Тафсир: Ояти мазкур ду навъ адо намудани садақотро таълим додааст. Агар дар ҳар ду сурат садақот дода шавад, фоидаи хоссе вуҷуд дорад. Масалан, садри оят фармудааст, ки агар шумо садақоту хайроти худро ошкор адо кунед, бисёр кори хубу шоиста аст, ҳеҷ эроду ишколе надорад. Яъне, агар садақоти воҷиба мисли закот, назр, ушр, садақаи фитр ва ғайра бошад, барои аз худ дур сохтани туҳмат, то ин ки ташвиқу таълими дигарон шавад, бисёр хуб аст, ки ошкоро диҳад. Агар садақот мустаҳаббӣ бошад, пинҳонӣ ба фуқаро дода шавад, аз ошкоро додан, ин беҳтару афзал аст. Зеро дар пинҳон додани садақот фоидаҳои бисёр аст.
Агар садақотро махфиёна адо кунед, аз риё дур аст. Махсусан, агар кумаки маҳрумон бошад. Ё агар барои шахсони обрӯманд, махфиёна адо шавад, обрӯи онҳо беҳтар ҳифз мешавад. Давоми оят фармудааст, ки агар шумо садақоти худро бо ин ду навъ бо ихлос адо кунед, қисмате аз гуноҳони шумо омурзида мешавад. Донистани мардум ё надонистани онҳо аҳамияте надорад. Зеро Худованд аз нияти садақотдиҳанда ба чӣ навъе, ки бошад, хоҳ ошкоро, хоҳ махфӣ, хабардор аст. Он чи муҳим аст, он илми Худост, зеро Ӯст, ки аз ниҳону ошкоро бохабар аст.
Дар ҳадиси шариф аз Язид ибни Ҳорун ва дар охир аз Анас ибни Молик (р) аз Паёмбари Худо (с) чунин ривоят кардаанд, ки гуфтаанд: “Вақте ки Худои таоло Заминро халқ намуд, Замин меҷунбид, вақто ки кӯҳҳоро болои ӯ халқ намуд, ӯ қарор ёфт. Аз ин амали Худованд фариштагонро тааҷҷуб омад, гуфтанд:” Ай Парвардигори мо, оё дар махлуқоти худ аз кӯҳ дида, махлуқе сахттар ҳаст? Гуфт: “Оре! Оҳан.” Гуфтанд: Ай Парвардигори мо, аз оҳан дида махлуқи сахттаре ҳаст? Парвардигор гуфт: “Оре! Оташ.” Фариштагон гуфтанд: Аз оташ дида махлуқе сахттар ҳаст? Парвардигор гуфт: “Оре! Об!” Фариштагон гуфтанд: Ай Парвардигори мо, оё махлуқе сахттар аз об ҳаст? Парвардигор гуфт: “Оре! Шамол!” Фариштагон гуфтанд: Ай Парвардигор, аз шамол дида махлуқи сахттаре ҳаст? Парвардигор гуфт: “Оре, садақаи писари Одам, ки бо дасти рости худ медиҳаду аз дасти чапаш махфӣ нигоҳ медорад”.
Дар ҳадиси дигаре омада, ки пинҳонӣ садақа додан ғазаби Парвардигорро паст менишонад. Тибқи мазмуни ҳадиси дигар пинҳон додани садақоти нафлӣ нисбат ба ошкор додани он 70 маротиба савоби зиёд дорад. Аммо ошкор додани садақоти фарзӣ, нисбат ба пинҳон додани он, 25 баробар савоби зиёд дорад.
Тафсири осонбаён,
таҳияи Абдурашид Қайюмзод