Суханрониии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9-уми марти соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон баргузор гашт, паёмест, ки моро ба сӯи рӯшноӣ ва саодату сарбаландӣ раҳнамун месозад.
Агар дар умум бигӯем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масъалаҳои басо муҳим, аз ҷумла раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдорӣ, тарбияи эҳсоси баланди ватандорӣ дар насли наврас, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, решакан кардани ифротгароии динӣ, хурофотпарастӣ ва пешгирӣ аз пайвастани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ равона намуданд.
Аммо масъалаҳои марбут ба пешгирӣ аз хурофотпарастиву ифротгароӣ ва терроризм, ки имрӯз ба вабои аср тадил ёфтаву ба оромишу субот ва бақои аксар кишварҳои ҷаҳон таҳдид менамоянд, аз меҳварҳои асосии суханронии Пешвои миллат буданд, ки ба онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.
Зеро дар замоне, ки “инсоният солҳои ниҳоят ҳассосу хатарнокро гузаронида истодааст”, мутаассифона Тоҷикистони азизи мо низ, бо вуҷуди аз назари озодии дину виҷдон, сулҳу субот, амният ва рушди иҷтимоӣ аз кишварҳои пешрафта эътироф гаштан, ба хатару таҳдидҳое чун терроризм, ифротгароиву хурофотзадагӣ ва ҷудоиандозиву ихтилофҳои динӣ рӯбарӯ гаштааст.
Воқеан, имрӯз мо дар даврони бархӯрду зиддиятҳои шадиди низомӣ, хушксоливу камобӣ, таназзули иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ, дар вазъи ниҳоят мураккаб зиндагӣ мекунем.
Айни замон дар қариб ҳаштод мамлакати олам нооромиву ихтилоф ва низоъ ҳукмрон буда, дар беш аз бист кишвар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷараён доранд. Дар минтақаи мо ҳам баъди дар Афғонистон фаъол гаштани гурӯҳҳои тундрави динӣ вазъияти хатарнок ба вуҷуд омадааст.
Бо дарки комили вазъи кунунии ҷаҳони муосир Сарвари давлат барҳақ аз аҳли ҷомеаи кишвар даъват намуданд, ки:
“… вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем”.
Бешак, дар ин даврон ягона роҳи эмин мондан аз хатарҳо ва ҳифз намудани дастовардҳои даврони истиқлол роҳест, ки Пешвои муаззами миллат нишон додаанд – муборизаи сарҷамъона бо ифротгароиву терроризм ва таъмини волоияти қонун.
Дар мавриди заминаҳои пайдоиш ва тарвиҷи терроризм ва ифротгароии динӣ назарҳои мухталиф вуҷуд доранд, аммо гузашти замон собит намуда истодааст, ки нигоҳи бунёдии Пешвои муаззами тоҷикон ба ин зуҳуроти номатлуб дақиқтару саҳеҳтар аст:
“…хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпароваронаи дини ислом робитае надоранд. Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусалмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд. Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки маркази як қатор ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷойгир аст”.
Таҷрибаи чандинсолаи муборизаи Тоҷикистон бо зуҳуроти номалбути терроризму ифротгароӣ низ дурустии ин суханони Сарвари давлатро собит намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷавононе, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ пайвастаанд, дар хориҷ аз кишвар ва ё дар дохил аз онҳое, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд, таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд. Ҳамчунин бар асари ташвиқоти густардаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ афзуда, боиси нигаронӣ гардидааст. Аз ҳама рӯшантар, мардуми тоҷик хуб огоҳанд, ки ташкилоти террористиву экстремистии мамнуи “ҳизби наҳзат” барои ноором сохтани Тоҷикистон, бунёди “давлати исломӣ” ва ба сари мо бор кардани фарҳанги бегона чӣ гуна фаъолият мебурд ва бозигарони геополитикӣ аз он ҳамчун як абзор чӣ тавр истифода мебурданд.
Яъне, бе ҳеҷ тардид метавон гуфт, ки ақидаҳои ифротиву террористӣ ба сари мардуми мо, махсусан ҷавонону наврасон ғояҳои таҳмилӣ ҳастанд, ки бозигарони сиёсӣ ба воситаи паҳнсозии онҳо ба ҳадафҳои нопоки худ расидан мехоҳанд. Ба доми ин дасисабозон, ки бо истифода аз дин мардумро ба ҷаҳолат мебаранд, киҳо меафтанд, албатта, маълум. Онҳое, ки на ҳиссу ғурури миллӣ доранд ва на дониши кофӣ.
Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2011 бо қарори Ҳукумат тартиби гирифтани таълимоти динӣ дар хориҷ аз кишварро танзим карда буд. Бо вуҷуди ин, чӣ тавре ки аз суханронии Сарвари давлат бармеояд, 4 ҳазору 150 нафар шаҳрванд бар хилофи тартиби муқарраршуда ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, ба муассисаҳои таълими динӣ ба таври ғайрирасмӣ дохил гаштаанд ва беш аз 150 нафари онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ пайвастаанд. Ҳамчунин танҳо дар соли 2023 сесад ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ дар дохили кишвар ошкор шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшӯии насли наврас дарак медиҳад.
Инчунин дар мамлакати мо қонунҳои “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм қабул шудаву амал мекунанд.
Бояд бидонем, Тоҷикистон аз камшумор кишварҳоест, ки дар муобриза бо бар зидди терроризм, ифротгароии динӣ, хурофотпарастӣ як рӯ дорад ва ҳамеша ин зуҳуротро маҳкум мекунад. Пешвои миллати тоҷикон аз баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ борҳо таъкид доштаанд, ки “терроризму ифротгароӣ ба дини мубини ислом ҳеҷ рабте надорад” ва “террорист дин, миллат ва Ватан надорад”. Воқеан, муборизае, ки дар Тоҷикистон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб бурда мешавад, дар дунё бояд намунаи ибрат бошад.
Дар ҳақиқат, Ҳукумати кишвар ва мақомоти марбута дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз оғози истиқлол то имрӯз кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Аммо мушкил ҷои дигар аст ва ба гумони ғолиб, ҳадафи мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин низ дар он аст, ки ба як нуктаи асосӣ таваҷҷуҳ шавад: Дар замони муосир, даврони авҷи танишҳову бозиҳои геополитикӣ ва бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо муборизаи танҳо ниҳодҳои дахлдор бо зуҳуроти номатлуби ифротгароиву терроризм кофӣ ва муассир буда наметавонад. Бояд тамоми ҷомеа сарҷамъ шавад, бояд ҳар як нафар мубориз бошад, нагузорад, ки дар хона, мактаб, маҳал, деҳа, шаҳр ва ноҳияи ӯ хурофоту ифротгароӣ шакл бигирад. Масъулияти ватандорӣ инро тақозо мекунад.
Шояд баъзеҳо ҳанӯз ҳам гумон кунанд, ки “мубориза бо терроризму ифротгароӣ” кори Ҳукумат асту мақомотҳои дахлдор, ба ман чӣ? Чаро ман бояд ба ин кор ҳамроҳ шавам?”
Суханронии Пешвои муаззами миллат, пеш аз ҳама, ба ҳамин гурӯҳи одамон нигаронида шудааст. Ба бетарафон.
“…нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем”.
Набояд фаромӯш кард, ки бетарафӣ бешарафист! Сарвари давлат таъкид дошатнд, ки маҳз бетавофутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд, ки солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистони азизи мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд ва агар бисёриҳо бетарафӣ намекарданд, дар Тоҷикистон ин ҷанги нанговар сар намезад.
Аммо имрӯз мо бояд жарфтар андешем. Дар оғози даврони истиқлол, вақте пайравони ташкилоти террористиву экстремистии “ҳизби наҳзат” дар кишвар ақидаҳои ифротияшонро паҳн намудаву мардумро ба ҷанг кашиданд, оё хонаи бетарафон ҳам насӯхт? Бетарафон ҷон набохтанд? Духтару занони бетарафон таҳқир нашуданд? Ҷони онҳо дар амон буд? Албатта, не. Оташ чу хест, хушку тар месӯзад. Имрӯз ҳам, Худое накарда, ифротгароёну террористони ҳувиятбохтаи тоҷик ба ҳадафҳои нопоки худ расанд, кӣ бадбахт мешавад? Албатта, тамоми мардум. Террористон ба дари хонаи ҳар кадоми мо меоянд.
Аз ин рӯ, дар ин даврони ҳассос мо як роҳи наҷот дорем – муборизаи сарҷамъона бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм ва сарҷамъ гаштан дар атрофи Пешвои муаззами миллат. Дигар роҳе нест. Мутаассифона, иддае аз мардуми мо ба ҷои он ки рӯ ба китобу маърифат оранд, рӯз ба рӯз бештар ба ҷониби хурофот мераванд. Мо бояд ба мардум фаҳмонем, ки дин чист? Террорист кист? Бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки тафаккур ва барномаҳои гурӯҳҳои ифротгароии насли нав дигар на танҳо ба суботу амнияти кишвар ё тартиботи ҷамъиятӣ, балки ба арзишҳои асосии миллӣ, фарҳангу ҳувияти миллӣ ва ба истиқлоли давлати мо таҳдид доранд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки дар роҳи пешгирӣ намудан аз хурофотпарастӣ, ифротгароии динӣ, ки теша ба рушди ҷомеа мезанад, бегонапарастиву тақлид ба фарҳанги бегона, ки дар замони ҷаҳонишавӣ хатари ҷиддӣ ба фарҳанги миллисту ба суботи ҷомеа халал мерасонад, амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои нангин, ки обрӯи кишварро дар миқёси ҷаҳон резонида, ҷомеаро ноором ва боиси ҳалокати одамони бегуноҳ мегардад, ҳеҷ кас бояд бетараф набошад.
Тамоми миллат барои муборизаи дастҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб бояд роҳҳо ва василаҳои муассиру саривақтӣ андешад. Аз ҷумла, ходимони дин дар ин самт бояд пешгому намунаи ибрат бошанд. Чунки рисолати аслии онҳо тарғиби исломи ноб ва тарбияи ахлоқии ҷомеа аст ва ислом ҳамеша зидди хурофоту ифротгароӣ ва терроризм будаву мебошад. Бояд ходимони дин дар мавъизаҳои худ дар баробари масъалаҳои динӣ ҷавононро ба илмомӯзиву аз худ кардани касбу ҳунар даъват намоянд, дар бораи ҳадафҳои гурӯҳҳои террористиву эсктремистӣ ва хатарҳои пайвастан ба ин гурӯҳҳо суҳбат кунанд. Ба мардум шарҳ диҳанд, ки сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад. Ташвиқ кунанд, ки асли ислом башардӯстист. Саъдии Шерозӣ беҳуда “Бани Одам аъзои якдигаранд” нагуфтааст. Ба ҷавонон таъкид намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо нагардида, фикри падару модар, фарзандон, обрӯи давлат ва миллатро кунанд, Ватани худро дӯст доранд.
Беҳуда нест, ки Пешвои миллат дар ин мулоқот махсус ба ходимони дин такъид намуданд:
“ Ходими масъулиятшиноси дин ва дӯстдори Ватану миллату давлат ҳеҷ гоҳ дар корҳои неки тарбияи ахлоқии ҷомеа, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бетарафӣ намекунад ва саҳми худро дар ободии Ватан ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар мегузорад. Шумо шояд аз дигарон беҳтар медонеду мефҳмед, ки ҳубби Ватан, яъне дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст”.
Ҳамин тавр, ҳар яки мо бояд ҳеҷ гоҳ ин нуктаро аз хотир набарорем, ки танҳо бо муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму ифротгароӣ метавонем истиқлол ва сулҳу суботи Ватани азизи худро ҳифз намуда, ба ин васила, зиндагии шоистаи худу фарзандонамонро таъмин намоем.
Салим Давлатзода,
Муовини Раиси Кумита