ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

САД ПАНДИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ БАР ФАРЗАНДИ АРҶМАНД

Луқмони Ҳаким марди ҳакиму табиби овозадоре будааст дар сарзамини Шарқи наздик, ҳаргиз дурўғ намегуфт ва ба амонати касе хиёнат намекард. Ӯ марде амин будааст, ки чашм аз ҳаром фуру мебаст, аз адои ҳарфи носазо ва бемаврид парҳез мекард ва ҳеҷгоҳ домани худро ба гуноҳ наёлуда ва ҳамвора дар умури зиндагӣ шарти иффат ва ихлосро риоят мекард. Вақти фароғати худро ба сукут ва тафаккур дар умури ҷаҳон ва ва маърифати Ҳақ Таоло мегузаронад ва барои гузарондани умури зиндагӣ ба ҳарфи хайётӣ (чеварӣ) ва ё дуругарӣ машғул буд. (Баъзе гўянд Луқмон бандае буд ҳабашӣ, ки аз роҳи шубони маъишатӣ худро мегузаронд).
Луқмон аз хандаи бемаврид ва масхараи дигарон парҳез мекард ва ҳеҷгоҳ иродаи худро таслими хашм ва ҳавои нафс намекард. Аз комёбӣ дар дунё мағрур ва аз нокоми андўҳгин намешуд ва сабру шикебоии ӯ ба ҳадде буд, ки бо аз даст додани чанд фарзанд, аз сари забунӣ дидагони худро ба сиришки ғам наёлуд. Дар ислоҳи умури мардум ва ҳалли низоъ ва мурофиаи онҳо саъйи вофир дошт ва ҳаргиз ба ду касе, ки бо якдигар душманӣ ва мунозиа (даъво) ё мақотила доштанд, нагузошт, магар он ки дар миёни ишон ислоҳ кард.
Бештари вақти худро дар ҳамнишини бо фуқаҳо ва донишмандон ва подшоҳон мегузаронд ва масъулияти уҳими онҳоро гўшзад мекард ва онҳоро аз кибру ғурур барҳазар медошт ва худ низ аз аҳволи ишон ибрате мегирифт.
Ин аст сад панди ў ба фарзанди арҷманд:
1.Аввал он ки, эй ҷони падар, Худои азза ва ҷалларо1 бишнос.
2.Ҳар чи аз панд ва насиҳат гўйӣ, нахуст бар он кор кун.
3.Сухан ба андозаи хеш гӯй.
4.Қадри мардум бидон.
5.Ҳаққи ҳама касро бишнос.
6.Рози худро нигоҳ, дор.
7.Ёрро вақти сахтй биозмой.
8.Дўстро ба суду зиён имтиҳон кун.
9.Аз мардуми аблаҳу нодон бигрез.
10.Дўсти зираку доно гузин.
11.Дар кори хайр ҷидду ҷаҳд намой.
12.Бар занон эътимод макун.
13.Тадбир бо мардуми муслеҳ ва доно кун.
14.Суханат ба ҷиҳат гӯй.
15.Ҷавониро ниъмат дон.
16.Ба ҳангоми ҷавонй кори ду ҷаҳон рост кун.
17.Ёрону дўстонро азиз дор.
18.Бо дўсту душман абру кушода дор.
19.Модару падарро ғанимат дон.
20.Устодро беҳтарин падар шумор.
21.Харҷ ба андозаи дахл кун.
22.Дар ҳама кор миёнарав бош.
23.Чавонмардй пеша кун.
24.Хидмати меҳмон ба воҷибӣ адо кун.
25.Дар хонае, ки дароӣ, чашму забонро нигоҳ, дор.
26.Ҷомаву тан пок дор.
27.Ба ҷамоат ёр бош.
28.Фарзандро илму адаб биёмўз.
29.Ва агар мумкин бошад, тир андохтан ва саворӣ биёмўз.
30.Аз кафш ва мўза, ки пӯшӣ, ибтидо аз пойи рост бикун ва бадар овардан аз пойи чап бигир.
31.Бо ҳар кас кор ба андозаи ӯ бикун.
32.Ба шаб чун сухан гӯӣ, оҳиставу нарм гӯй ва ба рӯз чун гӯӣ, ба ҳар сӯ нигоҳ, кун.
33.Ба кам хурдану хуфтан ва гуфтан одат андоз.
34.Ҳар чи ба худ написандй, ба дигарон маписанд.
35.Корҳоро ба донишу тадбир кун.
36.Ноомўхта устодӣ макун.
37.Бо зану кўдак роз магўй.
38.Бар хайри касон дил манеҳ.
39.Аз бадаслон чашми вафо мадор.
40.Бе андеша дар кор машав.
41.Нокарда карда машмор.
42.Кори имрўзаро ба фардо маяфкан.
43.Бо бузургтар аз худ мизоҷ кун.
44.Бо мардуми бузург сухан дароз макун.
45.Ҳоҷатмандро навмед макун.
46.Авомунносро густох масоз.
47.Аз ҷанги гузашта ёд макун.
48.Хайри касонро ба хайри худ маёмез.
49.Моли худро ба дўсту душмани худ манамой.
50.Хешовандӣ аз хешовандон мабур.
51.Касонро, ки нек бошанд, бо ғайбат ёд макун.
52.Ба худ манигар.
53.Ҷамоат, ки истода бошанд, ту низ мувофакати ҳама бикун.
54.Ангуштон ба ҳам магузарон.
55.Дар пеши мардум хилоли дандон макун.
56.Оби даҳону бинӣ ба овози баланд маяндоз.
57.Дар фоза даст бар даҳан неҳ.
58.Ба руйи мардум коҳилӣ макаш.
59.Ангушт дар бинӣ макун.
60.Сухани ҳазломехта магўй.
61.Мардро пеши мардум хиҷил макун.
62.Ғаммозй ба чашму абру макун.
63.Сухани гуфта дигар бор махоҳ.
64.Аз сухане, ки ханда ояд, ҳазар кун.
65.Санои худ ва аҳли худ пеши кас макун.
66.Худро чун занон маёрой.
67.Ҳаргиз ба муроди фарзандон мабош.
68.Забон нигоҳдор.
69.Дар вақти сухан даст маҷунбон.
70.Ҳурмати ҳамагонро пос дор.
71.Ба бадомади касон ҳамдастон машав.
72.Мурдаро ба бадӣ ёд макун, ки суд надорад.
73.То тавонӣ, ҷангу хусумат насоз.
74.Қувватозмой мабош.
75.Озмудаи касро ҷуз ба салоҳ, гумон мабар.
76.Нони худро ба суфраи дигарон махўр.
77.Дар корҳо таъҷил макун.
78.Барои дунё худро дар ранҷ маяфган.
79.Ҳар ки худро бишносад, ӯро бишнос.
80.Дар ҳолати ғазаб сухан фаҳмида гӯй.
81.Ба остин оби бинӣ пок макун.
82.Ба вақти баромадани офтоб махусп.
83.Пеши мардум махўр.
84.Аз бузургон роҳ пеш марав.
85.Дар миёни сухани мардум маё пеш.
86.Сар ба зону манеҳ.
87.Чапу рост манигар, балки назар ба сўйи замин бидор.
88.Агар тавонй, бар сутури бараҳна савор машав.
89.Пеши меҳмон ба касе хашм макун.
90.Меҳмонро кор мафармой.
91.Бо девонаву маст сухан магўй.
92.Бо фориғону авбошон бар сари маҳалҳо манишин.
93.Баҳри суду зиён обрўйи худ марез.
94.Фузул ва мутакаббир мабош.
95.Хусумати мардум ба хеш магир.
96.Аз ҷангу фитна бар карон бош.
97.Бе корду ангуштарӣ ва дирам мабош.
98.Муроот кун, чандон ки худро хор насозӣ.
99.Фурутан бош.
100.Зиндагонӣ кун ба Худои таоло ба сидк, ба нафс ба қаҳр, бо халқ бо инсоф, ба бузургон ба хидмат, ба хурдон бо шафқат, ба дарвешон ба саховат, ба дўстону ёрон ба насиҳат, ба душманон ба ҳилм, ба ҷоҳилон ба хомушӣ, ба олимон ба тавозуъ, бо ин тариқ ба сар бару бар моли касе тамаъ макун ва чун пеш ояд, манъ макун, лекин чун беш ояд, ҷамъ макун ва гуфт: се ҳазор калима дар насиҳат навиштаам. Се калима аз он баргузидаам, ду аз он ёд дор ва якеро фаромуш гардон, яъне роҳи Ҳак ва маргро ёд дор ва некӣ кардӣ фаромўш кун ва некии касро фаромўш макун.
Таҳияи М.Шодиев

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top