«Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем».
Эмомалӣ Раҳмон
Расму оин, анъанаву маросим ҳамчун инъикосгари тамаддуну мероси фарҳангӣ барои ташаккули худшиносии миллӣ, муаррифии арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи башарӣ мусоидат мекунад.
Ниёкони мо аз азал аз расму оинҳое пайравӣ мекарданд, ки фазилату фалсафаи созанда ва ҷанбаҳои ахлоқию маънавӣ доштанд. Меҳвари асосии ин анъанаҳоро арзишҳои волои инсонӣ, эҳтирому одоб, раҳму шафқат, адлу инсоф, сарфакорию меҳнатдӯстӣ, хайру саховатмандӣ ташкил дода, зиёдаравию исроф ва худнамоиро ҳамеша маҳкум мекарданд. Дар мероси адабии пурғановати миллати мо низ ҳадшиносию сарфаю сарриштакорӣ ҳамеша таъкид гардида, исрофкорӣ, нарасидан ба қадри неъматҳои моддию маънавӣ, талафи беҳудаи вақту замон ҳамеша мавриди накӯҳиш ва мазаммат қарор дошт. Чунончи Амир Хусрави Деҳлавӣ бамаврид фармудааст:
Ба сарфа сарф кун нақде, ки дорӣ,
Ки имсокат беҳ аз исрофкорӣ.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи арзишҳои суннатии миллӣ таҳия гардида, барои ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоию маънавӣ ва дар маҷмуъ ба хотири беҳбудии зиндагонии мардум равона карда шудааст. Мурури замон собит намуд, ки қабули ин қонун ҳамчун санади танзимкунандаи расму анъанаҳои мардумӣ бамавриду саривақтӣ буда, давлатҳои дигар низ таҷрибаи қабул ва татбиқи онро зарур медонанд.
Имрӯзҳо баргузории ҷашнҳои расмӣ, зодрӯз, хатнасӯр, тӯйи домодию арӯсӣ, маросимҳои дафну азодорӣ ва тадоруки ҳаҷ дар асоси талаботи қонуни мазкур ба танзим дароварда шудааст.
Анъана ва маросиме, ки ба арзишҳои умумибашарӣ, суннатҳои миллӣ ва аркони шариат ягон пайвастагӣ надошта, дорои ҷанбаҳои хурофотӣ мебошанд, тадриҷан аз байн рафта истодаанд. Мардум бо дарки масъулият аз маъракаҳои пурдабдаба ва хароҷоти беҳуда даст кашида, барои таъмини ояндаи дурахшони фарзандон, рафъи мушкилоти зиндагӣ ва устувории оилаҳои ҷавон риояи талаботҳои ин қонунро мувофиқи мақсад меҳисобанд. Воқеан, қабули ин қонун қадами устувор ва асосноки давлат дар шоҳроҳи расидан ба ҳадафи олии кишвар – эъмори ҷомеаи комилан саодатманд мебошад.
Дар татбиқи ҳадафҳои ин қонун ҳамчун ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши занон низ хеле бориз аст. Зеро низому сомони рӯзгор, муҳиту фазои хона, солимию баракати зиндагӣ дар дасти зан аст. Зан-модар аст, ки барои тарбияи дурусти насли наврас муваззаф буда, нигоҳдорандаю интиқолдиҳандаи арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад. Дар масири андӯхтани маърифати оиладорӣ, риояи таомулу суннатҳои аҷдодӣ Зан-Модар пешгом буда, фарҳанги сарфаҷӯйӣ ва пешгирӣ аз исрофкорию зиёдаравиро ба фарзандон меомӯзад. Агар зан дар рӯзгордорӣ сарфакор бошад, файзу барори хонавода низ барқарор аст. Боиси хушҳолист, ки имрӯз занон фоидаи ин Қонуни миллиро дар беҳбуди ҳаёти рӯзмарра ва буҷети оилавии худ ба ваҷҳи писандида эҳсос намуда, аз ҳаргуна маросими серхароҷот, ки баъзан худ ташабускори баргузории он мегаштанд, даст кашида истодаанд.
Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо менамояд, ки бо дарки масъулият дар шинохти асолати арзишҳои миллӣ бархӯрд намоем, ҷавҳари расму оин ва урфу одати деринаамонро ҳамчун ҳикмати аҷдодон беолиш нигоҳдорию ҳифз намуда, аз зуҳуроти номатлубу бепоя даст кашем ва суннатҳое боқӣ гузорем, ки риояю эҳтироми он барои наслҳои оянда сарборию миёншикан набошанд.
Иноят Саодат Исмат
сармутахассиси шуъбаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон