ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШИИ ЧОРРӮЗА БАРОИ ХОДИМОНИ ДИН ДАР МАВЗӮИ “ПЕШГИРИИ ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Аз 22 то 25 майи соли 2023 Ассотсиятсияи танзими оилаи Тоҷикистон (АТОТ) бо дастгирии лоиҳаи Ташаббуси “Нури рӯшноӣ” тренинги омӯзишии чоррӯза барои тайёр намудани тренерон аз ҳисоби ходимони дин дар мавзӯи “Пешгирии хушунати хонаводагӣ” дар ш. Душанбе баргузор намуд.
Ҳадаф аз баргузории тренинг ин ҷалби ходимони дин дар самти пешгирии хушунати хонаводагӣ, тарбияи тарзи ҳаёти солим ва кам кардани ҷудошавии оилаҳо буд.
Дар тренинги омӯзишӣ масъалаҳои зӯроварӣ, пешгирӣ ва рафъи омилҳои хушунати хонаводагӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Мавзӯъҳои тренинг аз нуқтаҳои зерин иборат буданд:
• Ҳуқуқи зан ва озодиҳои инсон;
• Шарҳи мафҳуми “гендер” ва “қолабҳои шахшуда/стереотипҳо”;
• Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030;
• Доираҳои таъсиррасон: муҳокимаронӣ доир ба таъсири хешовандон ва дӯстону наздикон ба ҳаёти оилавӣ;
• Роҳҳои баланд бардоштани малакаҳои омӯзгорӣ доир ба оила ва оиладорӣ, роҳ надодан ба хушунати хонаводагӣ, риояи қонуни танзим, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва асосҳои муошират;
• Ҳуқуқу масъулиятҳои зан ва шавҳар дар оиладорӣ аз нигоҳи ислом;
• Ҳамкории самаранок ва дарёфти имкониятҳо барои расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила ва роҳ надодан ба хушунати хонаводагӣ ва ғайраҳо.
Тақрибан 30 нафар имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони панҷвақтаи масҷидҳо дар тренинг омӯзиш ёфтанд.
Дар фарҷоми тренинг ҳамаи иштирокчиён бо сертификатҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ходимони дин аз ташкили чунин як тренинги омӯзишӣ изҳори сипос намуда, тавсия доданд, ки масъулин ва рӯҳониён бештар ба раванди баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, коҳиши ҷудошавии оилаҳо ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ҷалб карда шаванд.
   

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top