ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

БУВАД ШАРТИ АБАД ҲАСТИИ ВАҲДАТ

Вожаи ваҳдат барои миллати мо вазну арзиши хос дорад. Ин вожа дар радифи истилоҳоти муқаддасе чун “Истиқлол” ва “Сулҳ” шукуҳу азамат ва хирадмандии миллати моро таҷаллӣ медиҳад. Пойдор намудани Ваҳдати миллӣ омили тавлиди дигарбораи миллат, эҳёи шуур ва ғояи ягонаи миллӣ ва амалишавии ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон гардид.
Дар ваҳдат зистан барои бани башар аз замони пайдоиш ва шаклгирии ҷомеа шарти муҳим ва ҳадафи ягона буду ҳаст. Ҳама дину мазҳабҳои башарӣ низ талқингари ғояи ҳамзистӣ дар ваҳдату сулҳ мебошанд. Ин аст, ки бузургон низ шарти аслии наҷоти оламу одамро дар ҳамгироӣ ва ваҳдат медонанд. Дар илми сиёсат низ ин фикр исбот шудааст, ки усули расидан ба аҳдофи бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ маҳз ваҳдати миллӣ ва муносибати ҳасана бо ҳамсоягон аст. Аммо ба назар чунин менамояд, ки сабақи таърих барои инсоният бетаъсир шудааст. Сиёсатҳои нодурусти ҳамсоякишварҳо дар қиболи ҳамдигар ки ба қавле бар манофеи миллияшон равона шудаанд, сабабгори ҷангу муноқиша миёни ҳам мегардад. Муноқишаҳои Фаластину Исроил, Покистону Ҳиндустон ва даргирии туркҳо бо курдҳо намунаҳои рушане аз ин зиддият ва бенизомии башар аст.
Гуфтори маъруфи таърихие нисбат ба тоҷикон пайваста аз забони олимону донишмандон садо медиҳад: “Тоҷикон дар тӯли таърих ба ҳеҷ давлате ҳуҷум накардаанд. Тоҷикон бо ягон миллат ба ҷанг барнахостаанд. Тоҷикон омили муноқиша бо ягон давалати ҳамсоя набудаанд”. Ин далели таърихӣ исботи он аст, ки тоҷик аз азал миллати ваҳдатпараст ва сулҳофар аст. Ҷанги дохилие, ки солҳои 90-уми қарни гузашта давлати моро домангир шуд, зарбаи гароне ба сари худи миллат буд. Ба сари кишвари хурде, ки акнун ба Истиқлоли давлатӣ расида буд ва иқтидори иқтисодӣ ҳам надошт ҷанги дохилие таҳмил гардид, ки оқибати фалокатбореро барои миллат овард.
Аммо бо азму иродаи шикастнопазири фарзанди оқилаш ин руъёҳо ба ҳақиқат бадал шуданд. Тоҷикон дубора рисолати таърихии худро, ки аз таъриху адабиёти ғанӣ маншаъ мегирад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданд. Дар амалисозии ин ҳама руйдодњо нақши роҳбари миллатпарасту сулҳпарасти мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст.
Марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ, гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав сурат гирифта буд. Дар ин гуфтушунид нахустин Эъломияи муштарак оид ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Баъдан ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул ва Машҳад мулоқот гузарониданд. Ҷустуҷӯйи роҳу усулҳои расидан ба сулҳу субот барои тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфт. Табиист, ки дар ин мулоқотҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд ва қонеъ кардани ҷонибҳо кори мушкил буд. Билохира 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, дар даври ҳаштуми музокирот “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” имзо шуд. Пас аз ин ҳодисаи таърихӣ Президенти мамлакат ба ҳамватанон муроҷиат намуда, таъкид карданд: “Бо назардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш кашиданд.
Миллатеро аз вартаи фано наҷот додан кори осон нест. Барои анҷоми ин амал нерӯи бузурги зеҳнӣ, ҷасорату матонат ва садоқату таҳаммулпазирӣ мебояд. Ин ҳама дар шахсияти кордон ва муборизе, чун Эмомалӣ Раҳмон ки ҳастии худро фидои ин Ватан ва пойдории сулҳу ваҳдат кардааст, таҷассум ёфтааст.

Идома дорад…

Сиёсатшинос,
Абдуллоҳи Қодирӣ

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top