“Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.
(Муҳаммад Ғаззолӣ)
Масъулият худэҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.
Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд”. Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд бо сабаби беаҳамиятии онҳо содир намоянд.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 2-юми августи соли 2011 таҳти рақами №762, ки аз 6 бобу ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад.
Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ, балки аллакай ӯҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст ва амалишавии он гарави ба таври дахлдор тарбия намудани фарзанд мегардад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, “Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад”.
Падару модарон, ки сутуни оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Воқеан Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон дар ҷои аввал гузошта, таъкид намудаанд, ки “Фарзанд меваи умри одамизод мебошад, то замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд”. Фарзанди солеҳ ва бо маърифат давоми умри падару модар, давомдиҳандаи насл ва номбардори падару модар аст. Муҳити оила дар тарбияи фарзанд, албатта бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, хушбахтии аҳли ҷомеа, тараққиёти ояндаи ҷамъият, осудаҳоливу некуаҳволии мардум аз бисёр ҷиҳат ба ҳамкории зичи мактабу оила вобастагӣ дорад.
Мусаллам аст, ки рушду тараққиёти мамлакат бевосита ба сатҳи саводу маърифати насли наврас алоқаманд аст. Бинобар ин, агар ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон муносибати ҷиддию бомасъулият карда нашавад, мафкураи миллии мо гирифтори зоҳирпарастӣ гашта, дар доираи ному дастовардҳои бузургони гузаштаамон маҳдуд мемонад.
Тарбия раванди мақсадноку муташаккилест, ки инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро таъмин намуда, ӯро ба меҳнату фаъолияти ҷамъиятӣ омода месозад. Агар ба чашми таҳқиқ бубинем, хоҳем дид, ки инсонҳо танҳо тавассути тарбия ба дараҷаи баланди тамаддун расидаанд. Пӯшида нест, ки ҳар миллате, ки тарбияи насли наврасро дуруст ба роҳ мондааст, ба дараҷаи баланди тараққиёт расидааст.
Садуллоев Аҳмадҷон
мутахассиси пешбари шуъбаи
пажӯҳиши анъанаву маросим ва
диншиносии муқоисавии Маркази
исломшиносӣ дар назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон