ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАЪМИНИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Таҳлилу баррасии таърихи миллатҳои гуногуни олам баёнгари он аст, ки бахши умдае аз онро масъалаи истиқлоли давлатӣ ва ба даст овардани он дар бар мегирад. Саргузашти миллати тоҷик низ монанди дигар миллатҳо саҳифаҳои сиёҳу сафеди зиёдеро вобаста ба масъалаи истиқлоли давлатӣ ва ба даст овардани сарриштаи сарнавишти худ, ба вижа дар ҳазорсолаи охир, сабт кардааст.
Табиист, ки инсон беш аз ҳар чизе озодию истиқлолро дӯст медорад ва шахсияти воқеӣ низ дар муҳити озод ва эҳтироми ҳуқуқҳои он ташаккул меёбад. Вале озодии шахс бидуни истиқлоли давлатӣ комил буда наметавонад. Вақте миллат, халқ ё гурӯҳи иҷтимоие зери таъсири гурӯҳҳои дигар ё давлатҳои ғайр қарор мегирад, ҳуқуқҳои инсонӣ поймол шуда, умед ба зиндагии осоиштаро аз инсонҳо мебарад. Бинобар ин, истиқлол ин имконияти аз тарафи ҳар халқу давлат муайян кардани сарнавишти худ мебошад. Миллатҳову давлатҳо муддатҳои тулонӣ ва асрҳо барои соҳибистиқлол шудан мубориза бурда, баъзеҳо ба он мушарраф шуда бошанд ҳам, баъзеашон ҳанӯз дар ҳолати мубориза барои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ қарор доранд.
Истиқлол бузургтарин неъмат, пурбаҳотарин сарват, олитарин дараҷаи бахту саодат аст, ки бисёре аз инсонҳо ва ҳатто наслҳо барои ба даст овардани он саъйу талош варзида, ҷонбозиҳо менамоянд ва гоҳе орзу ба хок мебаранд. Барои мо – тоҷикон, истиқлол ормони ҳамешагӣ ва натиҷаи муборизаи ҳазорсолаи тулонӣ ба шумор рафта, мо бояд имрӯз шукри беандоза бигӯем, ки ба орзуи бузургтарини миллӣ расида, соҳиби истиқлоли давлатӣ гаштаем!
Бетардид, мустаҳкамии пояҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе симои барҷастаи фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаи ин абармард буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар чоряк асри соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад ва миллати тоҷик аз гирдоби ҷанги таҳмилӣ ба соҳили наҷот расида, аз як миллати ҷангзада ба миллати сулҳофару ташаббускори бузургтарин тарҳҳои байналмилалӣ табдил ёбад.
Ҳамин аст, ки донистану қадр кардан, омӯхтану муаррифӣ намудан ва пос доштану ҳифз кардани дастовардҳои бунёдии даврони соҳибистиқлолии кишвар, арҷу бузургдошти Ватану ҳимояи марзу буми он ва, пеш аз ҳама, арҷгузориву қадрдонии хидматҳои Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи истиқлол ва таҳқими пояҳои он бояд вазифаву масъулияти ҷонии ҳар як шаҳрванд ва сокини бонангу номуси кишвар бошад. Зеро бешак тақдир ва сарнавишти ҳар давлату миллат бастагӣ ба роҳбарону сарварони онҳо дорад. Яъне роҳбар, сарвар ва пешво метавонад дар масири таърих сарнавишти давлат, миллат ва халқияти худро муайяну мушаххас намояд, мавқеу ҷойгоҳи онро дар ҷаҳони пуртазод мустаҳкаму пойдор созад ва таъриху тамаддун, арзишҳои моддиву маънавии фарҳанги халқу миллаташро дар умқи сафаҳоти китоби даҳр ҳаккокӣ кунад, то аз туфону ҳаводиси пурфоҷеаи даврон дар амон монда, ҷовидона гарданд.
Воқеан, «туфони хезонидаи бадхоҳони миллати тоҷик» миллатро ба парокандагӣ оварда, тамоми сохторҳои давлатиро фалаҷ гардонид, ки дар натиҷа бори сангини ин «туфон»-ро миллати тоҷик бо баҳои ҷон пардохт карда, ҷанги нангини бародаркушро таҷриба намуд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо (то 01.01.1995) дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бародаркуш аз тарси ҷон беш аз 500 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ бо аҳли оилаи худ ба муҳоҷирони иҷборӣ табдил ёфтанд. Хисороти умумии аз ин ҷанг баборомада беш аз 10 млрд. доллари амрикоиро дар бар мегирад. Беш аз 150 ҳазор сокини Тоҷикистон, ки қисми асосиашонро ҷавонон ташкил мекарданд, қурбони гирудорҳои бемаънӣ ва талошҳои мансабхоҳиву ҳокимиятталабӣ гардида, ҳудуди 55 ҳазор кӯдак ятиму бепарастор ва 25 ҳазор зан бешавҳар монд. Инчунин, дар баробари талафоти зиёди ҷонӣ бисёр хонаву мактаб, пулҳо вайрон карда шуданд. Қисми зиёди намудҳои техника, чорвои ҷамъиятӣ ғорат карда шуда, 1393 деҳа хароб гардид ва 21 483 га замини корам аз кор баромад. Ҳамаи ин талафот иқтисоди ҷумҳуриро ба чандин солҳо қафо партофта, сатҳи зиндагии мардумро хеле заиф гардонид.
Вале бо ин ҳама сахтиҳо миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои дурандеши хеш тавонист тамоми мушкилоту бадбахтиҳоро паси сар кунад ва дар тамоми сохторҳои давлатӣ, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардад. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ ба муносибати ҷашни Истиқлол таъкид намуда буданд: «Маҳз истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он ду давраи асосиро дар бар мегирад:
• аз рӯзи ба даст овардани истиқлол то соли 2000-ум;
• аз соли 2000-ум то имрӯз.
Давраи якуми истиқлоли давлатӣ ин давраи мушкилот ва муборизаҳои сиёсӣ, паст рафтани иқтисодиёт, фарҳанг ва сатҳи иҷтимоии ҷомеа буда, тамоми саъю талош пайи истиқрори сулҳ ва сарҷамъ намудани миллати парешонгашта ва нигоҳдошти давлат аз парокандагӣ равона шуда буд.
Давраи дуюми истиқлоли давлатӣ ин давраи осоишта ва дарёфти дастовардҳои назаррас дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, давраи рушди демократия ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давраи амалисозии лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маориф, тандурустиву ободонии кишвари азизамон ва дар маҷмуъ давраи рушди устувор маҳсуб мешавад. Пешвои миллат дар мавриди мазкур таъкид намудаанд, ки мо тавонистем «танҳо аз соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гардем».
Дар тули 33 соли истиқлоли дар кишвари мо дар радифи дигар ниҳодҳо институти ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд карда, дар сатҳи Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардиданд. Махсусан, давлат ба масъалаи таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин таваҷҷуҳӣ лозима зоҳир менамояд. Маҳзбо касби истиқлоли давлатӣ муносибат ба дину диндорӣ дар кишвар комилан тағйир ёфт ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба мероси ғании гузаштаи худ ва анъанаҳои динӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуда, ба он ҳамчун ҷузъе аз фарҳанги миллии гузаштаи худ эътибори хос доданд. Ба ин нукта Пешвои муаззами миллат борҳо ишора карда, мефармоянд: «Исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост».
Истиқлоли давлатӣ шароити муносибро дар тамоми заминаҳо, ба вижа озодии виҷдон, фароҳам овардааст, то шаҳрвандон озодона фаризаҳои диниро дар камоли ҳамдигарфаҳмӣ анҷом диҳанд, адабиёти динӣ-мазҳабиро бемамониат дастрас намоянд ва улуми динӣ-мазҳабиро дар сатҳи донишгоҳӣ таълим гиранд. Инчунин, Пешвои маҳбуби миллат дар арсаи байналмилалӣ низ суиистифода накардани арзишҳои диниро матраҳ намуда, муносибат надоштани ислом бо терроризмро ба таври хеле илмиву таҳлилӣ баён кардаанд.
Дар маҷмуъ, метавон қайд кард, ки аз юмну баракати истиқлоли давлатӣ ва бо таваҷҷуҳ ба дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои муаззами миллат имрӯз шароити мусоид баҳри таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ва муносибати таҳаммулгароёна миёни пайравони динҳои гуногун фароҳам шудааст ва вазифаи ҷонии ҳар як фарди худогоҳу бедордил пеш аз ҳама аз ҳифзи ҳамин дастовари муҳим иборат мебошад.
Маъруф Шонасурдинов,
сармутахассиси раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита
Нет описания фото.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top