ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҶОМЕА АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

Бидуни шак, ҷавонон дар зиндагӣ нақши муҳимро мебозанд. Худованди карим барои ҷавонон як нерўи ҷисмонӣ ва фикрие додааст, ки аз калонсолон хеле бартарӣ доранд. Агарчи калонсолон дар илму таҷриба аз онҳо пештаранд, вале ғолибан аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ирода қавӣ нестанд ва наметавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки ҷавонон ба он метавонанд даст зананд.
Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, хабар додаанд, ки яке аз он ҳафт тоифае, ки рўзи қиёмат, рўзе, ки ба ҷуз сояи раҳмати Худо ҳеҷ сояи дигаре вуҷуд надорад, онҳоро Худованд дар зери сояи худ мегирад, ҷавонест, ки дар ибодати Худо нашъунамо ёфтааст.
Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, бархе роҳнамоиҳои худро ба ҷавонон равона мекард. Ў ба Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, мегуфт:
«Эй ҷавон, ба дурустӣ ки ман туро як­чанд панде биомўзам: (ҳу­дуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ўро дар рў ба рўят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷўӣ аз Худо ёрӣ биҷў. Ва бидон, ки агар ҳамаи мардум ҷамъ ша­ванд, то туро ба чизе ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида на­метавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту на­виштааст; ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то ба ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд ма­гар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бар­дошта шуда­анд ва но­ма­ҳо хушк шудаанд». Ин ҳадисро имом Тирмизӣ ривоят кардааст.
Аз Умар ибни Абўсалама, тарбияткардаи Пайғамбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ривоят аст, ки гуфт: “Ман писари навҷавон ва дар зери тарбияти Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам будам, ҳангоми таъом хўрдан дастам дар атрофи коса давр мезад. (Боре) Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ман гуфт:
«Эй ҷавон! Номи Худоро зикр кун ва бо дасти рост бихўр ва аз пеши худат шуруъ кун». Муттафақун алайҳ.
Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба писарандараш Умар ибни Абўсалама, ки тифли хурдсол буд ва ҳамроҳи он ҳазрат, саллаллоҳу алайҳи ва саллам таом мехўрд ва ба ҳар ҷои табақ даст дароз мекард, дасти ўро дошта, ба вай гуфт: «Эй писар, наздиктар бинишин ва бисмиллоҳ бигў ва бо дасти ростат бихўр ва аз пеши худат бихўр» (Ривояти Тирмизӣ).
Ин ҳама роҳнамоиҳои Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба тарафи ин тифл танҳо барои он буд, ки дар дили ў ин одоби таомро ҷой диҳад ва ин далолат бар он мекунад, ки роҳнамоии кўдакону наврасон ба корҳои хуб масъулияти муҳими калонсолон аст.
Дини мубини Ислом барои тарбияи ҷавонон аҳамияти зиёде додааст, зеро онҳоянд мардони оянда, ки ҷои падарони худро дар ҷомеа ишғол мекунанд ва дар зиндагӣ масъулияти гаронро бар дўш хоҳанд гирифт. Ҳақ ба ҷониби Султонвалад писари Мавлонои Румист, ки фармудааст:
Тан зи ҷон зиндасту ҷон зинда зи дин,
Ҷон ба дин қоим бувад, некў бубин…
Сўи Ҳақ дин аст ҷонро раҳнамун,
Зиндатар гардад чу динаш шуд фузун…
Аз ҷумлаи аҳамият додани Ислом ба ҷавонон ва роҳнамоии онҳо ин аст:
Якум: интихоби ҳамсари солеҳ, зеро ҳамсар киштзори фарзанд аст ва фарзанд дар он парвариш меёбад. Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, моро тарғиб ва ташвиқ ба интихоби ҳамсари солеҳ мекунад. Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мефармоянд: «Аз пайи ҳамсари диндор бош, хушбахт мешавӣ» (ба ривояти Бухорӣ ва Муслим), зеро агар ҳамсар солеҳа бошад ва Худованд аз ў фарзанд ба бор орад, он зан фарзандонашро тарбияи дуруст менамояд ва онҳоро хуб парвариш мекунад ва ба онҳо ахлоқи некў меомўзонад, ки ин дар тарбияи ҷавонон хишти аввал аст.
Дуюм: аз ҷумлаи роҳнамоиҳои Ислом дар баробари тифл он аст, ки барои ў номи зеборо интихоб намоем, зеро ҳар номи зебо маънои худро дорад ва дар шахсияти тифл таъсир мерасонад. Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, аз падарон талаб мекарданд, то барои тифлони худ номи зебо интихоб намоянд ва аз номҳои бад ва номҳое, ки далолат ба маъноҳои нолоиқ мекунанд, худдорӣ намоянд.
Сеюм: Аз ҷумлаи эҳтимомоти Ислом ба ҷавонон он аст, ки чун ба синни булуғ расиданд ва ба истилоҳи имрўза худро шинохтанд, бояд волидайн ба роҳнамоии онҳо ва таълим додани илмҳои муосир бипардозанд. Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мефармоянд:
«Шумо фарзандони худро аз ҳафтсолагӣ ба намоз хондан фармон диҳед ва аз даҳсолагӣ барои намоз онҳоро адаб диҳед ва дар ҷойгаҳи хоб бистари онҳоро ҷудо намоед».
Ин далолат бар он мекунад, ки Ислом ба ҷавонон аҳамияти зиёд қоил аст ва ба онҳо ҳамеша бо назардошти синну солашон ва қудрату тавонашон муносибат мекунад.
ҳамчунин Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мефармояд:
«ҳар тифле бо фитрати Исломӣ ба дунё меояд, пас падару модараш ўро яҳудӣ мекунанд, ё насронӣ, ё маҷусӣ» (ривояти Муслим).
Аз ин ҳадиси шариф бармеояд, ки ҳар тифл бо фитрати исломӣ ба дунё меояд ва агар ин фитратро падару модари тифл хуб ҳифз намоянд, пайваста тарбияи дурусташ диҳанд, насиҳатҳояшонро дареғ надоранд, дасти ўро гирифта, ба омўзишу таълими Ислом кўмакаш кунанд ва аз одобу ахлоқи шариат барояш биёмўзонанд, дар чунин ҳолат ин тифл монанди дарахти поке мегардад, ки аслаш пок аст ва мевааш пок аст ва тарбияаш зебост.
Аммо агар падару модари ин тифл дар фикри амру наҳйи илоҳӣ набошанд ва ҳама намуд гуноҳҳои хурду бузургро анҷом диҳанд, чунин тифл падари худро сармашқ гирифта, аз ў пайравӣ мекунад, магар он касеро, ки Худованд зери сояи раҳмати худ қарор диҳад.
Чаҳорум: аз ҷумлаи далоили дигаре, ки исботи аз овони хурдӣ ба ҷавонон аҳамият додани Ислом он аст, ки Худованди мутаол фарзандро дастур медиҳад, чун волидайнаш ба пиронсолӣ расиданд, тамоми ранҷу машаққатҳои онҳоро дар роҳи таълиму тарбия ва парвариш ба ёд оварда, ба онҳо накўӣ намояд ва онҳоро озор надиҳад. Худованд мефармояд:
«…ва ба падару модар некўкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магў ва бар онҳо бонг мазан ва бо онҳо сухани некў бигў». Ва аз (ҷиҳати)меҳрубонӣ бозўи фурўтаниро барояшон паст кун ва бигў: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш кардаанд!» (Сураи Исро, оятҳои 23-24).
Аз ин ояти муборака ду ҳуҷҷат пайдо кардан мумкин аст. Яке ин ки, Худованд мефармояд: «чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш кардаанд». Пас маълум мешавад, ки волидайн тарбияи фарзанди худро неъмат ва эҳсон ҳисоб мекунад ва бояд дар ивази он ба волидайни худ накўкор бошад. Мақсад аз тарбия танҳо парвариши ҷисмонӣ нест, ки иборат аз таъмини таому либос бошад. Агар волидайн танҳо иктифо бар ин кунанд, пас ин кифоя нест. Муҳимтар аз ин тарбияи маънавист, ки он ҳифзи фитрати инсонӣ ва раҳнамоӣ ба корҳои накў аст. Ин аст тарбияи дурусте, ки осори он бар ин тифл то охири ҳаёташ боқӣ мемонад. Аммо агар волидайн танҳо ба парвариши ҷисмонӣ аҳамият диҳанд, он на танҳо фоида намерасонад, балки дар оянда чунин фарзанд табоҳ гашта, балое бар сари волидайн мешавад. Аммо агар волидайн ҳарду намуд парваришро ба фарзанди худ намояд, парвариши бадан, ки он хеле муҳим аст ва он бояд ба андозаи маъқул бошад ва ба исрофкорӣ роҳ надода бошад. ҳамчунин тарбияи маънавӣ, пас дар ин сурат фарзанд дар оянда ба қадри он ҳама неъматҳои онҳо мерасад ва ҳамеша дар ҳаққи онҳо хидмат намуда, барояшон дуо мекунад. ҳамчунон ки Худованд мефармояд: «Парвардигоро, ба онҳо раҳм кун, ҳамчунон ки маро дар хурдсолӣ тарбия намуданд».
ҷавонони имрўза гирифтори мушкилоти зиёде мебошанд, ки аз ҷумлаи ин мушкилот фирефта шудан ба равияҳои гуногун аст. Агар ҷавононро ба ҳоли худ гузорему онҳо ба ин равияҳо гароянд, бидуни шак, ҳам ахлоқи онҳо вайрон мешавад, ҳам рафторашон ва ҳам ақидаашон ва ин намуд равияҳо имрўз хеле зиёд ва аз сарчашмаҳои гуногун об мехўранд. Равияҳое, ки онро васоити ахбори омма ривоҷ медиҳанд, дар зоҳир агарчи хуб намоянд ҳам, вале дар асл чун заҳри қотиле мебошанд, ки ҷавонони мо бе ин ки аз ҳақиқати он огоҳӣ дошта бошанд, ба он мепайванданд. Агар мо сари роҳи ин намуд равияҳоро нагирем, бегумон ҷавонони мо ба доми онҳо меафтанд ва оқибати кишвар ва ҷомеа зери хатар мемонад.
Рафтору кирдори аксари ҷавонони имрўза дигаргун шудааст ва онҳо дар ин самт дар либосу шууру ҳаракатҳои худ гоҳ аз Шарқ пайравӣ мекунанд, гоҳ ба ғарб ва ин ҳамаро аз тариқи филмҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона, фаҳшу зўроварӣ гирифтаанд, ки мақсади бадхоҳон низ ба ин васила табоҳ кардани насли ҷавон мебошад.
Даҳшатноктар аз ҳама он аст, ки ин тағйирот дар ақидаи ҷавонони мо низ таъсир гузоштааст. Аз ин рў, баъзе ҷавонони мусалмон пойбанди афкори ғайр, ки эътиқоди ҷавононро вайрон мекунад, шудаанд. Акнун ки ҷавонони содаи моро метавонанд ба ин содагию осонӣ ба доми худ бияфкананд, ҷавононеро, ки дар бораи дини худ маълумоти кофие надоранд, ҳолашон чӣ гуна мешаванд. Агар давлату ҷомеа сари роҳи онҳоро дар масири гаравидан ба ин ё он равияву мазоҳиби ифротӣ нагирад, дар оянда аз ин ҷавонон душманони дину миллатро пайдо мешаванд.
Аз ин ҷост, ки Ислом барои таълиму тарбияи насли ҷавон аҳамияти зиёд медиҳад, то волидайн дар дили фарзандони худ рўҳияи имониро ҷой диҳанд, ки дар оянда онҳо натанҳо фирефтаи равияҳои гуногун нашаванд, балки барои ҳифзи кишвару дини худ як қалъаи пурқуввате бошанд.
Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top