Сипоси бепоён мар офаридагори меҳрубонро ва дуруду салом мар Паёмбари Исломро. Шукри неъматҳои илоҳӣ, ки имрӯз ба шарофати Истиқлолияти миллӣ дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромӣ ҳукмфармост. Дар ҳақиқат Худованди таъоло инсонро аз гиромитарини махлуқи худ офаридааст, ҳамчуноне дар каломи мубораки худ фармудааст. “Мо Бани Одамро аз гиромитарини халқи худ офаридем”. Инсон дар давоми ҳаёти худ кӯшиш намояд, то некӯкору хушрафтор ва хушгуфтор бошад, зеро дар ҳадиси шарифи Паёмбари ислом омадааст: “Мусулмон ҳамон шахс мебошад, ки аз забону дасти ӯ касе озор набинад”. Аз хислатҳои неки инсонӣ ин сабру қаноат ва бахшиш мебошад, чаро ки инсони босабру ботаҳаммул бешак ба қуллаҳои баланди ҳаёт ноил мегардад. Албатта зиндагӣ пастӣ ва баландӣ, ҳастиву нестӣ дорад, бешак пайроҳаҳое дорад, гоҳо сарбаста. Аз ҳамин лиҳоз, инсон дар давоми ҳаёти худ сабур, соҳиби карам бошад ва то тавонад дар мавриди ҷаҳлу ғазаб кардан забонро аз калимоти қабеҳ ва тамоми ҷавореҳи худро аз кори бад нигоҳ дорад. Ниёгони мо фармудаанд.
Имрӯзҳо мо хушбахтона аз меваҳои Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ бархӯрдор ҳастем. Пешравиҳои иқтисодӣ, кӯчаҳои обод, мактабҳои замонавӣ, бозорҳо сериву пурӣ, иморату хонаҳои баландошёна, гулу гулгаштҳо, аз ҳама муҳиммаш тинҷиву оромиву осоиштагӣ мебошад. Бо вуҷуди ин қадар фаровонӣ ва амонӣ боз баъзе нафарон ҳастанд, ношукру бетааммул ва беҳаё. Ин қадар неъматҳоро нодида мегиранд, на эҳтироми волидайн, на арҷгузорӣ аз Ватан мекунанд, он Ватане, ки онҳоро хӯронид, ва пӯшонид, аз обу ҳавои мусаффои он ба воя расиданд, имрӯз бошад, аз хориҷ истода, мехоҳанд дар чунин Ватани обод тухми кина коранд ва фарзандону ҷавононро фирефта намоянд. Аммо ҷавонони мо имрӯз худ огаҳанд, ки ин муғризон киҳо ҳастанд, чӣ мехоҳанд ва мақсади нопоки онҳо чист. Нимаи моҳи октябр дар шаҳри Қоҳираи Мисри араб Конференсияи Шӯрои уламои ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он Ҳизби наҳзатро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистии хусусияти байналмилалидошта эълон карданд. Дини мубини ислом дини раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, сулҳу ислоҳкорӣ, якдигарфаҳмиву бародарӣ мебошад. Аз ҳамин хотир, мо имрӯз бояд муттаҳид бошем ва шукргузор. Қадршиноси неъматҳои илоҳӣ бошем ва ахлоқи ҳамидаро касб намуда, барои хидмати волидайн ва Ватани азиз ҳамеша омода бошем ва дар атрофи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвари азизамон бахшидаанд, муттаҳид бошем. Худованди меҳрубон халқу миллати моро аз ҳама бало ва офатҳо нигаҳдор бошад.
Муҳаммадҷон Усмонов,
сархатиби масҷиди марказии шаҳри Гулистон ба номи
Имом Бухорӣ