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезананд, ки дар натиҷа ҳаёти кулли аъзои ҷомеаи башарӣ зери хатар мемонад.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун яке аз кишварҳои фаъол дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардидааст ва бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавию байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ мардуми сайёраро ба решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб даъват намуда, таъкид доштаанд, ки террорист Ватан, миллат ва дин надорад.
Аммо бояд дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм аҳли ҷомеа ҳамдаст ва иттифоқ бошанд. Имрўз ваќти он расидааст, ки дар роњи пешгирї намудани хурофотпарастї, зиёдаравии динї ки теша ба рушди љомеа мезанад ва њамчунин бегонапарастиву таќлид ба фарњанги бегона, ки дар замони љањонишавї хатари љиддї ба фарњанги миллисту ба суботи љомеа халал мерасонад, терроризм ва экстремизм, ки обрўи кишварро дар миќёси љањон резонида, љомеаро ноором ва боиси њалокати одамони бегуноњ мегардад, њељ кас бояд бетараф набошад, чунки мубориза бо ин падидањои номатлуб кори дастљамъист.
Ба назари мо, яке аз роҳҳои самарбахши мубориза бо терроризму ифротгароӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати диниву ҳуқуқии шаҳрвандон аст.
Аз ин рӯ, бояд ходимони дин ва имомони масљидњо низ дар баробари муаллимону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, зиёиёну дигар қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҳатто бештар аз онҳо, масъулият эҳсос намоянд ва барои роҳ наёфтани афкори харобиовари террористиву экстремистӣ ба зеҳни аҳли ҷомеа талош варзанд. Дар мавъизањои худ дар баробари зикри масъалањои динї љавононро ба илмомўзї (хусусан илмњои даќиќ) ва њунаромўзї ташвиќ намоянд. Њамчунин дар бораи хатарњои шомилшавии онњо ба гурўњњои ифротї, оќибатњои фољиабори амалњои террористї ва њоказо суњбат кунанд. Ба мардум, махсусан насли наврас, фаҳмонанд, ки барои ин гуна амалњо аз нигоњи дину шариат чї муљозотҳо муайян гаштааст. Ёдрас намоянд, ки ислом қотеан “террор” ва “террорист”-ро маҳкум мекунад, ислом динест, ки маърифат ва маънавиётро ташаккул ва рушд медиҳад. Ба волидайн таъкид намоянд, ки фарзандонро бо насиҳатҳои Рӯдакиву, Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Шайх Камолу Мавлоно Ҷомӣ тарбия намоянд.
Барои чӣ ходимони дин назар ба дигарон масъулияти бештар доранд? Зеро онҳо аз асли дини мубини ислом бохабаранд. Онҳо хуб медонанд, ки душманони ислом бо номи дин ақидаҳои террористиро тарғиб менамоянд ва терроризм ҳеҷ рабте ба ислом надорад. Онҳо медонанд, ки як нафари гумроҳро ба ҷодаи дуруст раҳнамоӣ кардан чӣ аҷру подоше дорад. Онҳо медонанд, ки вазифаи аслии онҳо нишон додани роҳи дуруст ба ҷомеа аст.
Мутаасифона, дар ҳама қишрҳои ҷомеа баъзе ашхосе ҳастанд, ки дар масъалаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ мавқеи бетарафиро мегиранд, худро дар ин бахш масъул намедонанд.
Дар ҳоле ки эњсоси масъулият дар баробари сарнавишти давлату миллат, огоњсозии мардум аз хатарњои мављуда ва сањмгузории љиддї дар мубориза бо таҳдидҳои харобиовари терроризму экстремизм рисолаи миллии ҳамаи мо мебошад.
Бетарафї дар ин масъалањо ба зиёни тамоми ќишрњои љомеа, аз љумла худи ходимони илму фарњагу дин мебошад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид намудаанд: «… нисбат ба ин масъала бетарафї ё муросокорї кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барњам занем».
Пас, бояд ҳар яки мо, махсусан ходимони дин, барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб, амнияту осоиштагии аҳолии кишвар ва фардои босаодати фарзандони худ аз имрӯз ҷиддан талош намоем. Имрӯз кӯшиш кунем, ки ақидаҳои харобиовару бебунёди террористиву экстремистӣ дар кишвари мо маҳв шавад.
Раҷабалӣ Чиллахонзода,
сармутахассиси раёсати таҳлил ва
ташхиси диншиносии Кумита